Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт, истирдод, шиканҷа... Баҳои HRW ба вазъи озодиҳо дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Гузориши солонаи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар бораи вазъи озодиҳо дар соли 2023 дар Тоҷикистон.

Саркӯби садоҳои мустақил ва интиқодӣ дар Тоҷикистон дар соли 2023 низ идома кард: Садҳо созмони ғайридавлатӣ ночор аз кор монданд; блогерони мустақил дастгир шуданд; фаъолияти баъзе аз ташкилоти мазҳабӣ манъ ё маҳдуд гашт.

Фаъолияти чанд ҳаракату ҳизби сиёсӣ, ки аз тарафи ҳукумат ҳамчун хатар баррасӣ мешаванд, аз ҷумла Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва “Гурӯҳи 24”, ҳамоно мамнуъ аст. Чанд узви ҳар ду гурӯҳ муддати тӯлонӣ дар маҳбас ҳастанд ва чандеи дигари онҳоро ба таври маҷбурӣ аз хориҷ бармегардонанд.

Пас аз он ки эътирозҳои осоиштаи солҳои 2021-2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо истифода аз зӯр пароканда карда шуданд, ҳукумат ба саркӯби дигарандешӣ дар минтақа идома дод. Ҳукумати Тоҷикистон эътирофи помириҳоро ба унвони ақаллияти алоҳидаи миллӣ рад кард.

Зӯроварии хонаводагӣ ба зидди занону духтарон ҳанӯз ба таври васеъ паҳн шудааст. Ҳамҷинсгароён, бисексуалҳо ва трансгендерҳо (LGBT) аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъқиб мешаванд.

ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Баъди бо истифода аз зӯр аз тарафи ҳукумат пароканда кардани эътирозҳои осоиштаи мардуми ВМКБ ва саркӯби давомдори ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва фаъолон (масоили мардуми ВМКБ-ро баррасӣ мекарданд) мақомот ба бастан ва ё миллӣ гардондани ширкатҳое шуруъ карданд, ки ба Бунёди Оқохон тааллуқ дошт. Чанд созмони ғайридавлатӣ, ки аз тарафи Бунёди Оқохон сармоягузорӣ шудаанд, баста шуданд.

Дар нимаи аввали соли 2023 мақомоти Тоҷикистон баста шудани 239 созмони ғайридавлатӣ ва дар соли 2022 баста шудани беш аз 500 созмони дигарро эълон карданд. Баста шудани созмонҳо бо тасмими додгоҳ ва ё тасмими худи созмонҳо, эҳтимол натиҷаи фишори ҳукумат буд.

Ҳадди ақал панҷ ташкилот, аз ҷумла Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Помир ва ду гурӯҳи ҷавонон дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо гумони "муносибат бо гурӯҳҳои ҷиноии маҳаллӣ” баста шудаанд.

Додгоҳи Душанбе дар моҳи январ дар бораи барҳам додани Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон (ICHPR) ҳукм баровард. Ин созмон дар бораи масоиле, ки барои давлат ҳассос менамуд, аз ҷумла, ҳаққи манзил ва ҳифзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва қурбониёни шиканҷа фаъолият дошт. Пас аз бозрасии асноди созмон аз тарафи Вазорати адлия баста шуд. Мақомот “дер пешниҳод кардани ҳисоботи молӣ” ва “набудани дафтарҳои минтақаиро, ки дар оинномаи созмон пешбинӣ шудааст”, далел оварданд.

Дар моҳи сентябр дар ҷараёни сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон барои мулоқот бо садри аъзам Олаф Шолтс намояндагони “Гурӯҳи 24” ҳамоиши эътирозӣ ташкил карданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хешовандони онҳоро боздошт карданд.

ОЗОДИИ БАЁН

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи июл саҳифаи “Новий Таджикистан 2”-ро, ки ба “Гурӯҳи 24" тааллуқ дорад, ба гумони тундгароӣ манъ кард. Ҳамчунин саҳифаҳои муаллифони ин вебсайт дар Telegram, Facebook, YouTube ва Instagram манъ шуд. Барои ҳамкорӣ бо ин вебсайт ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан ба муддати то ҳашт сол пешбинӣ шудааст.

Як ҳафта пеш аз ин, Додгоҳи Олӣ сомонаи “Pamir Daily News”-ро, ки аз навигариҳои рӯзмарраи ВМКБ хабар медод, мамунъ кард. Ин нашрия ягона расонае буд, ки пас аз саркӯби эътирозҳо дар соли 2022 аз ваъзияти ВМКБ гузориш медод.

Дар моҳи март журналисти мустақил Хуршед Фозилов ба гумони “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ” аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуд. Дар моҳи май як додгоҳ ӯро ба ҳафт сол зиндон маҳкум кард.

Дар моҳи феврал ба зидди рӯзноманигори мустақил ва блогери тоҷик Рустами Ҷонӣ, ки дар шаҳри Прага зиндагӣ мекунад, бо иттиҳоми танқиди мақомоти Тоҷикистон барои истифодаи аз ҳад зиёди зӯроварӣ дар пахши гирдиҳамоии осоишта дар ВМКБ парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

“ДЕПОРТАТСИЯ” ВА ИСТИРДОД

Мақомоти Олмон дар моҳи январ Абдуллоҳи Шамсиддин, як фаъоли сиёсиро, ки ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) пайванд дорад, аз ин кишвар ронданд. Ва ин ҳам бо вуҷуди он ки медонистанд, шахсе бо ин гуна фаъолият дар сурати фиристода шудан ба ватан бо эҳтимоли зиёд дастгир мешавад. Дар моҳи март Абдуллоҳи Шамсиддин бо иттиҳоми "даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ" гунаҳкор дониста шуда, ба ҳафт сол зиндон маҳкум гардид.

Дар моҳи август ҳукумати Беларус узви “Гурӯҳи 24” Низомиддин Насриддиновро ба Тоҷикистон истирдод кард. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ҳанӯз соли 2017 барои танқиди раисҷумҳур ва ҳукумат ба рӯйхати байнулмилалии шахсони таҳти ҷустуҷӯ гузошта буданд.

Дар моҳҳои июл ва сентябр ду шаҳрванди Туркия, Эмсал Коч ва Курал Ворай, ки дар Тоҷикистон ҳаққи истиқомати доимӣ доштанд, рабуда ва бар хилофи иродаи худ ба Туркия бурда шуданд. Ҳарду тақрибан 30 сол дар Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор дар мактабҳои туркии вобаста ба ҳаракати зери роҳбарии рӯҳонӣ Фатҳулло Гулен кор кардаанд. Коч мебоист дар соли 2025 шиносномаи тоҷикиашро ба даст мегирифт ва Вурал интизори натиҷаи аризааш ба СММ дар бораи кӯчонидани ӯ ба кишвари сеюм буд.

МАҲБУСОН, ШИКАНҶА ВА БЕРАҲМӢ

То ба имрӯз 205 сокини ВМКБ дар пайи мурофиаҳои баста ва бо иттиҳоми иштирок дар эътирозҳои осоишта дар ин минтақа (2021 ва 2022) солҳои гуногун аз озодӣ маҳкум карда шудаанд.

Ёздаҳ нафари онҳо ҳукми абадӣ гирифтаанд. 85 нафар аз 10 то 29 сол ва 53 нафар аз 1,5 то 9 сол маҳкум гардиданд. Ҳангоми навиштани ин гузориш ҳадди ақал 20 фаъоли ҳуқуқи башар, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигороне, ки амали ҳукуматро дар соли 2022 танқид кардаанд, ба мӯҳлати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд. Бисёре аз онҳо ба хешовандон аз шиканҷа ва рафтори бераҳмона дар зиндон шикоят кардаанд.

Дар моҳи июл Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба 21 сол зиндони вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров 10 соли дигар илова кард. Ёров қабл аз зиндонӣ шудан дар соли 2015 дар додгоҳ аз аъзои дастгиршудаи ҲНИТ ҳимоя мекард. Мурофиаи охири ӯ бе намояндагии вакили қонунии Бузургмеҳр Ёров гузаштааст.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Сарфи назар аз идомаи талабу дархостҳои байнулмилалӣ барои озодии баъзе аз раҳбарон ва аъзои ҲНИТ, онҳо дар зиндон монданд. Ба мӯҳлати тӯлонӣ ва ҳабси абад маҳкум шудаанд.

ОЗОДИИ ДИН

Ҳукумат дар моҳи январ хондани намози дастҷамъии пайравони Исмоилия, як шохаи шиаи дини Исломро, ки асосан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҳастанд, дар хонаҳои мардум манъ кард. Барои марказҳои исмоилӣ ҳам таълими мазҳабӣ барои кӯдакони аз 7 то 18-сола манъ карда шуд.

Моҳи август Додгоҳи олӣ ба дархости “Шоҳидони Яҳува” барои таҷдиди назар дар бораи манъи фаъолияти созмон дар кишвар ҷавоби рад дод. Ин ҳам бо вуҷуди назари Кумитаи Ҳуқуқи башари Созмони Милал, ки соли 2022 мамнуъ кардани созмони “Шоҳидони Яҳува”-ро бар хилофи қонунҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар донист. Матни қарори Додгоҳи Олӣ ҳанӯз ҳам ба дасти созмон нарасидааст.

ЗӮРОВАРӢ НИСБАТ БА ЗАНОНУ ДУХТАРОН

Зӯроварии хонаводагӣ ҳоло ҳам диққати зарурии мақомотро ҷалб накардааст ва мақомот натавонистаанд қонунро “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар хонавода” (соли 2013) самарабахш амалӣ гардонанд.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар нимаи аввали соли 2023-юм 1075 шикояти шаҳрвандонро бо иттиҳоми хушунати хонаводагӣ қабул кард.

Нанги иҷтимоӣ, вобастагии иқтисодӣ, беҷазо мондани зӯроварон ва ҷинояткорон ва ҳам нокофӣ будани паноҳгоҳҳо, дастрасии қурбониёни хушунат, хусусан занони маъюб ва занонро дар деҳаҳо ба ёрии зарурӣ мушкил мегардонад.

ТАМОЮЛ ВА ҲУВИЯТИ ҶИНСӢ

Маъмурони пулис дар моҳи май ҳадди ақал 8 фаъоли ҳамҷинсгароёнро худсарона боздошт ва телефони мобилии онҳоро гирифта, таҳқир ва бадрафторӣ карданд.

Мақомот маълумоти он телефонҳоро нусха гирифта, ба ин роҳ намояндагони дигари ҳамҷинсгароёнро ба “ҷаласа” даъват намудаанд. Яке аз боздоштшудагонро, ки бо бемории HIV ба сар мебарад, таҳдид кардаанд, ки зидди ӯ ба иттиҳоми “барои олуда кардани дигарон бо вируси норасоии масунияти бадан” (моддаи 125-и Кодекси ҷиноӣ) парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд. Он ду сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Маъмурони пулис ба масъулони созмоне, ки аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароён дифоъ мекунад, гуфтаанд, дигар набояд ба кори худ идома диҳанд.

НИЗОЪ ДАР САРҲАД БО ҚИРҒИЗИСТОН

Пас аз муноқишаи наздисарҳадӣ байни нерӯҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳи сентябри соли 2022 муносибатҳои дуҷониба ҳамчунон пуртаниш монданд. Дар соли 2023 музокирот дар бораи кашидани хати сарҳад ва масъалаҳои дигари вобаста ба он идома ёфтанд.

Чуноне ки дар гузориши Human Rights Watch дар моҳи май оварда шудааст, ҳар ду кишвар дар ин даргирӣ ҷиноятҳои ошкорои ҷангиеро содир намудаанд, ки сабаби марги шаҳрвандон ва тахриби амволи мардум шуд. Дар моҳи май мақомоти давлатии ҳар ду кишвар ваъда доданд, ки дар посбонии сарҳад аз истифодаи дронҳо, ки ба марги аҳолӣ оварда мерасонад, даст мекашанд.

БОЗИГАРОНИ АСОСӢ

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар бораи ҳуқуқи башар Мэри Лолор дар моҳи декабри соли 2022, пас аз анҷоми сафараш дар Тоҷикистон гуфт, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои тарс қарор дорад. Ӯ даъват кард, ки тамоми ҳомиёни ҳуқуқи башар аз зиндон раҳо карда шаванд.

Дар моҳи апрел Гузоришгари вижаи СММ дар умури озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқод Нозила Қонеъ дар охири сафари худ дар Душанбе изҳор дошт, ки вазъи озодиҳои мазҳабӣ бо аҳдҳои супурдаи Тоҷикистон мувофиқат намекунад. Ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, қонунҳоро дар ин соҳа ислоҳ кунад.

Дар моҳи июл чанд коршиноси СММ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, ки мудофеони ҳуқуқи башар ва рӯзноманигороне, ки дар пайи рӯйдодҳои соли 2022 дар ВМКБ ба ифротгароӣ маҳкум шудаанд, озод карда шаванд. Ин коршиносон аз суистифодаи мақомот аз қонунҳои зидди терроризм барои пахш кардани садоҳои интиқодӣ ибрози нигаронӣ карданд.

Дар моҳи сентябр президент Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони чор кишвари дигари Осиёи Марказӣ бо президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтс мулоқот карданд.

Пас аз мулоқот бо Ҷо Байден, президентҳои шаш кишвар изҳорот доданд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст, ки ҳимояи ҳуқуқи башарро ба уҳда гирифтанд.

Дар моҳи июн раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бори дувум бо раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбат карданд. Пас аз мулоқот роҳбарони давлатҳо муҳим будани ҳамкориро дар бораи таҳкими волоияти қонун, демократия, идоракунии дурусти давлат, баробарии ҷинсиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи умумибашарӣ ва озодиҳои бунёдии инсонро таъкид карданд, ҳамонгуна, ки дар чаҳорчӯбаи Нақшаи Асосии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар соли 2019 пешбинӣ шуда буд.

Дар моҳи октябр, дар поёни сафари худ ба Тоҷикистон Гузоришгари СММ оид ба масоили ақаллиятҳо Фернанд Де Вареннес нигаронии худро дар бораи ҳуқуқи помириҳо дар ВМКБ баён кард. Аз ҷумла Фернанд Де Вареннес аз дастрасии помириҳо ба таҳсил бо забони модарии худашон, аз озодиҳои мазҳабӣ ва намояндагии онҳо дар умури сиёсии давлат изҳори нигаронӣ кардааст.

Тоҷикистон музокиротеро бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар мавриди Созишномаи Ширкат ва Ҳамкории Муштараки пешрафт оғоз намуд, ки дар он ба рушди демократия ва ҳуқуқи асосии инсон эътибори махсус дода мешавад.

Ҳамчунин Тоҷикистон барои иштирок дар нақшаи умумиҷаҳонии ИА доир ба фоидаҳои тиҷорат (GSP+) муроҷиат намуд, ки ин гуна иштирок татбиқи 27 Конвенсияҳои асосии байнулмилалии ҳуқуқи инсон, ҳифзи муҳити зист ва идоракунии дурусти давлатро талаб мекунад. Тоҷикистон Эъломияи Ҷаҳонии Мактабҳои Бехатарро ҳанӯз тасдиқ накардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG