Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Сухангӯи телевизиони Русия президенти Тоҷикистонро саҳван "Эммануэл" ном бурд

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, Маскав, 9-уми майи 2021
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, Маскав, 9-уми майи 2021

Баранда ё сухангӯи Шабакаи аввали телевизиони Русия рӯзи 9-уми май ҳангоми муаррифии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар Майдони Сурх саҳван ӯро "Эммануэл Раҳмон" ном бурд, вале дафъатан хатои худро ислоҳ кард.

Иштибоҳи сухангӯ ҳангоми пахши зинда аз гашти низомӣ дар Маскав садо дод. Чанде аз расонаҳо ин қисмати муаррифии раиси ҷумҳури Тоҷикистонро буридаанд ва ё бо садои дигаре пӯшондаанд.

Ширкати алюминийи тоҷик ё Талко низ лаҳзаи муаррифии Эмомалӣ Раҳмонро дар Майдони Сурх дар саҳифаи расмии худ дар Ютуб ҷой дода, аммо лаҳзаи хатои барандаро бо садои дигар иваз кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон танҳо раҳбари кишваре буд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро рӯзи 9-уми май дар Иди Ғалаба дар Маскав ҳамроҳӣ кард. Имсол ба пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон 76 сол пур шуд.

Дар гашти низомӣ дар Маскав беш аз 12 ҳазор низомӣ иштирок карданд. Дар ин маросим ҳамчунин аз 190 техника ва 76 ҳавопаймои низомӣ истифода шуд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин пас аз анҷоми гашти низомӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 8-уми май ба Маскав рафт ва дар мавриди ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистону вазъи сарҳади Афғонистон бо Владимир Путин суҳбат кард. Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон масоили марзиро бо Қирғизистон танҳо бо роҳи музокирот ҳал хоҳад кард. Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дод ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шудаанд. Душанбеву Бишкек якдигарро ба сар задани муноқиша айбдор мекунанд.

Раиси ҷумҳури Русия дар навбати худ дар бораи пурқувват кардани пойгоҳи 201-ум ва нерӯҳои мусаллаҳои Тоҷикистон гуфт. Пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон макони ҷойгиршавии 7 ҳазор низомии Русия аст. Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ҳузури ҳарбии Русияро замонати ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд.

Русияву Тоҷикистон худро шарикони стратегӣ медонанд ва мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкории низомии ин ду кишвар ба шумор меравад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

"Даъвои Зарифӣ, Ҳакимов, Атоӣ ва Ғанизода шунида шуд"

Дар акс: Рухшона Ҳакимова, Ҳамрохон Зарифӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшо Комилзода, Акбаршо Искандаров, Шокирҷон Ҳакимов ва Абдулфайз Атоӣ
Дар акс: Рухшона Ҳакимова, Ҳамрохон Зарифӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшо Комилзода, Акбаршо Искандаров, Шокирҷон Ҳакимов ва Абдулфайз Атоӣ

"Даъвои Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ ва Нураҳмад Ғанизода шунида шуд." Як манбаи огоҳ аз парвандаи машҳури "табаддулот" дар Тоҷикистон, ки нуҳ касро дар бар мегирад, рӯзи аввали баррасии шикояти маҳкумшудаҳоро чунин тасвир кард, аммо ҷузъиёт надод. Қаблан онҳо худро бегуноҳ дониста буданд.

Баррасии шикояти маҳкумшудаҳо рӯзи 1-уми апрел ботаъхир, вале чун баррасиҳои зинаи аввал паси дарҳои баста, бе ҳузури пайвандон ва хабарнигорон дар Боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе доир шуд. Танҳо вакилони мудофеъро роҳ доданд.

Ҷаласа рӯзи 2-юми апрел давом мекунад ва интизор меравад, ки даъвои боқии маҳкумшудаҳо ва вакилони дифояшон шунида шавад. Бо фарқ аз додгоҳи марҳилаи аввал, ҷаласаи зинаи кассатсиониро се додраси Додгоҳи олӣ доварӣ мекунанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи феврал ва пас аз баррасии беш аз ҳафтмоҳа 9 тан аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва иҷтимоиро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат, кӯшиши табаддулот ва ғасби ҳокимият аз 8 то 27 сол зиндонӣ кард:

  • Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ – 27 сол;
  • Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол;
  • Ҷамшед Бобоев, сарҳанги бознишастаи амният – 21 сол;
  • Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократ – 19 сол;
  • Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ – 18 сол;
  • Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол;
  • Нураҳмад Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол;
  • Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати ВКХ – 17 сол;
  • Рухшона Ҳакимова, хабарнигор ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов –8 сол.

Наздикони баъзе аз онҳо рӯзи 17-уми феврал хоҳони бозбинии ҳукм, озодии пайвандон ва бекор шудани мусодираи молу амвол шуданд. Ҳамчунин, 130 бонуи фаъол дар номае аз раисҷумҳури Тоҷикистон озодии Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор ва модари ду кӯдакро дархост карданд.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ аз пайвандони маҳкумшудагон, онҳо то ҳол натавонистаанд, ки наздиконашонро дар Боздоштгоҳ бубинанд. Дар Додгоҳи олӣ ба онҳо гуфтаанд, ки "ҳоло иҷоза нест, мунтазир шавед."

Вакили мудофеи яке аз маҳкумшудаҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар ин бора ба сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ҳам нома фиристоданд, "вале ҳеч ниҳод посух надод".

Видеоро дар инҷо бинед:

Парвандаи чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ бозбинӣ мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00


Матвеев хост, кӯдакони муҳоҷирон аз Русия ронда шаванд

Михаил Матвеев
Михаил Матвеев

Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия, талаб кардааст, ки кӯдакони муҳоҷирон аз ин кишвар ихроҷ карда шаванд.

Матвеев бо нафраташ ба муҳоҷирон машҳур мебошад.

Ӯ дар шабакаи иҷтимоии "Телеграм" навишт, ки дар Русия тахминан 800 ҳазор хориҷии синну соли мактабӣ ба сар мебаранд. Аз ин байн, ба гуфтаи ӯ, танҳо 25 дарсад бо таҳсил дар мактабҳо фаро гирифта шудаанд.

Матвеев нусхаи як санади Вазорати корҳои дохилии Русияро намоиш дод, ки тибқи он 75 дарсади фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳо намехонанд.

Ин вакили мардумии Русия иброз доштааст, ки қариб ним миллион фарзандони муҳоҷирон ба истилоҳ "кӯчагард" ҳастанд.

"Онҳо дар инҷо ба кӣ даркоранд? Кӣ метавонад фаҳмонад? Ним миллион кӯдаки аз таҳсил маҳруми муҳоҷирон! Онҳо майдончаҳои бозии фарзандони моро банд мекунанд. Онҳо дар "галлаи гургон" ҷамъ шуда, дар ҷустуҷӯйи моҷаро ба марказҳои тиҷорат рафта, атфоли моро туъмаи ҳамлаҳояшон мекунанд. Онҳо аллакай ғорату таҷовуз мекунанд ва мекушанд," – гуфт ӯ.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик инро баҳонае барои сахттар кардани ҳузури онҳо ва аъзои оилаашон дар Русия медонанд.

Аз якуми апрел дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки бар пояи он фарзандони муҳоҷирон қабл сабтином дар мактабҳо бояд имтиҳони забони русӣ супоранд. Ҳар касе, ки аз имтиҳон нагузашт, метавонад худро ба таҳсили иловагӣ номнавис кунад.

Дар як соли охир ва бахусус баъд аз ҳамла ба толори "Крокус" дар наздикии Маскав, қонунҳои вобаста ба муҳоҷирати корӣ дар Русия сахттар шуд.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Таҳсил намекунанд, аз Русия ихроҷ кунед!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:31 0:00


Чаппа шудани кӯҳпора дар Хатлон; як кас маҷруҳ шуд

Ҷойи ҳодиса
Ҷойи ҳодиса

Бар асари чаппа шудани кӯҳпора дар роҳи Леваканд-Данғараи вилояти Хатлон як кас маҷруҳ шуда, дар бемористон бистарист.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 1-уми апрел гуфт, ба ду мошин ё худрави “Mercedes Benz” ва “Opel Zafira” низ зарар расид.

Бино ба наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ду мошин қисман зери санг мондаанд ва роҳ бастааст.

Мақомот мегӯянд, роҳро пок карданд ва ҳаракати мошинҳо ба ду самт таъмин шуд.

Шоҳроҳи Бохтар-Леваканд-Кӯлоб панҷ моҳ пеш бозсозӣ шуда буд.

Ҷасади се низомии амрикоӣ дар Литва пайдо шудааст

Аз чор сарбози амрикоӣ, ки ҳангоми тамрин дар Литва бедарак шуда буданд, ҷасади се нафари онҳо пайдо шудааст. Ҷустуҷӯи сарбози чорум идома дорад. Дар ин бора фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар Аврупо ва Африқо хабар додааст.

Дар хабари расмӣ омадааст, мақомоти Литва ва Лаҳистон барои пайдо кардани сарбозон ёрӣ расондаанд.

Мошини зиреҳпӯши М88 Hercules-и артиши Амрико, ки дар тамрини низомӣ ширкат дошт, рӯзи 25-уми март бо чор низомӣ бедарак шуд. Дертар маълум шуд, ки нақлиёт ба бероҳа рафта, ба ботлоқ афтидааст. Рӯзи 31-уми март мошинро берун оварданд.

Марк Рютте, дабири кулли НАТО дар ҷараёни сафараш ба Вашингтон гуфт, ки низомиён ҷон бохтаанд.

Фармондеҳии артиши Амрико қаблан дар бораи сарнавишти низомиён расман хабар надода буд.

Арманистон дигар барои СПАД пул намедиҳад

Парчами кишварҳои узви СПАД
Парчами кишварҳои узви СПАД

Арманистон эълон кардааст, ки дигар пули солонаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД)-ро намедиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Арманистон ба хабаргузории русии "Спутник" гуфтааст, ки аз ин тасмимаш СПАД-ро огоҳ кард. Ин кишвар қарор "Дар бораи буҷаи СПАД дар соли 2024"-ро имзо накарда, гуфтааст, дигар маблағгузориро идома нахоҳад дод.

Соли гузашта Никол Пашинян, сарвазири Арманистон эълон кард, ки кишвараш аз узвият дар СПАД хориҷ мешавад.

Эътирози Арманистон ин аст, ки СПАД дар ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ вазифаҳои худро иҷро накард.

Қарабоғи Кӯҳӣ аз соли 1990 то соли 2023 аз ҷониби араманитаборони тарафдори Арманистон идора мешуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин минтақаро хоки Озарбойҷон медонист. Соли 2023 Озарбойҷон бо баргузории як амалиёти низомӣ онро дубора аз худ кард.

СПАД, як созмонест, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби Русия таъсис ёфт ва ҳоло Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Белорус ва Тоҷикистон шомили он ҳастанд.

Таркиш дар як масҷиди Узбекистон. Се кас ҷон бохт

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар таркише дар як масҷиди Узбекистон се намозгузор ҷон бохта, даҳ нафар захмӣ шудаанд.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки масҷид аз таркидани газ вайрон гашт.

Беҳзод Ҳидоятов, сухангӯи сарвазири Узбекистон, гуфт, ҳодисаро як кумисюни ҳукуматӣ тафтиш мекунад.

Расонаҳои маҳаллӣ аз ҷойи ҳодиса навор нашр карданд. Ба навиштаи онҳо, лӯлаи газ дар таҳоратхонаи масҷиди Андиҷон таркидааст.

Дар навор дида мешавад, ки дар натиҷаи таркиш девору боми масҷид хароб шуда, вале сӯхтор рух надодааст.

Гурӯҳи корӣ маҳалли ҳодисаро поккорӣ мекунад.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Андиҷони Узбекистон гуфт, лӯлаи газ дар таҳхонаи як масҷид шикоф шуда, газ ба таҳоратхонаву масҷид дохил шуд ва ҳангоми рӯшан кардани барқ таркиш шуд.

Раҳбари сербҳои Босния гуфт, ба Маскав рафтааст

Милорад Додик
Милорад Додик

Раҳбари сербҳои Босния Милорад Додик рӯзи 31-уми март эълон кард, ки ба Маскав рафтааст.

Додик дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои худро дар назди Оромгоҳи Сарбози Номаълум дар девори Кремл нашр кард.

Ин сафари ӯ баъд аз он сурат гирифт, ки додситонҳои Босния ва Ҳерзеговина рӯзи 27-уми март вайро ба поймоли Қонуни асосӣ муттаҳам карда, дархости ҳабси ӯро доданд.

“Ҳар дафъае, ки ба инҷо меоям, сафарро бо зиёрати Оромгоҳи Сарбози Номаълум оғоз мекунам, то эҳтироми 28 миллион русеро, ки дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҳалок шудаанд, ба ҷо орам", -- гуфт Милорад Додик дар наворе, ки дар “X” нашр шуд.

Ӯ барномаи сафари худро эълон накард, аммо гуфт, “боз 9-уми май бо даъвати президенти Русия, Владимир Путин, дар ин ҷо хоҳам буд, то 80-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизмро ҷашн гирам.”

Милорад Додик дар айни замон зери таҳримҳои Амрико ва Бритониё қарор дорад.

Омодагии шаш кишвар барои фишори бештар ба Русия

Мадрид, 31-уми марти 2025
Мадрид, 31-уми марти 2025

Олмону Фаронса, Итолиё, Лаҳистон, Испания ва Бритониё рӯзи 31-уми март омодагии худро барои сахттар кардани таҳримҳо алайҳи Русия баён доштанд.

Дар ин бора дар изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии шаш кишвар ва масъули сиёсати берунии Иттиҳоди Аврупо Кая Каллас таъкид шудааст.

Дар изҳорот омадааст, ки шаш кишвар омодаанд, бо истифода аз тамоми абзор ё василаҳои мавҷуд ба Русия фишор биоранд, то ҷангро зидди Украина бас кунад.

Вазирон бори дигар изҳор доштаанд, ки то замоне Русия ҷангро қатъ накунад ва ба Украина ҷуброни зарар напардозад, дороиҳои Маскав дар кишварҳои ғарбӣ баста бимонанд.

Мувофиқи изҳорот, кишварҳо инчунин ҳеч созишномаи сулҳеро, ки “саноати низомӣ ва дифоии Украина ё ҳузури ҳарбии кишварҳои ҳампаймонро дар Украина” маҳдуд мекунад, қабул надоранд.

Дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба артиш оғоз шуд

Аз 1-уми апрел дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои артиш оғоз гардид.

Бар асоси фармоне, ки онро раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 19-уми феврал имзо карда буд, даъвати баҳории ҷавонон ба артиш то охири моҳи май идома мекунад.

Бино ба фармон, ҷавонони аз 18 то 27-сола, ки асоси қонуние барои озод шудан аз хидматро надоранд, ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.

Тибқи хабарҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, баъзе аз ноҳияи Тоҷикистон дар рӯзи аввали даъват аз иҷро шудани нақша хабар доданд.

Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ барои мардон ҳатмист ва барои саркашӣ аз он ҷарима ё то 2 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Даъвати ҷавонон ба артиш, ки дар баҳору тирамоҳ анҷом мешавад, ҳар сол бо сарусадо дар бораи ҷалби маҷбурӣ ё "облава" ҳамроҳ аст. Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо ба бадрафторӣ дар бархе воҳидҳои низомӣ меноманд, ки гоҳо бо фавт ё маъюб шудани сарбозон меанҷомад.

Моҳи март Фирдавс Ҳаётзода, додситони нави ҳарбӣ, дар ҳамоише дар Вазорати дифои Тоҷикистон хост, ки аз шеваҳои ғайриқонунии ҷалби сарбозон ба артиш пешгирӣ шавад.

Русия мехоҳад "Толибон"-ро аз феҳристи сиёҳ берун кунад

Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон бо "Толибон". Акс аз бойгонӣ
Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон бо "Толибон". Акс аз бойгонӣ

Додситонии Русия рӯзи 31-уми март аз Додгоҳи олии он кишвар дархост кард, ки гурӯҳи "Толибон"-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун кунад.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, Додгоҳи олии Русия ин дархостро рӯзи 17-уми апрел баррасӣ хоҳад кард.

Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлияи Русия ҳафтаи гузашта аз президент Владимир Путин хостанд, ки "Толибон"-ро аз феҳристи созмонҳои фаъолияташон мамнуъ берун кунад. Русия дар соли 2003 "Толибон"-ро дар рӯйхати созмонҳои террористӣ қарор дода буд.

Ҳарчанд Маскав дар солҳои охир тамосҳое бо "Толибон" барқарор карда, робитаҳои ду тараф ба вижа пас аз бозгашти ин гурӯҳ ба қудрат дар тобистони соли 2021 наздиктар шудааст, то кунун ҳозир нашуда буд, ки ин гурӯҳро аз феҳристи сиёҳи худ берун кунад.

Русия ба мисли кишварҳои дигари дунё ҳукумати "Толибон"-ро дар Афғонистон ба расмият намешиносад.

Иморот се шаҳрванди Узбекистонро ба қатл маҳкум кард

Тсви Коган моҳи ноябри соли 2024 дар Дубай нопадид шуд ва дертар ҷасади ӯро дар марзи Умон пайдо карданд
Тсви Коган моҳи ноябри соли 2024 дар Дубай нопадид шуд ва дертар ҷасади ӯро дар марзи Умон пайдо карданд

Имороти Муттаҳидаи Араб се шаҳрванди Узбекистонро, ки дар куштори рӯҳонии исроилӣ Тсви Коган муттаҳам мешаванд, ҳукми қатл дод.

Дар ин бора рӯзноманигорони “Шабакаи 7” ба нақл аз манбаъҳояшон дар роҳбарияти Исроил хабар додаанд.

Назари маҳкумшудагон, наздикон ё вакилони дифои онҳо дастрас нашудааст.

Ба навиштаи хабарнигорон, суҳбати яке аз қотилон бо модараш дар шабакаи иҷтимоии "X" нашр гардидааст, ки дар он аз ҳукми эъдоми зудрас ёдоварӣ мешавад.

Шаҳрванди Исроил Тсви Коган 21-уми ноябри соли 2024 дар Дубай нопадид шуд.

Баъди се рӯз ҷасади ӯро дар шаҳри Ал-Айн, ки дар марзи Умон қарор дорад, пайдо намуданд.

Нерӯҳои амниятӣ бо гумони даст доштан дар ин куштор се узбекистониро боздошт карданд. Хабаргузории давлатии Иморот бо такя ба изҳороти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар акси гумонбаронро нашр кард.

Расонаҳои Узбекистон номи муттаҳамонро эълон намуданд, ки инҳо Олимбой Давлатёров, Маҳмудҷон Кенҷабоев ва Азизбек Исмоилов мебошанд. Дар бораи онҳо тафсилоти бештар дода нашудааст.

Тсви Коган, ки шаҳрванди Исроил ва Молдова буд, аз соли 2020-ум дар Имороти Муттаҳидаи Араб зиндагӣ ва дар он ҷо аз як ҷунбиши динии яҳудии ортодоксӣ ё худ суннатгаро намояндагӣ мекард.

Коган ҳамчунин соҳиби мағозаи хӯрокҳои кошерӣ буд.

Исроил куштори рӯҳониро "амали нафратангези терроризми зиддисомӣ" номид.

Ҳукми қатли се узбекистонӣ дар Дубай
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:18 0:00


Ҳайати нави ҳукумат дар Сурия: Як зан вазир шуд

Аҳмад Шаръ (Абумуҳаммади Ҷӯлонӣ)
Аҳмад Шаръ (Абумуҳаммади Ҷӯлонӣ)

Аҳмад Шаръ (Абумуҳаммади Ҷӯлонӣ), раисҷумҳури муваққати Сурия, ҳайати нави ҳукуматро эълон кард.

Маросими муаррифӣ рӯзи 30-юми март дар шаҳри Димишқ гузашт.

Ба ин тартиб, 23 кас вориди ҳукумат шуд, ки дар миёни онҳо намояндагони ақаллият ё камшуморони алавӣ ва курдҳо ҳам ҳастанд.

Ҳинд Кабават, зани насронӣ, вазири корҳои иҷтимоӣ ва меҳнат таъйин шуд. Вай ягона зан дар ин ҳукумат аст.

Бори аввал дар Сурия Вазорати варзиш ва ҳолатҳои фавқулода таъсис ёфт.

Вазифаи сарвазирро худи Аҳмад Шаръ иҷро мекунад. Қонунгузорӣ мувофиқ ба меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ амал хоҳад кард.

Ҳукумати нави Сурия 5 сол ҳақ дорад, ки сари қудрат бошад. Интизор меравад, дар ин муддат дар кишвар Қонуни асосии нав қабул шуда, интихобот баргузор гардад.

Аз ҳукумати Узбекистон хостанд, Валиҷон Калоновро озод кунад

Валиҷон Калонов
Валиҷон Калонов

Анҷумани ҳуқуқи башари Узбекистон ва Human Rights Watch аз ҳукумати Узбекистон хостаанд, ки блогер ва фаъоли иҷтимоӣ Валиҷон Калоновро аз боздошт раҳо карда, ба ӯ ҷуброн бипардозад. Изҳороти созмонҳо рӯзи 30-юми март нашр шуд.

Мақомоти Узбекистон Калонови 55-соларо ба "таҳқири президент" ва "ҷиноятҳои дигаре, ки ба ҷомеа хатар дорад" гунаҳкор дониста, дар моҳи декабри соли 2021 маҷбурӣ дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ бистарӣ карданд.

Валиҷон Калонов пеш аз боздошт шуданаш ҳукумати Узбекистонро танқид ва ба бойкот ё таҳрими интихобот дар ин кишвар даъват карда буд.

Вай ҳамчунин ба зидди табъизи уйғурҳо дар Чин сухан мегуфт.

Гурӯҳи кории Созмони Милал дар мавриди боздоштҳои худсарона рӯзи 28-уми феврали имсол гуфт, Калонов "худсарона дастгир шудааст" ва аз ҳукумат хост, "ӯро зуд озода карда, барояш ҷуброн пардозад".

Дар солҳои охир даҳҳо блогеру фаъоли иҷтимоӣ дар Узбекистон дастгир ва бо иттиҳомҳои гуногун ҷарима ва ё зиндонӣ карда шудаанд.

Теъдоди қурбониён дар заминларзаи Мянмар ба 1700 кас расид

Мянмар, 30-юми марти 2025
Мянмар, 30-юми марти 2025

Шумораи қурбониёни заминларза дар Мянмар ба 1700 кас расидааст.

Ҳодиса рӯзи 28-уми март рӯй дод.

Ҳукумати низомии Мянмар гуфт, 3400 тани дигар маҷрӯҳ ва зиёда аз 300 нафар бедарак ҳастанд.

Дар шаш минтақаи ин кишвар вазъи изтирорӣ ҷорӣ шудааст.

Созмонҳои имдодрасони байнулмилалӣ аз буҳрони башарӣ ҳушдор доданд.

Заминларзаи 7,7-дараҷаӣ Тайландро низ такон дод ва дар он ҷо ҳам хисороту талафоти ҷонӣ ба бор овард.

Имзои созишнома миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон

Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёев

Раҳбарони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон созишномаро дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишвар имзо карданд. Маросим рӯзи 31-уми март дар вилояти Суғд баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ин рӯйдодро “бисёр муҳим” хонд. Ӯ гуфт, “мо дар Тоҷикистон ба муносибат бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояи накӯҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем.”

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳастанд.

Дар ин рӯз Тоҷикистон бо Узбекистон созишномаро "Дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ" имзо кард.

Тоҷикистон ва Қирғизистон бар иловаи табодули санад дар бораи созиши марзӣ хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд”-ро ба истифода доданд.

Ин хат дар доираи татбиқи тарҳи CASA-1000 сохта шудааст, ки содироти барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистон ва Покистон дар назар дорад.

Ҳар се кишвари Осиёи Марказӣ дар гузашта бар сари таъйини марз ва убуру мурур аз қаламравҳои якдигар мушкил доштанд. Ин номуайянӣ дар чор соли пеш дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон сабаби задухӯрдҳои мусаллаҳона гашт ва аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт.

Имзои созишномаи марзӣ дар аввали моҳи марти имсол имконпазир шуд. Ҳарчанд ҷониби Қирғизистон баъзе ҷузъиёти шартномаро расонаӣ кард, Тоҷикистон дар ин бора ҳарфе нагуфтааст.

Крис Риклтон, рӯзноманигор ва таҳлилгари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, чанде пеш дар як матлаби муфассал навишт: "Дар Тоҷикистон ибрози норизоиятӣ ва ба чолиш кашидани созишномаи марзӣ тақрибан номумкин аст. Дар даҳаи гузашта мухолифони сиёсӣ дар кишвар ба тамом аз байн рафтанд. Дар ҳоле ки худкомагӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзоиш аст, таъкиди бештар ба ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа раванди мусбате аст, ки маъмулан бидуни ёрии хориҷӣ сурат гирифтааст."

Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ҳазор километр сарҳад доранд. Зиёда аз 519 километри он то соли 2011 мувофиқа ва беш аз 486 километри боқимонда дар се соли охир мушаххас шудааст.

Тӯли марзи давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон 1332 километр аст, вале дар беш аз 25 соли раҳбарии президенти собиқ, Ислом Каримов, Тошканд омодаи баррасиву имзои созишномаи марзӣ набуд. Қарордод соли 2018 ва баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв тасвиб шуд.

Нуқтаи марзии се кишвар. Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов

"Имрӯз таърихӣ аст. Мо таъйин ва нишонагузории марзи кишварҳоямонро ба охир мерасонем. Худро шукр, ки ҳамааш сулҳомез гузашт. Ин муҳимтар аст."

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, сафари корияшро ба Тоҷикистон рӯзи 31-уми март бо ин ҷумлаҳо оғоз кард. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд пешвоз гирифт ва бо Наврӯз табрик гуфт.

Чор сол пеш тарафҳо якдигарро ба ҳамла ба минтақаҳои наздисарҳадӣ ва поймоли созишҳои пешина гунаҳкор карда, марзро ба рӯйи ҳамдигар бастанд.

Созишнома дар бораи таъйину аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 13-уми марти имсол дар шаҳри Бишкек имзо шуд. Сипас порлумонҳои ду кишвар онро пазируфтанд. Ҳоло се гузаргоҳ барои убуру мурури одамон ва нақлиёт боз аст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ҳазор километр сарҳад доранд ва то имзои созиш, беш аз нисфи онҳо мақоми баҳсӣ доштанд. Номуайянии сарҳад солҳо сабаби ҷангу хунрезӣ буд ва дар муноқишаи солҳои 2021-2022 аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Қарор аст, рӯзи 31-уми март раҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти сеҷониба анҷом диҳанд. Имзои созишнома дар бораи нуқтаи марзии се кишвар яке аз мавзуъҳои асосӣ гуфта мешавад.

Ҳамчунин, онҳо дар ҷашни расмии Наврӯз ва маъракаҳои дигар дар маркази вилояти Суғд иштирок хоҳанд кард. Аз ин рӯ, дар се шаҳри вилояти Суғд – Бӯстону Гулистон ва Хуҷанд – роҳҳои марказӣ баста шуда, таҳти чораҳои шадиди амниятӣ қарор дорад ва ҳаракати мардумро мушкил гардондааст.

"Агар ба созиш нарасем..." Таҳдиди Трамп ба раисҷумҳури Русия

Доналд Трамп ва Владимир Путин
Доналд Трамп ва Владимир Путин

Раисҷумҳури Амрико гуфт, агар бинад, ки Маскав монеи талошҳои ӯ барои хатми ҷанг дар Украина мегардад, ба тамоми нафти содиротии Русия таърифаи дубора ҷорӣ хоҳад кард.

Доналд Трамп дар ин бора рӯзи 30-юми март дар суҳбат бо телевизиони NBC сухан гуфт. Изҳороти ӯ баёнгари як навъ дигаргунӣ дар бархӯрди нармтари Кохи Сафед нисбат ба Русия аст.

Вай афзуд, вақте президенти Русия Владимир Путин хоҳони ташкили ҳукумати муваққатӣ дар Украина шуд, ки амалан ба маънои рондани раисҷумҳур Владимир Зеленский аст, "бисёр хашмгин" ва "дилсард" гашт. Худи Трамп қаблан Зеленскийро "диктатори бидуни интихобот" номида буд.

"Агар бо Русия барои қатъи хунрезӣ дар Украина ба тавофуқ нарасем ва агар фикр кунам, ки ин гуноҳи Русия аст... он вақт ба ҳама нафти содиротии Русия таърифаи дубора ҷорӣ хоҳам кард," – гуфт Доналд Трамп.

Президенти Амрико дар шарҳи таърифаи дубора гуфт, ин ба он маъност, ки агар кишваре аз Русия нафт бихарад, имкони кору тиҷоратро дар Иёлоти Муттаҳида аз даст хоҳад дод. Ӯ афзуд, дар сурати ҳосил нашудани созиши оташбас чораҳои тиҷоратӣ дар муддати як моҳ ҷорӣ хоҳанд шуд.

Ин изҳорот баъди он садо дод, ки Кохи Сафед рӯзи 25-уми март гуфт, ҳам Русия ва ҳам Украина ба оташбас дар Баҳри Сиёҳ ва зарба назадан ба иншооти энергетикии ҳамдигар розӣ шудаанд. Бо вуҷуди ин, мушкилот боқӣ монд.

Киев мегӯяд, ба иҷрои созиш омода аст, аммо Маскав дар иваз лағви баъзе аз таҳримҳои вобаста ба ширкату бонкҳои русиро талаб дорад.

Раисҷумҳури Амрико поён додан ба ҷанг дар Украинаро дар авлавияти сиёсати хориҷияш ҷой додааст. Трамп дар суҳбат бо телевизиони NBC гуфт, дар давоми ин ҳафта бо Путин суҳбат хоҳад кард.

Дар пасманзари талошҳои дипломатии Амрико барои расидан ба созиши оташбас, Киев рӯзи 30-юми март ва пас аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ба як бемористони низомӣ Маскавро ба "ҷинояти ҷангӣ" муттаҳам кард.

Паҳподҳои Русия шаби 29 ба 30-юми март ба бемористони низомии Харков ҳамла карда, ба як маркази тиҷоратӣ, биноҳои истиқоматӣ ва ҳадафҳои дигар низ зарба заданду камаш ду нафарро куштанд. Ситоди кулли артиши Украина ҳамлаи Русияро "барқасдона" номид.

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский гуфт, Киев мунтазири посухи шадиди кишварҳои ғарбӣ ба ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ба қаламраваш аст.

Зеленский шаби 29-уми март гуфт: “Шарикони мо бояд ба таври возеҳ дарк кунанд, ки ин зарбаҳо на фақат ба шаҳрвандони Украина, балки ба тамоми талошҳои байнулмилалӣ ва маҳз дипломатияест, ки мо барои поён додан ба ҷанг истифода мекунем.”

Мақомоти Украина гуфтанд, дар ҳамлаҳои шаби 29-уми март дар саросари ин кишвар дар маҷмуъ ду кас кушта ва 26 тани дигар захмӣ шуданд.

Украина Русияро бори дигар ба "ҷинояти ҷангӣ" муттаҳам кард

Харков, Украина. 29-уми марти 2025
Харков, Украина. 29-уми марти 2025

Украина рӯзи 30-юми март Русияро бори дигар ба "ҷинояти ҷангӣ" муттаҳам кард.

Ин изҳорот пас аз он садо дод, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия шаби 29-уми март ба бемористони низомии Харков ҳамла карда, ба як маркази тиҷоратӣ, биноҳои истиқоматӣ ва ҳадафҳои дигар низ зарба заданду камаш ду нафарро куштанд.

Ситоди кулли артиши Украина ҳамлаи Русияро "барқасдона" номид.

Як соат пеш аз ҳамла ба Харков, раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский гуфт, Киев мунтазири посухи шадиди кишварҳои ғарбӣ ба ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ба қаламраваш аст.

Зеленский шаби 29-уми март гуфт: "Шарикони мо бояд ба таври возеҳ дарк кунанд, ки ин зарбаҳо на фақат ҳамла ба шаҳрвандони Украина, балки ба тамоми талошҳои байнулмилалӣ ва маҳз дипломатияест, ки мо барои поён додан ба ҷанг истифода мекунем."

Дар маҷмуъ, мақомоти Украина гуфтанд, дар ҳамлаҳои шаби 29-уми март дар саросари ин кишвар ду кас кушта ва 26 тани дигар захмӣ шуданд.

Сарнавишти садҳо ҳазор афғонистонӣ дар Покистон чӣ хоҳад шуд?

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Зиёда аз 800 ҳазор афғон, ки баъд аз бозгашти дубораи "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон фирор кардаанд, аз соли 2021 дар Покистон бе ҳуҷҷат қарор доранд.

Онҳо бояд то 31-уми март ин кишварро тарк кунанд.

1,4 миллион тани дигар, ки расман дар Покистон сабти ном шуда, корти Оҷонси паноҳҷӯёни Созмони Милали Муттаҳид ё UNHCR-ро доранд, бояд то 30-юми июн ба ватанашон баргарданд.

Бисёре аз онҳо даҳсолаҳо боз дар Покистон кору зиндагӣ мекунанд.

Сарнавишти 40 ҳазор афғонистонии дигар, ки мунтазири кӯчидан ба кишварҳои сеюм, аз ҷумла Амрико ҳастанд, рӯшан нест.

Ҳина, зани 25-солаи афғонистонӣ, бо оилааш дар шаҳри Пешовар дар шимолу ғарби Покистон зиндагӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд, хонаводааш барои кӯчидан ба Иёлоти Муттаҳида иҷозат дошт ва ҳатто билети парвозро аз Исломобод фармоиш дода буд, вале ҳоло дар вазъияти ногувор мондааст.

"Орзуҳои мо барои ояндаи амн дар Иёлоти Муттаҳида шикаста шуданд. Мо наметавонем ба Афғонистон баргардем, чун ҷонамон зери хатар аст. Ҳамчунин, наметавонем, ки дар Покистон зиндагии босуботу устувор бунёд кунем," – изҳор дошт ӯ.

Идомаи эътирозҳо ба ҳимоят аз Акрам Имомоғлу дар Туркия

Истанбул, 29-уми марти 2025
Истанбул, 29-уми марти 2025

Дар ҳоле ки ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Туркия барои саркӯби эътирозгарон талош дорад, мардум рӯзи 29-уми март низ бо пуштибонӣ аз Акрам Имомоғлу, шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул, ба кӯчаҳо баромаданд.

Ба гузориши хабаргузории "Reuters", аз оғози эътирозҳо дар Туркия тақрибан ду ҳазор кас дастгир шудаанд.

Акрам Имомоғлу, шаҳрдори 54-солаи Истанбул, ду ҳафта қабл боздошт шуд. Мақомоти Туркия ӯро ба "ташкил ва мудирияти созмони ҷиноӣ, гирифтани ришва ва тамаъҷӯӣ" гумонзад медонанд, аммо худаш ҳамаи иттиҳомҳоро рад кардааст.

Дар гирдиҳамоии рӯзи шанбе номаи Акрам Имомоғлу ба эътирозгарон хонда шуд, ки дар он гуфтааст, "онҳо метавонанд маро дар зиндон нигоҳ доранд ва ба додгоҳ кашанд, аммо миллат нишон дод, ки ҳамаи домҳо ва тавтеаҳоро аз байн мебарад."

Боздошти Акрам Имомоғлу як иқдоми сиёсӣ барои берун кардани ӯ аз сабқати интихоботи президентӣ арзёбӣ мешавад. Ҳукумат исрор дорад, ки додгоҳҳои Туркия мустақил ҳастанд.

Баъзе аз назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки Имомоғлу аз Эрдуғон маъруфтар аст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон ду дафъа президенти Туркия интихоб шудааст ва пеш аз он сарвазири ин кишвар буд. Агар ӯ мехоҳад, ки дигарбора дар интихоботи президентӣ номзад шавад, ё бояд интихоботи пеш аз муҳлат гузаронад ва ё Қонуни асосиро тағйир диҳад.

Гурӯҳи "Толибон" як шаҳрванди дигари Амрикоро раҳо кард

Фей Ҳолл дар сафорати Қатар дар Кобул. 29-уми марти 2025
Фей Ҳолл дар сафорати Қатар дар Кобул. 29-уми марти 2025

Гурӯҳи "Толибон", ки қариб чор сол боз зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст дорад, як зани амрикоиро аз боздошт раҳо кардааст.

Фей Ҳолл дар моҳи феврал дар Афғонистон дастгир шуда буд.

Ҳолл дар наворе гуфт, "ҳеч гоҳ ин қадар аз амрикоӣ буданам ифтихор накардаам. Сипос, ҷаноби президент..."

Дар бораи раҳоии Фей Ҳолл бори аввал рӯзи 27-уми март фиристодаи собиқи Амрико дар Афғонистон Залмай Халилзод хабар дод.

Ин ҳодиса баъд аз раҳоии Ҷорҷ Глезмани 66-сола аз боздошт дар Кобул сурат гирифт.

Дархости Владимир Зеленский аз шарикони ғарбии Украина

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Ҳамлаҳои Русия ба Украина афзудааст. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 29-уми март аз шарикони ғарбии кишвар хост, ба Маскав посухи "сахт" диҳанд.

Зеленский дар паёми видеоӣ гуфт, шарикони Украина бояд бидонанд, ки ин ҳамлаҳо на фақат ба шаҳрвандони Украина, балки алайҳи ҳама талошҳои байнулмилалӣ ва дипломатӣ барои поён додан ба ҷанг аст.

Раисҷумҳури Украина бо баёни онки мунтазири вокуниши ҷиддист, гуфт, Русия бояд ба сулҳ маҷбур карда шавад ва ин кор танҳо ба воситаи фишор имконпазир аст.

Мақомоти Украина аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакии Русия ба як бемористони низомии Харков ва шаҳри Кривой Рог хабар доданд.

Шаҳрдори Харков аз марги камаш ду нафар гузориш дод ва мақомот гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои Русия дар шаҳри Кривой Рог дасти кам ҳафт нафар захмӣ шудаанд.

Марде, ки дар Амстердам панҷ касро захмӣ кард, аз Донетск будааст

Амстердам, 27-уми марти 2025
Амстердам, 27-уми марти 2025

Шахсе, ки рӯзи 27-уми март дар шаҳри Амстердам, маркази Ҳолланд, бо корд панҷ касро захмӣ кард, шаҳрванди Украина будааст ва аз вилояти шарқии Донетск.

Пулиси Ҳолланд рӯзи 29-уми март гуфт, ин марди 30-сола рӯзи якуми апрел дар додгоҳ ҳозир хоҳад шуд.

Ангезаи ҳамла рӯшан нест ва тафтиши қазия идома дорад.

Ба иттилои пулис, дар ин ҳодиса ду шаҳрванди Амрико, як марди лаҳистонӣ, як зан аз Белгия ва як духтар аз Амстердам осеб дидаанд.

Марди лаҳистонӣ аз бемористон ҷавоб шудааст. Захмиёни дигар ҳанӯз бистарӣ ҳастанд.

Георгий Тихий, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Украина, гуфт, сафорати кишвараш дар Амстердам "бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҳолланд робитаи наздик дорад" ва дар ҷустуҷӯйи маълумоти изофист.

Ӯ афзуд, "мо ба зарардидагон шифои ҳарчи зудтар орзу дорем. Гунаҳкор бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад."

Дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи Кремлин ба шарқи Украина дар соли 2014 ва сипас ҳамлаи густурдаи Маскав дар соли 2022 бахши зиёде аз вилояти Донетски Украина аз ҷониби Русия ишғол карда шудааст.

"Фишори низомӣ". Ҳушдор аз ҳамлаҳои "густурда"-и Русия ба Украина

Суми, Украина. 28-уми марти 2025
Суми, Украина. 28-уми марти 2025

Таҳлилгарони низомӣ ва мансабдорони Украина ҳушдор додаанд, ки нерӯҳои Русия дар ҳоли омодагӣ ба оғози як ҳуҷуми густурда дар ҳафтаҳои оянда ҳастанд. Дар ин бора "Associated Press" рӯзи 29-уми март гузориш дод.

Ҳадафи ҳамла фишори низомӣ ба Украина ва тақвияти ҷойгоҳи Кремлин дар музокирот барои оташбас хонда шудааст.

Мансабдорони Украина гуфтаанд, ин иқдом метавонад ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ангеза бидиҳад, то гуфтушунидҳои сулҳро ба таъхир андозад ва барои тасарруфи минтақаҳои бештар талош кунад.

Бар асоси гузориши истихборотӣ, Русия бахусус ба минтақаи Суми, Харков ва Запорожйе тамаркуз кардааст.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 27-уми март дар сафар ба Порис гуфт, мақомҳои Русия музокиротро кашол медиҳанд, то Амрикоро дар гуфтушунидҳои, ба қавли ӯ, "бепоён" гирифтор кунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия рӯзи 29-уми март дар шаҳри Днепри Украина чаҳор кас кушта ва 21 тан захмӣ шуданд. Ҳамла сабаби сӯхтори калон дар як меҳмонхона, тарабхона ва манзилҳои истиқоматӣ гашт. Зеленский гуфт, яке аз захмиён зани ҳомила аст.

Нерӯҳои ҳавоии Украина дар посух ба як постгоҳи марзӣ дар минтақаи Брянски Русия зарба зада, зерсохтҳои низомӣ, иртиботӣ ва назоратии онро аз байн бурданд.

Созиши оташбасе, ки Амрико ба муддати 30 рӯз пешниҳод кард, бо мухолифати Русия рӯ ба рӯ шуда, музокирот дар мавриди оташбаси маҳдуд дар Баҳри Сиёҳ низ ба бунбаст расидааст.

Русия мехоҳад, бонки давлатии ин кишвар ба низоми байнулмилалии SWIFT дубора пайваст шавад, вале Украина ва Иттиҳоди Аврупо дархости Маскавро напазируфтаанд.

"Ҷаҳон бо мушкилот рӯ ба рӯст." Таҷлили иди Фитр дар Тоҷикистон

Иди Рамазон ё Фитр дар Тоҷикистон, ки тибқи омор беш аз навад дарсади аҳолияш пайрави дини ислом ҳастанд, субҳи 30-юми март бо баргузории намози дастҷамъӣ шуруъ шуд.

Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, дар паёме аз мардум хост, ки дасти ёриро ба дармондагон дароз карда, аз низоъву тафриқа ва ихтилофҳо парҳез намоянд.

Як рӯз пеш аз он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз шароити ба гуфтааш “бесуботу буҳронии ҷаҳони муосир” ёд овард, ки “истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии сайёра таҳти хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст”.

Ӯ ҳамчунин гуфт: “Дар ҳоле ки ҷаҳон бо мушкилоти гуногуни иқтисодӣ, буҳронҳои молиявӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, аз ҷумла камобиву хушксолии пайиҳам ва болоравии нархи маводи ғизоӣ рӯбарӯ гардидааст, мо бояд ба масъалаи истифодаи оқилонаи имкониятҳои моддиву молиявии худ муносибати ҷиддӣ дошта бошем.”

Ишораи Раҳмон бештар ба риояи қонун дар бораи танзими ҷашну маросим аст, ки солҳо пеш дар Тоҷикистон қабул шуда, чанд дафъа ба он ислоҳҳо ворид кардаанд.

Мақомот ҳамвора мардумро ба исрофкорӣ дар замони таҷлили ҷашну маросим танқид мекунанд. Баъзе аз сокинон инро дахолат ба зиндагии шахсӣ медонанд ва баръакс аз он норозиянд, ки худи мансабдорон ҳангоми таҷлили ҷашнҳои расмӣ харҷи зиёд мекунанд.

Аз соли 1991 ба ин тараф ҷашнҳои мазҳабие чун иди Фитр ва иди Қурбон дар Тоҷикистон расман таҷлил мешавад ва бар асоси тақвим рӯзи таътил аст.

Азбаски имсол иди Фитр ба якшанбе рост омад, рӯзи душанбеи 31-уми март дар Тоҷикистон рӯзи ғайрикорист.


Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG