Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кори як раис ва ду корманд". Додхоҳии Аҳмади Иброҳим аз Рустами Эмомалӣ


Акси Аҳмади Иброҳим (чап) ва Рустами Эмомалӣ (рост)
Акси Аҳмади Иброҳим (чап) ва Рустами Эмомалӣ (рост)

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, парвандаашро сохта номида, дар номае аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳури Тоҷикистон, додхоҳӣ кардааст. Нома дар моҳи декабри соли 2024 навишта шуда, рӯзи 9-уми январ ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Ӯ гуфтааст, бо гузашти ним сол аз боздошташ вакили мудофеъ (адвокат) надорад ва мақомот аксҳои маҳрамонаи хонаводагӣ ва мукотибаҳои шахсияшро ба зидди ӯ истифода мекунанд.

Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи "Пайк", дар моҳи августи соли 2024 дастгир шуд. Мақомот ӯро ба "ришвадиҳӣ ба маъмури Кумитаи давлатии амнияти миллӣ", "тамаъҷӯӣ" ва "ифротгароӣ" гумонзад дониста, вале шарҳ надодаанд.

Худаш иттиҳомҳоро рад карда, гуфтааст, "агар касе гумон дорад, ки журналистонро роҳбарияти ҳукумат ба маҳбас кашидааст, хато мекунад". Вай боздошташро кори дасти "як раис ва ду корманди мақомот" номида, вале аз касе ном нагирифтааст.

"Дар умрам ба касе пора надодаам, вале маро ба порадиҳӣ айбдор мекунанд. Дар умрам тамаъҷӯӣ накардаам, аммо маро ба тамаъҷӯӣ айбдор доранд. Дар умрам ифротгаро набудам, балки тӯли 22 соли охир ба ифротгароӣ мубориза бурдам. Чӣ гуна мани рӯзноманигор ва нависандаи 6 роман дар васфи зардуштиён салафӣ мешавам?" – навиштааст Аҳмади Иброҳим дар номааш ба Рустами Эмомалӣ.

Ҳарчанд шаҳрвандон имкон доранд, ки барои ҳалли мушкил ба Додгоҳу Додситонӣ ва ниҳодҳои дигари давлатӣ дар Тоҷикистон муроҷиат кунанд, додхоҳиро аз президенту наздикони мансабдораш бартар мешуморанд. Бархе инро натиҷаи яккасардорӣ мепиндоранд, дигарон далели эътимод. Маълум нест, ин номаҳо ба дасти онҳо мерасанд ё не.

Бо гузашти шаш моҳ аз боздошти Аҳмади Иброҳим мақомот ҳанӯз парвандаи ӯро шарҳ надодаанд. Худаш гуфтааст, ҳар пуле, ки барои обунаи ҳафтаномаи "Пайк" ба воситаи "Душанбе Сити Бонк" гузаронда шуд, "тамаъҷӯӣ" арзёбӣ шуд.

Пештар манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки даҳҳо мансабдору тоҷири маҳаллӣ аз ҷониби додситонӣ бозпурсӣ мешаванд ва онҳоро барои шоҳидӣ додан алайҳи Аҳмади Иброҳим маҷбур мекунанд. Аҳмади Иброҳим дар номаҳояш гуфтааст, аз 13 шоҳид дар мурофиаҳо касе зидди ӯ гап назад.

Аҳмади Иброҳим 63-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст. Дар соли 2012 нашрияи мустақили “Пайк”-ро дар Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти чопи онро бар уҳда дошт.

Боздошту иттиҳоми зидди ӯ низ ба кори нашрияаш пайванд мегирад. Вазорати фарҳанг иҷозатномаи кори онро дароз накард ва ӯ гуё барои дастрас кардани иҷозатнома ба як маъмури КДАМ ду ҳазор сомонӣ пешниҳод кардааст. Иттиҳоме, ки дӯстонаш онро сохта ва парвандаи ӯро интиқомгирӣ барои матлабҳои танқидиаш меноманд.

Жанна Кавелйе, масъули барномаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, рӯзи 12-уми декабр гуфт, ки Аҳмади Иброҳим "бар асоси иттиҳомҳои сохта ба ҷавобгарӣ кашида шудааст".

XS
SM
MD
LG