Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тағйирот нест." Аз қудрати фарогири президент то афзоиши зиндониҳо дар Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамроҳи баъзе аз аъзои оилааш ва мансабдорони баландпоя. Шаҳри Душанбе, 25-уми марти 2024
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамроҳи баъзе аз аъзои оилааш ва мансабдорони баландпоя. Шаҳри Душанбе, 25-уми марти 2024

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико навишт, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2023 “бетағйир” мондааст. Гузориши 51-саҳифаӣ рӯзи 23-юми апрел нашр шуд.

Муаллифони гузориш аз қудрати фарогири президент Эмомалӣ Раҳмон ва оилааш дар иқтисоду сиёсат; набудани фазои озод; афзоиши маҳбусони сиёсӣ ва хабарнигорони зиндонӣ ва беҷазо мондани милисаҳо барои шиканҷаву марги боздоштшудаҳо изҳори нигаронӣ кардаанд. Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест.

БАРТАРИИ ҲХДТ ВА ОИЛАИ ПРЕЗИДЕНТ

Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон фазои озоди сиёсӣ вуҷуд надорад; интихоботҳои озоду мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ барпо намешавад; ҳизбҳои мухолифи ҳукумат, ба мисли ҲНИТ, аз саҳна ронда шуда, ҳарду палатаи порлумонро аъзои Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар ихтиёр доранд.

"Президент қудрати васеъ дорад ва аз он барои таъйин ва аз вазифа озод кардани мансабдорон фаровон истифода мекунад," – омадааст дар гузориш.

Гузоришгарон дар идома гуфтаанд, "Оҷонси зидди коррупсия пайванди аъзои оилаи президент Раҳмон ва ё доираи наздик ба ӯро ба фасоди молӣ таҳқиқ намекунад. Дар ҳоле ки онҳо аксар ширкатҳои муҳими кишварро зери назорат дошта, қудрати сиёсиро барои маҳдуд кардан ва ё аз байн бурдани рақобат дар бозор истифода мекунанд."

ЗИНДОНҲО, МУРОФИАҲОИ НООДИЛОНА

Дар гузориш аз қазияи сокини шаҳри Кӯлоб Абдуқаҳҳор Розиқов ёд овардаанд. Вай, ба қавли хешовандонаш, моҳи январи соли 2023 дар пайи озору азият дар идораи пулис ҷон дод. Додгоҳ се маъмури милисаро на барои марги ӯ, балки барои "боздошти худсарона" ва "шиканҷа" муҳокима ва 14-солӣ ҳабс кард.

Абдуқаҳҳор Розиқов
Абдуқаҳҳор Розиқов

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол пеш зиндони навро дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода, гуфта буданд, ки шароити нигаҳдории маҳбусон ба талаботи байнулмилалӣ наздик шудааст. Муаллифони гузориши Департаменти давлатӣ аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ номиданд.

Ба навиштаи онҳо, рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода шикоят кардааст, ки танҳо дар як утоқ то 60 нафарро бе дастрасии кофӣ ба об нигаҳ медоранд. Додгоҳ ӯро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ҳафт сол зиндонӣ кард. Худаш дар номае аз боздоштгоҳ навишта буд, ки зери фишори равонӣ ва шиканҷа ба иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш гирифт.

Омбудсмен соли 2022 иттилоъ дода буд, ки ба сабаби бемориҳои гуногун дар зиндонҳои Тоҷикистон 61 нафар ҷон додаанд. Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико навиштаанд, ки баъзе аз зиндониҳо, ба мисли Шамил Ҳакимов, ҳангоми беморӣ аз дастрасии саривақтӣ ба ёрии тиббӣ маҳрум буданд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Муаллифон аз “ноадолатӣ дар додгоҳҳои Тоҷикистон” ёд оварда, гуфтаанд, ки шахсони муттаҳам ба ифротгароӣ аксар вақт аз дастрасӣ ба вакили мудофеъ, мурофиаҳои шаффофу одилона маҳрум ҳастанд, “ҳарчанд бисёре аз онҳо худро бегуноҳ медонанд”. Моддаи “ифротгароӣ”, ба таъкиди гузоришгарон, ба як василаи мубориза бо танқидгарону мухолифони ҳукумат табдил ёфтааст.

Дар гузориш қазияи вакили мудофеи зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ҳам бозтоб ёфтааст. Ӯ дар шароити пӯшидаву бидуни дастрасӣ ба вакил ба иттиҳоми қаллобӣ ба 10 соли иловагии ҳабс маҳкум шуд. Худашу наздиконаш онро беасос медонанд.

Моҳи январи соли 2023 вакили мудофеи журналист Абдуллоҳ Ғурбатӣ зери фишори идомаёбандаи мақомот аз идомаи ҳимояти ҳуқуқии ӯ даст кашид. Ҳамин ҳолат, ба қавли муаллифони гузориш, бо вакилони дифои Бузургмеҳр Ёров ва Манучеҳр Холиқназаров ҳам такрор шуд.

МАҲБУСОНИ СИЁСӢ, ТАЪҚИБҲОИ ФАРОМИЛЛӢ

Ҳукумати Тоҷикистон будани зиндониҳои сиёсиро дар кишвар рад мекунад. Гузориши ҳуқуқи башари Департаменти давлатии Амрико бар пояи иттилои созмонҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки дар Тоҷикистон тақрибан 400 зиндонии сиёсӣ ҳаст.

Бахши аъзами онҳо фаъолону эътирозгарон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, ки соли 2022 барои ибрози мавқеъ ва ё танқид аз амали нерӯҳои қудратӣ ҳангоми саркӯби эътирозҳо ҳабс шудаанд.

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, баҳори соли 2022 ба зидди аъзои гурӯҳҳои ҷиноӣ дар ВМКБ амалиёт гузаронданд. Сокинону фаъолони минтақа онро саркӯби мардуми осоишта медонанд.

Дар гузориш ба таъқиби мухолифони ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон дар хориҷа чун падидаи дигари изтиробангез таваҷҷуҳ шудааст. Бино ба эътирофи худи мақомоти тоҷик, танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2023 36 нафар бо тамғаи “ифротгароӣ” ва “терроризм” аз хориҷа баргардонида шуданд. Аксарашон аз Русияву Туркия ва якнафарӣ аз Олмону Узбекистон ба Тоҷикистон истирдод шуда, ҳукмҳои сангин гирифтанд.

Аз ҷумла, ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико, мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз раҳбарони ҲНИТ Шамсиддин Саидовро ба иттиҳоми сабтиноми иштибоҳӣ истирдод карданд ва ӯ дар Тоҷикистон ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Ҳамон сол Саидумар Саидов, ҷияни Шамсиддин Саидов, ҳам барои “узвият дар созмони мамнуъ” шаш сол зиндонӣ гардид. Ҳардуи ин ҳукмро муҳаққиқон дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Қазияи Низомиддин Насриддинов, як узви “Гурӯҳи 24” ҳам, ки аз Бералус истирдод ва ба 8,5 сол зиндон маҳкум шуд, аз намунаҳои дигари таъқиби фаромиллӣ номбар шудааст.

ФИШОР БА ХАБАРНИГОРОН ВА СОЗМОНҲОИ МАДАНӢ

Муаллифони гузориш ба шароити торафт мушкили кори озоди журналистон дар Тоҷикистон, сензураву фишори мақомот таваҷҷуҳ кардаанд. Як намунааш тарзи бархӯрди хашини пулис бо хабарнигори “Садои Амрико” Нурангез Рустамзода ҳангоми сабти намози Иди Фитр будааст.

Дар гузориш навиштаанд, ки бо вуҷуди шикояти Рустамзода ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва дафтари президенти Тоҷикистон то охири соли 2023 посухи шикояти ӯ дастрас нашуд.

Департменти давлатӣ парвандаи Хуршед Фозиловро, ки ба 7 сол зиндон маҳкум шудааст, намунаи мурофиаи ноозод номид. Панҷ сол зиндони Манучеҳр Комилҷонзода аз Конибодом низ дорои ангезаҳои сиёсӣ номбар шудааст. Ӯро барои нашри матолиб дар Инстаграм ба ҷурми “ифротгароӣ” маҳкум карданд.

“Расонаи озоди Pamir Daily News, ки ба пайгирии қонуншиканӣ ва поймоли ҳуқуқи сокинони ВМКБ маъруф аст, бо қарори Додгоҳи олӣ баста шуд,” – омадааст дар гузориш. Ҳамингуна саҳифаи “Гурӯҳи 24” бо номи “Тоҷикистони нав” мамнуъ ва масдуд шуд.

Фишор ва басташавӣ на танҳо ба расонаҳо, балки ба созмонҳои маданӣ ҳам хос буд. Соли 2023 Маркази маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ки зиндониҳои сиёсиву қурбониҳои шиканҷаро бо вакилони дифоъ таъмин мекард, бо баҳонаи молӣ аз кор монд.

Муаллифони гузориши ҳуқуқи башар мегӯянд, “дар маҷмуъ, Вазорати адлия дар давоми ҳаждаҳ моҳ 700 созмони иҷтимоиро баст ва сабабаш на танҳо мушкили пардохти андозу гузоришдиҳӣ аз манбаъҳои даромад, балки таҳдиди сохторҳои амниятӣ мебошад.”

“Human Rights Watch мегӯяд, мақомот ҳар чанд вақт бо пайдо шудани матлабҳои танқидӣ дар Интернет дар ҳаққи президент, оилаи ӯ ва ё ҳукумат дастрасиро ба хадамоти мобилӣ ва паёмрасонҳо масдуд мекунанд”, -- омадааст дар гузориш.

ФАСОД ВА ПАНОҲҶӮЁН

Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико ба бархӯрди мақомоти тоҷик ба паноҳҷӯёни хориҷӣ ҳам диққат дода, гуфтаанд, ки ҳукумат бо дафтари паноҳандагони СММ (UNHCR) дар ин мавзуъ “гоҳе” ҳамкорӣ мекунад.

Аксар паноҳҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистон аз Афғонистон омадаанд ва ин гурӯҳ, ба навиштаи муаллифони гузориш, гоҳе бо тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ рӯбарӯ мешаванд. “Чанд ҳолати талаби то 2 ҳазор доллар пора барои тамдиди санади паноҳандагӣ вуҷуд дорад”, -- омадааст дар гузориши Департаменти давлатии Амрико.

Дар Тоҷикистон, ба қавли муаллифон, то моҳи октябри соли 2023 беш аз 60 ҳазор нафар мақоми бидуни шаҳрвандӣ дошта, бо ёрии UNHCR ва созмонҳои иҷтимоӣ ҳувияти беш аз 57 ҳазор нафар мушаххас шуд ва бо санад таъмин гардиданд. Ҳоло сарнавишти 2928 нафар ва санади онҳо мушаххас нест.

XS
SM
MD
LG