Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар назарпурсие украиниҳо дар бораи Тоҷикистон назар додаанд


Киев, пойтахти Украина
Киев, пойтахти Украина

Беш аз 24 дар сади ширкатдорони як назарпурсӣ дар Украина дар бораи Тоҷикистон назари хуб доштаанд.

Назарпурсӣ дар бораи “Муносибати украиниҳо бо кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ” рӯзи 14-уми майи имсол муаррифӣ шудааст.

Ин назарпурсиро “Active Group” ҳамроҳ бо “Клуби коршиносон” анҷом ва онро Оҷонсии “Интерфакс-Украина” муаррифӣ кардааст.

Беш аз 24 дар сади пурсидашудаҳо дар бораи Тоҷикистон назари хуб, вале зиёда аз 21 дар сад назарашон дар бораи ин кишвар хуб набудааст.

Беш аз 42 дар сад аз додани посух дар бораи Тоҷикистон мушкилӣ кашидаанд.

Дар ин назарпурсӣ украиниҳо аз Исроил (72,5%) ва Туркия (55%) кишвари хуб ном бурдаанд. Аз ҳам бештар барои украиниҳо Эрон (76%) ва Афғонистон (52.6%) кишварҳои нохуб дониста шудааст.

Украина ва Тоҷикистон аз соли 1992 бо ҳам муносибати дипломатӣ доранд.

Соли 2010 Тоҷикистон дар Киев сафорат боз кард. Украина дар Тоҷикистон низ намояндаи дипломатӣ дорад.

XS
SM
MD
LG