Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна барои селобҳои вайронгар бояд омода шуд?


Фархор, Хатлон
Фархор, Хатлон

Исфандиёри Одина, рӯзноманигори озод

Тайи солҳои охир селобҳои бузурге дар саросари Эрон зерсохтҳои иҷтимоӣ ва хонаҳои мардумро вайрон мекунанд. Аз мавридҳои нави вуқӯи чунин селобҳо дар Хуросон видеоҳое дар фазои маҷозӣ пахш шудаанд. Дар онҳо аз ҷумла мебинем, ки Манори Ҷом дар наздикии шаҳри Ғӯр дар маърази вайронӣ аз сел қарор гирифтааст. Хонаҳои бисёре низ дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон ва дар ҷануби Тоҷикистон дар асари селобу обхезӣ хароб ва мардум бехонумон шудаанд.

Шакке нест, ки вуқӯи ин селобҳо аз ҷумлаи пайомадҳои тағйироти иқлимӣ ва ё ҳамон фароянди гармоиши Замин аст, ки солҳост донишмандон аз он ҳушдор медиҳанд. Гоҳе афроди солманд ҳам таъйид мекунанд, ки дар гузашта шоҳиди инчунин селобҳои азиму вайронгаре нашудаанд. Ин ҳаводис гоҳ ғайриодӣ ба назар мерасанд. Масалан, дар фасли тобистон дар як рӯзи гарми офтобӣ, ҳарчанд асаре аз борон набошад, боз ҳам шояд селоби азиме сокинони рустоҳои кӯҳистониро ғофилгир ва хонаҳоро тахриб кунад ва ё дар мавориде деҳкадаеро бакуллӣ дар хок мадфун кунад.

"Делтоҳои хатарнок"

Исфандиёри Одина
Исфандиёри Одина

Барои чунин хатарҳо омода бояд шуд, чораи дигаре вуҷуд надорад. Яъне ҳам давлат ва ҳам мардум ва ҳам ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ бояд худро барои пешомадҳои хатарбортаре аз инҳо омода созанд. Зеро аксари рустоҳои кӯҳистонӣ дар канори рӯдхонаҳо ва дар гузаргоҳи селобҳо воқеъ шудаанд, бавижа дар поёни дараҳое, ки дар онҷо рӯдҳои кӯчак ба рӯдхонаи бузургтаре мепайванданд.

Чунин маконҳоеро ҷуғрофидонҳо "делто" меноманд, ки лафзе юнонист ва делтоҳо дар обрафти рӯдхонаҳо ташкил шудаанд. Чун рӯди Нил, ки дар пайвастангоҳаш ба дарёи Медитароне (Миёназамин) дар Миср делто ё сегӯшаи бузургеро ташкил медиҳад.

Дар минтақаҳои кӯҳистонӣ, делтои рӯдхонаҳо ҷои нисбатан фароху ҳамвортарест, ки ба шакли сегӯшае (мисли ҳарфи дол ё делто дар алифбои юнонӣ) байни рӯди бузург ва шохобаш ташкил шуда ва барои обёрии осон аз рӯди кӯчак ва эҷоди боғу манзилҳо дар он ҳамворӣ муносиб аст, аммо дар баробари селобҳо хатарнок.

Агар бо истифода аз нақшаи Гугл аз боло ба минтақаҳои кӯҳистонӣ нигоҳ кунед, басароҳат мебинед, ки бештари ин рустоҳо дар даҳонаи новаҳо, дараҳо ё рӯдхонаҳои кӯҳистонӣ эҷод шудаанд. Ин сегӯшаҳоро, ки акнун бистари деҳкадаҳо ҳастанд, дарвоқеъ селобҳои бузурге дар гузаштаҳои дур, шояд ҳазорҳо сол пеш, эҷод кардаанд. Ба мурури замон пойи одамӣ ба инҷоҳо расида ва чунин маконҳоро барои бунёди мазраъаву манзил муносиб дидааст. Рафта-рафта рустоҳои бузурге дар ингуна амокин падид омадаанд.

"Бистарҳои танг"

Дар гузашта чунин ба назар мерасид, ки оби рӯдхонаҳо дар бистари худ ҷорист ва мазореъву манозили атрофро таҳдид намекунад. Бале, чунин аст, аммо фақат дар шароити одӣ: замоне ки оби рӯдхона соф бошад ва аз оброҳи миёни деҳкада ё русто бигзарад ва ба рӯдхонаи бузургтаре бипайвандад.

Аммо дар шароити ғайриодӣ ё фавқулода, масалан, тағйироти ҷаввӣ ва пайомадҳои он, ки дар пешорӯи мо қарор дорад, бистари ҷӯйбор ва рӯдхона барои селобҳои бузург дигар танг аст ва ин селобҳо гоҳ мумкин аст қисмате аз як деҳкада ё тамомии русторо вайрон кунанд ё хонаҳоро дар хоку гил мадфун созанд.

Фархор, Хатлон
Фархор, Хатлон

Табиист, ки агар селоб ҳарчи тунуктар бошад, мумкин аст батундӣ русторо бишӯяд ва хонаҳоро хароб кунад. Гоҳе мумкин аст сел бистари рӯдхонаро жарфтар созад, ё агар бистараш жарф бошад, мумкин аст буни рустоҳоро биковад ё барканад ва варта эҷод кунад ва хонаҳои наздик ба рӯдхона фурӯ резанд.

Аммо агар селоб ғализтар бошад, табиист, ки ҳаракаташ сусттар хоҳад буд ва ҳар монеае, аз ҷумла хонаҳову дарахтон ҷилавашро мегиранд. Дар натиҷа, чи басо ки селобҳои бузург бисёре аз хонаҳо ва боғу мазореъ ё бахши аъзаме аз русто, ё дар мавориде шояд тамомии як деҳкадаро дар хоку гил мадфун созанд. Ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки чунин селобҳое шабҳангом ё замоне иттифоқ биуфтад, ки мардум ғофилгир шаванд ва натавонанд сареъ худро ба ҷои амн бирасонанд ва чи басо ҷонҳои зиёде дар ин даст ҳаводис ба ҳадар равад.

Пас чӣ бояд кард?

Оре, чунончи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мегӯяд, “пас, чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?” Акнун, ки аз пайомадҳои тағйироти иқлимӣ гурез ё гузире надорем, ин суол бояд беш аз пеш вирди забони ҳамаи қишрҳои ҷомеа, бавижа сиёсатмадорону мақомҳои давлатии масъул, фаъолони муҳити зист ва намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ ва созмонҳои ғайридавлатии фаъол дар ин умур бошад.

Посухаш ин аст, ки чун тағйироти ҷаввӣ дигар як амри воқеӣ ва иҷтинобнопазир аст, бояд ба фикри эҷоди созукорҳо ё механизмҳое барои рафъи хатарҳои он, аз ҷумла селобҳо, ё дар мавориде, ки гурез ё гузире аз вуқӯи ин ҳаводис нест, барои коҳиши осебҳо ё хисороту зиёни онҳо эҷод кард. Корҳое, ки ба зеҳни ҳар инсоне мумкин аст бирасад, аз ин қарор аст:

  • Аввал аз ҳама бояд давлат нақшаи ҳамаи рустоҳои кӯҳистониеро, ки дар маърази селу обхезӣ қарор доранд, таҳия кунад. Бавижа, рустоҳо ва деҳкадаҳоеро, ки дар делтоҳо ё маҳалли ба ҳам пайвастани ду рӯдхона ба ҳам қарор доранд. Ҳамчунин бояд нақшаи яхчолҳоеро, ки мумкин аст дар асари гармоиши Замин ҳаҷми зиёде аз об аз онҳо ҷорӣ ва мунҷар ба селоб шавад, таҳия кард, албатта ҳамроҳ бо рустоҳое, ки дар масири он қарор доранд.
  • Баъд бо истифода аз ин нақшаҳо бояд ин минтақаҳоро мавриди пажӯҳишҳои заминшиносию зистмуҳитӣ ва хатароти ҳодисаҳои табиӣ (hazard research) қарор дод ва аз рӯи мизони осебпазирияшон дар баробари селу обхезӣ (миқёси ҳодисаи эҳтимолӣ, ҳаҷми хисорат ва зиёни эҳтимолии онҳо, шумори ҷамъияти таҳти хатар, роҳҳо ва гузинаҳои эҳтимолии фирор ва эмин мондан аз ҳаводиси табиӣ ва ғайра) онҳоро бояд авлавиятбандӣ кард.
  • Баъд аз авлавиятбандӣ бояд чораҳоеро барои а) эҷоди системи ҳушдор ва хабаррасонии сареъ, б) эҷоди масирҳо ё роҳҳои фирори бидуни монеъ аз ҳодиса, в) эҷоди маконҳои амн барои истодан ё зистани муваққат ва ба дур аз хатар дар ҳар русто ё деҳкада, г) эҷоди масирҳо ё роҳҳои кумакрасонии сареъ ба осебдидагон дар мадди назар гирифт. Ин чораҳо барои ҳар русто ё деҳкадае метавонад мухталиф бошад, чун шароити табиии ҳар ҷое фарқ мекунад ва ҳар маҳалле рӯйкарди ҷудогона мехоҳад, ҳарчанд дар мавридҳое шояд рӯйкардҳо монанди ҳам бошанд, чун деҳаҳо дар кул шабеҳанд.

Паноҳгоҳҳои амн

Системи ҳушдор масалан чунин метавонад бошад, ки агар дар болооби як рӯдхона ё дарае, ки дар он чандин русто воқеъ аст, обхезӣ ё селобе ба вуҷуд ояд ва шахсе дукмаи ҳушдорро пахш кунад, ин систем ба таври худкор дар тамоми рустоҳои пойинтар ҳам фаъол мешавад (бо дастгоҳҳои савтию нурӣ) ва мардум метавонанд ба маҳаллоти амн фирор кунанд. Мисли системи оташнишонӣ дар як сохтмон, ки ҳамаро водор ба рафтан ба ҷои амн мекунад.

Варзоб
Варзоб

Дар чунин сурате роҳи фирори мардум ба ҷоҳои амн бояд боз бошад ва монеаи зиёде дар сари роҳашон набошад. Ин амр гоҳе мумкин аст ба тағйирот ва дасткориҳое дар нақшаи рустоҳо ниёз дошта бошад. Гоҳе мумкин аст баъзе аз сокинон маҷбур бошанд аз тариқи хона ё боғчаи ҳамсоя ба самти болотар ё дуртар аз рӯдхона фирор кунанд. Бояд меъёрҳое таҳия шавад, ки тибқи он роҳҳои гурез аз хатар байни хонаҳои мардум ҳам вуҷуд дошта бошанд. Яъне як ҳамсояи болодаст бояд роҳи фироре барои ҳамсояи пойиндаст гузорад.

Давлат бояд барои эҷоди маконҳои амн дар рустоҳо ҳазинае барои маҷлисҳои маҳаллӣ дар ҳар русто ва деҳкада ҷудо кунад ва мутахасисони умури изтирорӣ ҷои амнеро ташхис бидиҳанд ва мардум чунин паноҳгоҳҳое эҷод кунанд, шояд ба шакли шипанг ё сарое бузург дар маконе бо камтарин хатари мумкин ва бо масире кӯтоҳу осонрас барои мардуми русто ё деҳкадаҳо.

Роҳҳои ҷойгузин

Дар шароити вуқӯи чунин ҳаводисе мумкин аст роҳҳои маъмулӣ барои расидан ба баъзе аз рустоҳо ва минтақаҳои кӯҳистонӣ баста шаванд ва ҷамъияти зиёде дар инзиво қарор бигиранд. Давлат ва ҷомеаи мадании Тоҷикистон бояд барои чунин ҳолатҳои эҳтимолӣ ҳам гузинаҳои дигаре дар назар бигиранд ва чи беҳтар, ки роҳҳое ҷудогона ва ҷойгузин (алтернатива) барои кумакрасонӣ дар шароити изтирорӣ аз пеш сохта ва омода шуда бошанд.

Албатта, ин корҳо метавонад хеле аз хисорот ва талафотро коҳиш бидиҳад ва ё ба ҳадди ақал бирасонад, вале ҳаводиси табиӣ ҳамеша қобили пешбинӣ нест ва мумкин аст боз ҳам талафоту зиён барҷой гузорад. Рустоҳо ва деҳкадаҳое ҳастанд, ки шояд чунин имконоте дар онҳо вуҷуд надорад. Бино бар ин, дар мавориде шояд давлат ногузир бошад барномаҳое барои кӯч додани сокинон аз пеш (на баъд аз ҳаводиси маргбор) дар назар бигирад. Ин роҳкори тозае нест ва Тоҷикистон дар ин замина таҷрубаи фаровоне дорад.

Албатта, бояд дар назар гирифт, ки имрӯзҳо минтақаҳои ҳамвор ҳам аз селу обхезӣ дар амон нестанд. Бино бар ин маҳаллоте, ки мардум ба онҷо кӯч дода мешаванд, низ бояд пешопеш мавриди мутолеаи густарда барои ҷилавгирӣ ё омодагӣ дар баробари ҳодисаҳои табиӣ қарор дода шаванд.

Аз Идора: Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG