Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон ба ёди кушташудаҳо мотам гирифтанд


Махачқалъа, рӯзи 25-уми июн
Махачқалъа, рӯзи 25-уми июн

Дар Ҷумҳурии Доғистон, ки рӯзи якшанбе дар ҳамлаи мудҳиши мусаллаҳон ба ибодатгоҳҳои насрониёну яҳудиён ва идораи полис 20 кас кушта шуд, имрӯз рӯзи дуюми мотами умуми аст.

Дар ин ҳамлаҳо 46 кас маҷрӯҳ шудааст.

Таҳқиқи ҳодиса аз рӯи моддаи “амали террористӣ” давом дорад. Шаш ҳамлагари эҳтимолӣ кушта шудаанд.

Бо амри раҳбари ин ҷумҳурии воқеъ дар Қафқози Шимолӣ, Магомед Умаров, раиси ноҳияи Сергокалинскии Доғистон аз вазифааш озод карда шуд. Ӯ ҳамон рӯзи ҳамла – 23-юми июн ба ҳабс гирифта шуд. Дар матбуоти русӣ навиштанд, ки дар миёни ҳамлагарон ба ибодатгоҳҳо дар шаҳрҳои Махачқалъаву Дарбанд ду писари ӯ – Усмон ва Одил ва ҳамчунин як ҷиянаш Абдусамад Амадзиев ҳам буданд, ки кушта шуданд. Ҳанӯз тасдиқи расмии ин хабар дар даст нест.

Телеграм-канали "Baza" бо такя ба тафтишот гуфт, ки Магомед Умаров дар бозпурсиҳо гуфтааст, ки дар бораи иртиботи писарон ва ҷиянаш бо ваҳҳобиҳо аз пеш хабар дошт ва чандин соли охир бо писаронаш дар тамос набуд.

Ҳанӯз мақомоти Русия дар бораи ҳодисаҳои Доғистон назаре нашр накардаанд, вале бархе аз пеш иддао намуданд, ки гӯё ин ҳамларо Украина ва Ғарб ташкил кардаанд.

Таҳлилгарони Пажӯҳишгоҳи омӯзиши ҷанг дар Амрико гуфтанд, ҳамла ба ду калисои православӣ ва як канисаи яҳудиён кори дасти “Вилояти Қафқоз” – шохаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Қафқози Шимолӣ буда метавонад. Ҳанӯз касе ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG