Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, якҷоя бо Кореяи Шимолӣ таҳримҳоро шикаст хоҳанд дод


Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ
Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ

Раиси ҷумҳури Русия дар остонаи мулоқоташ бо Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ, ваъда дод, ки ду кишвар якҷоя таҳримҳоро шикаст хоҳанд дод.

Владимир Путин аз Кореяи Шимолӣ барои пуштибонӣ аз иқдомоти ӯ дар Украина изҳори сипос намуд. Вай гуфт, ду кишвар барои рафъи таҳримҳои байнулмилалӣ ба раҳбарии Амрико ҳамкории зич хоҳанд кард.

Ин ҳарфҳои Путинро расонаҳои давлатии Кореяи Шимолӣ рӯзи сешанбе, чанд соат қабл аз вуруди ӯ ба Пхенян нашр карданд.

Президенти Русия бо сафари дурӯза ба Кореяи Шимолӣ меравад. Ин сафари нахустини ӯ ба Пхенян дар 24 соли охир аст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ ба таври расмӣ Кореяи Шимолиро муттаҳам мекунанд, ки ба Русия тӯпхона, мушак ва таҷҳизоти дигари низомӣ медиҳад ва Маскав ин силоҳҳоро дар ҳамла ба Украина истифода мебарад. Ба гуфтаи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ дар иваз аз Русия фанноварӣ ва ёриҳои дигар мегирад.

Кореяи Шимолӣ ва Русия даъвои Кореяи Ҷанубиро дар бораи ирсоли силоҳ ба Маскав ва нақзи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милалро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG