Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина бо силоҳҳои ИМА ба куҷо бояд ҳамла кунад?


Сарбози украинӣ дар Харков
Сарбози украинӣ дар Харков

ИМА ба Украина иҷозат додааст, ки бо силоҳҳои амрикоӣ танҳо то 100 километр дар дохили хоки Русия ҳамла кунад.

Нашрияи "Вашингтон Пост", ки бо чанд мақомдори украинӣ суҳбат кардааст, навиштааст, ин маҳдудият ба Украина иҷозат намедиҳад, ки ба фурудгоҳҳои ҳарбии Русия, ки аз онҷо ҳавопаймоҳои ҷангӣ барои ҳамла ба ин кишвар парвоз мекунанд, зарба занад.

Мақомоти Украина аз ин маҳдудият розӣ нестанд. Мақомоти расмии ИМА вуҷуди чунин маҳудиятро рад ва тасдиқ накарданд.

Намояндаи Пентагон гуфтааст, ки Украина ҳақ дорад, аз ҳарҷое, ки ба ин кишвар ҳамла мешавад, зарба занад.

Пештар мақомоти ИМА ба Украина иҷозат надода буданд, ки ба силоҳҳои амрикоӣ ба хоки Русия ҳамла шавад, вале моҳи май пас аз ҳамлаи низомиёни рус ба Харков ин маҳдудяит тағйир ёфт.

Дар Вазорати мудофиаи Украина гуфтанд, ки иҷозаи ҳамла ба хоки Русия дар хатти ҷанг тағйирот ворид кардааст, ҳарчанд, ҳоло навъҳои силоҳҳои дурпарвоз барои ҳамла намерасанд.

Аксари кишварҳои ғарбӣ моҳи май ба Украина иҷоза доданд, ки ба хоки Русия низ бо силоҳҳои додаи онҳо ҳамла кунад.

XS
SM
MD
LG