Гузориши "Кишварҳои дар ҳоли гузор – 2024" рӯзи 11-уми апрел нашр шуд. Вокуниши ҳукумати Тоҷикистон маълум нест, аммо коршиносони тарафдораш бовар доранд, ки "демократия дар кишвар таназзул надорад".
Тоҷикистон – як зина болотар аз Туркманистон
Дар радабандии имсолаи Freedom House ё "Хонаи Озодӣ" дар мавриди ҳуқуқи инсон ва демократия, Тоҷикистон ҳамагӣ 1 хол гирифта, як зина болотар аз Туркманистон ҷой дорад. Баҳои баландтарин дар гузориш 7 аст.
"Ҳукумати худкомаи президент Эмомалӣ Раҳмон маъракаи ҳамгунсозӣ ё ассимилятсияи маҷбурии фарҳангию динии камшуморон ё ақаллияти помириҳоро тавсеа бахшид, чун онҳоро ба унвони як ҷомеаи ҷудогона эътироф намекунад. Соли 2023 нерӯҳои амниятӣ бо иттиҳоми нодурусти шӯрандозию ҷудоиталабӣ ё терроризм саркӯби пурхушунати аъзои ҷомеаи помириҳоро бештар карданд. Инчунин, ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳҳои маданию сиёсиро, ки ба ҷомеаи помириҳо хадамоти заруриро пешкаш мекарданд, баст," – гуфта шудааст дар гузориши дигари "Хонаи Озодӣ" аз 8-уми апрел.
Ҳукумати Тоҷикистон ба таври расмӣ ба гузориш вокуниш накардааст. Сайфулло Сафаров, устоди донишгоҳ ва муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, рӯзи 11-уми апрел гуфт, ба ин хулоса розӣ нест.
"Демократия дар кишвар таназзул надорад. Масалан, онҳо дар бораи озодии динӣ мегӯянд. Ба наздикӣ президент бо ходимони дин мулоқот кард. Кадом кишвари дунё бо ходимони дин мулоқоти васеъ кардааст? Тоҷикистон аввалин шуда аз соли 1992 ба муқобили терроризм муборизаро сар кард. То ба ҳол аз давлатҳое, ки бисёр доди демкоратия мезананд, Тоҷикистон муборизаи бештар мебарад," – афзуд ӯ.
"Баёнгари воқеият аст"
Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдони муқими Аврупо, баръакс, мегӯяд, гузориши Freedom House ё "Хонаи Озодӣ" дар бораи сатҳи демократия дар Тоҷикистон "воқеиятро бозгӯ мекунад."
Ба қавли ӯ, "давлати демократӣ онест, ки сатҳи фасод кам аст, ҳуқуқ ва озодии мардум поймол карда намешавад, озодии баён ва дастрасӣ ба маълумот на фақат дар қонунҳо кафолат дода шудааст, балки дар амал ҳаст. Давлат ба кору фаъолияти созмонҳои иҷтимоӣ дахолат намекунад."
Дар Тоҷикистон, ба қавли ӯ, дар ин самт ягон беҳбудӣ нест ва баръакс фишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ афзоиш ёфта, мубориза бо фасод фақат "барои намоишу гузориш" ба роҳ монда шудаасту дастрасӣ ба иттилоъву озодии матбуот “ҳоҷат ба шарҳ надорад”.
"Мансабдорон аз тарси фишор ва таъқиб аз додани мусоҳиба ба журналистон дар мавзуъҳои доғи рӯз худдорӣ мекунанд ва ё ягон ҳам маълумоте диҳанд бо шарти фош накардани ному насабашон,” -- илова кард Ҷамшед Ёров.
Аз Озарбойҷон то Узбекистон
Муҳаққиқони Freedom House ё "Хонаи Озодӣ" дар баробари Тоҷикистон ҳафт кишвари дигари Шӯравии собиқ –Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Узбекистонро ба гурӯҳи "низоми мутамаркази худкома" дохил кардаанд.
Дар умум, ба гуфтаи онҳо, ин режимҳо фазоро барои дигарандешӣ баста, барои худ шароити номаҳдуди ҳокимиятро таъмин кардаанд; барои фирор аз таҳримҳо ба ҳам ёрӣ медиҳанд; мухолифони дохилиро саркӯб мекунанд; ба таҷовузи низомӣ ва мавриди дигари поймолкунии қонунҳои байнулмилалӣ аз тарафи ҳамдигар чашм мепӯшанд.
Дар гузориш Узбекистонро намуна овардаанд, ки зери раҳбарии Шавкат Мирзиёев ба Қонуни асосии ин кишвар тағйирот дароварда, роҳи мондани ӯро дар қудрат то соли 2040 ҳамвор намуданд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки пештар вазъи озодиву демократия он ҷо беҳтар буд, бо пайравӣ аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба саркӯби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигарандешон сар кардаанд.
"Ҷанги Русия ҳамаро тағйир дод"
Дар миёни кишварҳои аврупоӣ тарзи баргузории интихобот дар Лаҳистону Сербистон чун ақибнишинӣ дар демократия арзёбӣ шудааст.
"Ҷанги Русия Украинаро хароб кард ва назми геополитикии минтақаро аз Аврупои Марказӣ гирифта, то Осиёи Марказӣ тағйир дод," – навиштааст созмони "Хонаи Озодӣ".
Барои ислоҳи вазъ дар кулли минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ба қавли муаллифони гузориш, бояд ба Украина мусоидат кунанд, то бо шартҳои ин кишвар дар ҷанг пирӯз шавад ва барои ин ёриҳои зарурии низомию башарӣ ва пулӣ бояд фароҳам шавад.
"Кишварҳои ёрирасон ва донорҳо бояд барои эҳёи ислоҳоти демократӣ ба кишварҳои минтақа кумак кунанд ва Иттиҳоди Аврупо дар равобиташ бо ин кишварҳо риояи қонунро шарти аввали ҳамкориҳо қарор диҳад," – хулоса кардааст Freedom House ё “Хонаи Озодӣ”.