Нашрияи "Важние истории" навишт, ҳамлаварон шаби 22-юми март аз автоматҳои "АК-74" ва "АК-12" ба сӯйи одамон тир холӣ карданд.
Ба қавли мусоҳибони нашрия, автомати "АК-74" қариб ба тамоми гӯшаву канори ҷаҳон содир шуда, ҳатто нусхаи онро дар Покистон истеҳсол кардаанд. Аммо навъи "АК-12", ба гуфтаи онҳо, ҳоло танҳо ба нерӯҳои вижаи Русия ва зархаридони баъзе аз ширкатҳои хусусии низомӣ дастрас шудаанд.
Пас, он чӣ гуна ба дасти ҳамлагарон афтид?
“Силоҳи ҳар низомӣ дар дафтари ҳарбии ӯ сабт шудааст. Вай ба силоҳ даст намерасонад ва ба эҳтимоли зиёд ё дар анбор ё дар ҷое бо қулфу калид нигоҳ медорад. Бо даст додани аввалин фурсат силоҳи асир ё ҳамхидмати кушташудаашро мегираду бо он меҷангад,” – гуфт хабарнигори “Важние истории” Никита Кондратев дар суҳбат бо телевизиони “Настояшее Время”.
Бо ин роҳ, ба гуфтаи Кондратев, як сарбози нерӯҳои Русия метавонад соҳиби чанд силоҳ шавад ва қисме аз онро дар қаламравҳои ишғолшуда дар Украина мефурӯшад.
“Дар мавриди террористҳо. Тоҷирон ва коршиносону низомиёне, ки бо мо суҳбат доштанд, бар ин буданд, ки эҳтимол “АК-12” ба дасти ҳамлагарон тасодуфан афтидааст. Онро эҳтимол бо роҳи пинҳонӣ ба даст овардаанд,” – афзуд Кондратев.
Вай фарзияи муфаттишони Русияро, ки силоҳи истифодашуда дар ҳамлаи “Крокус” аз тариқи Доғистон ворид шудааст, ба воқеият наздик медонад. “Зеро ба Қафқоз маҳсулоти зиёди қочоқӣ аз низомиён дастрас мешавад ва он ҷо мумкин аст силоҳро пайдову дастрас кард,” – шарҳ дод хабарнигор.
Афсари собиқи бригадаи 42-юми артиши Русия, Константин Ефремов, ки моҳи майи соли 2022 аз кор хориҷ шуда, ба Амрико кӯчидааст, ба хабарнигорон нақл кардааст, ки низомиёни Русия силоҳро бо нархи ночиз мефурӯшанд.
Ӯ гуфтааст, “агар то оғози ҷанг туфангча (пистолет) 50-100 ҳазор рубл (тақрибан 500-100 доллар) арзиш дошт, ҳоло дар ҷараёни амалиёти махсуси низомӣ (Русия ҷангро дар Украина чунин меномад) туфангча бо нархи 20 ҳазор рубл ва автомат 30 ҳазор рубл фурӯхта мешавад.”
Афсари собиқи Русия афзудааст, ин силоҳҳоро аксаран ба хориҷ мебаранд: “Мушкил ин аст, ки дар Аврупо назорат бар зидди қочоқи силоҳҳо заиф аст ва амалан як тоҷири бозори сиёҳ метавонад онро тариқи почта ба Аврупо фиристад.”
Ба таъкиди ӯ, автоматҳои калонҳаҷми “Калашников” чандон талабгор надоранд, бинобар ин, онҳоро хеле кам содир мекунанд. Мумкин аст фақат бо супориш берун баранд.
Хабарнигори “Важние истории” Никита Кондратев ҳам мегӯяд, туфангчаҳо, норинҷак (граната) ва АКСУ – навъи кӯтоҳтари автомати Калашников – дар бозори сиёҳ серхаридоранд, “зеро ноаёнанд”. Дар Русия чунин силоҳро дар дасти кормандони пулис ҳам дидан мумкин аст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, соли 2022, баъд аз ҳамлаи бедалели Маскав ба Украина, мизони ҷиноят бо истифода аз силоҳи оташфишон дар Русия сӣ дарсад афзуд. Аксар амалҳои ҷиноиро дар вилоятҳои марзии Курск ва Белгород сабт кардаанд.
Дар ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” рӯзи 22-юми март 144 нафар кушта ва беш аз 500 кас захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ бар дӯш гирифт. Мақомоти Русия дар пайванд ба ҳамла 11 шаҳрванди Тоҷикистон ва як қирғизистониро дастгир карданд, ҳарчанд шубҳаву суол дар мавриди тарроҳии зиёд аст.