Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиёи Марказӣ – рақобатгоҳи нави кишварҳои абарқудрат. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Туркия ба дунболи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дипломатиаш дар Осиёи Марказӣ аст. Минтақае, ки солҳо боз зери нуфузи Русия қарор дорад. Нозирон мегӯянд, рақобати Туркия бо Русия дар минтақа имкон дорад, аз ҷониби Вашингтон пуштибонӣ ёбад.

Дилҷӯии Туркия аз баҳри чист?

Раиси ҷумҳурии Туркия моҳи ноябри имсол дар нишасти кишварҳои туркзабон дар Қазоқистон бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ вохӯрд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон умед дорад, ки бо истифода аз пайвандҳои қавмӣ ва динӣ дар минтақаи ғанӣ аз нафту газ ҳузури иқтисодӣ ва дипломатияшро қавӣ мегардонад ва дар Осиёи Марказӣ бо Чин ва Русия вориди рақобат мешавад.

“Яке аз афзалиятҳои Туркия истифода аз пайвандҳои фарҳангӣ аст. Шояд Русияву Чин бартариҳои дигар дошта бошанд. Якум, Русия аз нигоҳи амниятӣ ва доштани дасти қавӣ дар минтақа ҳузур дорад. Албатта, Чин бозигари муҳим дар иқтисоди кишварҳои минтақа аст,” – гуфт Кагдас Унгор, устоди Донишгоҳи Мармари Истанбул.

Аммо ӯ бовар дорад, ки “ҳеч кадоме аз онҳо аз нигоҳӣ фарҳангӣ, қавмӣ пайвандеро мисли Туркия бо минтақа надоранд.”

Ҳузури Эрдуғон дар Осиёи Марказӣ як бахше аз талошҳо барои коҳиш додани вобастагии Туркия аз Аврупо дар пасманзари сардии робитаҳои ин кишвар бо Иттиҳоди Аврупо арзёбӣ мешавад. Аммо Русия низ, ки ба сабаби ҷанг дар Украина зери таҳримҳои сахти кишварҳои аврупоӣ мондааст, ҳамчунон талош дорад, нуфузи худро дар Осиёи Марказӣ нигаҳ дорад.

Татяна Митрова, корманди Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии равобити хориҷии Париж, мегӯяд, “Русия ба мушкили ҷиддии воридот ва содироти молу маҳсулот дучор аст. Роҳҳояш ба Ғарб бастаанд ва дигар аз онҳо истифода карда наметавонад.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Дилҷӯии Туркия дар ОМ Русияро асабонӣ мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Русия, Чин… ва Амрико

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ дорад ва талош мекунад, нуфузи афзояндаи Чину Русияро дар минтақа камтар кунад. Таҳлилгарон мегӯянд, ҳадафҳои муштараки Анқара ва Вашингтон метавонад онҳоро дар минтақа ба ҳам оварад.

Ба қавли Меҳмет Огутсу аз Анҷумани энержии Лондон, “Байден дар ҳошияи нишасти Созмони Милал бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ вохӯрд. Амрико кӯшиш мекунад, ки бо ҳамкориҳое дар Осиёи Марказӣ аз нуфузи Чин пешгирӣ кунад, бо Русия рақобат намояд ва барои пиёда кардани ин ҳадафҳо Туркия, кишвари узви НАТО метавонад ёрӣ расонад."

Русия, ки Осиёи Марказиро ҳавлии дарун ё минтақаи зери нуфузи худ медонад, ба гуфтаи нозирон, ҳузури Туркияро хуш қабул нахоҳад кард. Аммо ба ақидаи таҳлилгарон, ҳоло Путин барои дарёфти пуштибонӣ ва давр задани таҳримҳо талош мекунад, ки бо Эрдуғон робитаашро хуб нигаҳ дорад.

Татяна Митрова аз Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии равобити хориҷии Париж гуфт: “Эҳтимол Русия сустиҳои худро бартараф кунад ва бо Туркия вориди рақобат шавад. Ман бар инам, ки Русия ва Туркия рақобат мекунанд, вале на дар ду соли оянда, ки Русия зери фишорҳои иқтисодӣ аст ва бояд ба ин вазъ мутобиқ шавад.”

Русия, Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҳҳои гуногуне доранд, ки ҳадафашон нуфузи бештар дар минтақа аст. Таҳлилгарон бар инанд, ки минтақа ба як рақобатгоҳи нави кишварҳои абарқудрат табдил хоҳад ёфт, ки дар он Анқара ҳам нақши калидӣ хоҳад дошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG