Ин ҳуҷҷат дар пасманзари имзои эҳтимолии қарордоди тиҷоратии Душанбе ва Брюссел ва эҳтимоли пайвастани Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) тасвиб шуд. Маълум нест, оё мақомоти Тоҷикистон равиши худро нисбат ба аҳдҳои додаи худ дар мавриди ҳуқуқи башар тағйир хоҳанд дод ё не. Ҳукумат маъмулан чунин танқидҳоро нодида мегирад.
Санади қабулшуда аз сӯи Порлумони Аврупо ба саркӯби давлат алайҳи расонаҳои мустақил, аз ҷумла рӯзноманигорон ихтисос дода шудааст. Ин мақоми Аврупо аз Душанбе мехоҳад, саркӯби дигарандешонро бас ва рӯзноманигорону мудофеони ҳуқуқи башари боздоштшударо озод карда, шароитро барои фаъолияти расонаҳои озод мутобиқ ба қонунҳои байнулмилалӣ фароҳам кунад.
Вакилони Порлумони Аврупо аз Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд, вазъияти ҳуқуқи башарро дар ҷараёни музокирот бо мақомоти Тоҷикистон дар назар бигиранд.
Қатънома ба чӣ кумак мекунад?
Тайи ду соли гузашта ин қатъномаи дувум аз сӯи Порлумони Аврупо аст, ки рафтори ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум мекунад. Тобистони соли 2022 низ санади ба ин монанд дар мавриди вазъияти ВМКБ қабул шуда буд.
Йоханес Нойперт, ки аз ҳаққи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Аврупо ҳимоя мекунад, гуфт, қатънома таъсири зуд ва мустақим нахоҳад дошт, чун Порлумони Аврупо як ниҳоди қонунгузор ва нозир аст, на ҳукумат.
“Намояндагони Порлумони Аврупо бо қабули ин қатънома паём доданд, ки пайгири вазъияти Тоҷикистон ҳастанд ва дар мавриди фаъолияти рӯзноманигорон ва мудофеони ҳуқуқи башари зиндонӣ ва зери фишор иттилои пурра доранд. Онҳо, инчунин, таъкид карданд, ки озодии сухан бояд ҳангоми имзои созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ дар назар гирифта шавад,” -- мегӯяд Нойперт.
Ба гуфтаи ӯ, Кумисюни Аврупо ва ниҳодҳои умури хориҷии аврупоӣ акнун ҳангоми имзои тавофуқномаҳо ба вазъияти кишвар диққати бештар медиҳанд, зеро дарк мекунанд, ки дар сурати натиҷаҳои ҳосил аз музокирот меъёрҳои баёншуда дар қатъномаро қонеъ накунанд, Порлумони Аврупо мумкин аст аз пазириши мувофиқатномаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон худдорӣ кунад.
Умеде ҳаст?
Стив Свердлов, пажӯҳишгари ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, қатъномаро бисёр муҳим донист ва бовар дорад, ки он ба марказҳои тасмимгирӣ дар Душанбе асар хоҳад гузошт.
“Дархостҳои Иттиҳоди Аврупо дар мавриди амалҳои мушаххас сол аз сол қавитар мешаванд. Порлумони Аврупо дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дарки амиқ дорад. Ин санади тасвибшуда фарогири авзои феълӣ ва буҳрони даҳ сол пеш аст. Агар ман дар Душанбе мебудам, фавран ба он чи дар ҳоли рух додан аст, таваҷҷуҳ мекардам, зеро тамоми бигӯмагӯҳо дар мавриди масъулият ва иқдомоте, ки метавон алайҳи давлатҳое, ки ҳуқуқи башарро нақз мекунанд анҷом дод, ранги дигар мегиранд,” - мегӯяд Свердлов.
Ба гуфтаи вай, дар байни созмонҳои ҳуқуқи башар иттифоқи назар вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон ба далели нақзи ҳуқуқи башар ҳаққи пайвастан ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳод (GSP+)-ро надорад ва Кумисюни Аврупо набояд шитоб кунад. Чизе, ки бо Узбекистон шуд.
Шарт бар ивази авлавиятҳои молӣ
Душанбе ва Брюссел чанд сол боз дар мавриди тавофуқномаи нав дар бораи густариши мушорикат ва ҳамкорӣ ва ҳамчунин дар мавриди пайвастани Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳод (GSP+) музокира мекунанд. Ин як низоми имтиёзист, ки ба кишварҳои дар ҳоли рушд иҷоза медиҳад молу колои худро аз рӯи таърифаҳои сабуккунандаи гумрукӣ ба бозори Иттиҳоди Аврупо ворид кунанд.
Дар иваз Тоҷикистон уҳдадор мешавад, ки 27 конвенсияи тасвибшуда, аз ҷумла дар мавриди ҳуқуқи башар, ҳуқуқи кор ва муҳити зист ва ғайраро риоя кунад. Аммо дар пасманзари музокироти давомдори солҳои охир ниҳодҳои гуногуни Иттиҳоди Аврупо пайваста мақомоти Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи инсон танқид мекунанд.
Як ҳуқуқдон аз Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, GSP+ дар муқоиса бо GSP-и ҳозира ба Иттиҳоди Аврупо барои назорат кардани вазъияти ҳуқуқи башар имкони бештарро фароҳам мекунад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳадафи Иттиҳоди Аврупо дар ин марҳила он аст, ки дар баробари Чин ва Русия барои кишварҳои Осиёи Марказӣ як ҳамкори дигар бошад. Аз ин рӯ, GSP+ на танҳо аҳамияти иқтисодӣ, балки аз нигоҳи сиёсӣ ҳам муҳим аст.
Оё ҳукумати Тоҷикистон тан медиҳад?
Шарти Брюссел дар музокирот бо Душанбе расман мушаххас нест. Аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки пеш аз ҳар чиз метавон суҳбат аз озодии рӯзноманигорон ва фаъолони зиндонӣ дар чанд соли гузашта бошад. Душанбе то ҳол расман ҳеч тамоюле барои қадам ниҳодан дар ин масир нишон надодааст.
Як таҳлилгари сиёсӣ аз Душанбе ба шарти фош нашудани номаш гуфт, ширкатҳои бузурги наздик ба доираҳои ҳукуматӣ алоқаманди пайвастан ба GSP+ ва содир кардани мол ба бозори Иттиҳоди Аврупо мебошанд.
“Аммо, аз сӯи дигар лоббигарҳо дар ниҳодҳои қудратӣ мухолифи озодии чеҳраҳои матраҳанд. Аз ин рӯ, ҳоло чизе гуфтан душвор аст. Бо ин ҳол, дар кишвар раванди интиқоли қудрат дар ҷараён аст. Мо шоҳиди навсозии бахши қудратӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд ҳастем. Ин раванд идома меёбад ва шояд афроди ҷавону каме либерал ба курсиҳои роҳбарӣ мерасанд. Дар ҳар сурат ҳукумат алоқаманди ба намоиш гузоштани тасвири беҳтаре аз худ аст,” -- мегӯяд коршинос
Душанбе ҳанӯз соли 2019 барои пайвастан ба ин низоми GSP+ дархост дод, аммо музокирот то ҳанӯз идома дорад.
Гуфтугӯ