Тибқи гуфтаи мақомоти пулис ва Кумитаи мубориза бо терроризми Русия, афроди мусаллаҳ рӯзи 23 июн ба як каниса (ибодатгоҳи яҳудиён), ду калисо (ибодатгоҳи масеҳиён) ва як идораи пулис дар шаҳрҳои Ҷумҳурии Доғистон ҳамла карданд.
Ин ҳамлаҳо рӯзи якшанбе дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбанд анҷом шуд ва Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки дар робита ба "амалҳои террористӣ", парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Неруҳои амниятии Русия эълон карданд, ки панҷ ҳамлаварро куштанд ва амалиёти муайян карданди шахсият ва ҷустуҷӯи ҳамлаварони дигар дар ҷараён аст.
Хабаргузории РИА Новости ба нақл аз Кумитаи зиддитероризми Русия эълон кард, ки дар ин ҳамлаҳо, дастикам як роҳиб ва як ғайринизомии дигар кушта шуданд. Расонаҳои русӣ дар оғоз омори талафоти нерӯҳои пулисро 7 нафар эълон карда буданд, ки ин шумора дар гузоришҳои баъдӣ ба 15 нафар афзоиш ёфт.
Сухангӯи пулиси Доғистон низ хабар дод, дар ин ҳамлаҳо дастикам 12 нафар заъмӣ шудаанд. Аммо шумори захмиҳо баъдан 25 нафар эълон шуд.
Тибқи гузориши мақомоти маҳаллӣ, як каниса дар маҳали зиндагии яҳудитаборон ва як калисои ортодукс, ки дар руйхати мероси ЮНЕСКО қарор дорад, ҳадафи ин ҳамлаҳо будаанд.
Афроди мусалллаҳ ба як постгоҳи пулис дар Махачқалъа, низ ҳамла кардаанд.
Мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Дарбанди Доғистон мегӯянд, яке аз қурбониёни ин ҳамла як роҳиби 66-сола будааст. Ҳамчунин канисае, ки дар ин шаҳр ба он ҳамла сурат гирифт, тӯъмаи оташ шудааст.
Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаҳоро ба душ нагирифтааст. Аммо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар солҳои гузашта чандин ҳамла дар хоки Русия анҷом дода буд.
Хунинтарин ҳамлаи онҳо ба маркази "Крокус" дар моҳи марти имсол буд, ки боиси кушта шудани 145 нафар шуд. Ҳукумати Русия эълон кард, ки дар пайванд ба ин ҳодиса 11 нафарро боздошт кард.
Ҳамлаҳои ахир дар Доғистон дар ҳоле сурат мегиранд, ки ҳафтаи гузашта расонаҳои Туркия бо такя ба ниҳодҳои истихборотии ин кишвар хабар дода буданд, ки нерӯҳои ДОИШ барои анҷоми амалиёти террористӣ дар хоки Русия омода мешаванд.
Гуфтугӯ