Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ду маркази дигари Русияро баст


Парчами Русия
Парчами Русия

ИМА ду Маркази додани раводиди Русияро дар хокаш баст ва дипломатҳои русро аз имтиёз дар супурдани андоз маҳрум кардааст.

Анатолий Антонов, сафири Русия дар Амрико гуфтааст, ки марказҳои додани раводид дар Вашингтон ва Ню-Йорк баста шудаанд.

"Ҳоло ба шонаҳои дипломатҳои рус бори вазнини дигаре афтод,"–гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи дипломати рус, мақомоти амрикоӣ ин қарорашонро шарҳ надодаанд.

Ӯ гуфтааст, ки Русия ба ин амал посухи ҳамвазн хоҳад дод.

Аз соли 2021 Русия ИМА-ро ба рӯйхати "кишварҳое, ки дӯст нестанд", шомил кардааст.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина муносибтаҳои ИМА бо ин кишвар бад шуд.

Амрико амали Русияро ғасбкорӣ меномад ва аз Украина барои ҳимоят аз хокаш пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG