Ойниҳол Бобоназарова: “Ман аввалин духтаре будам, ки аз ҳамон ноҳия (Ёвон) барои хондан ба Душанбе омада будам. Ба факултети ҳуқуқшиносӣ. Умуман ман мактабро бо медали тилло хатм карда будам, лекин то ҳозир медалро нагирифтаам, намедонам барои чӣ?”
Гоҳе ки Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва ходими ҷамъиятӣ, барандаи Ҷоизаи байнулмилалии Зани Шуҷоъ, номзади сабтнашудаи интихоботи президентии Тоҷикистон, мушовири пешини Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, сарвари Бунёди Сорос ва акнун бунёдгузори созмони “Перспектива Плюс” ба 75 соли гузаштаи ҳаёташ менигарад, мебинад, ки он пур аз печутоб ва афтодану бархостан будааст.
Соли 1971 вай риштаи ҳуқуқи донишгоҳро бо дипломи фахрии сурх хатм кард. Ҳамкурсонаш дар суду прокуратура соҳиби кор шуданд, вале ба ӯ коре нарасид: “Як рӯз буд, ки назди хонаамон як мошини Волгаи сиёҳи бадвоҳима омада истод. Падарам ҳайрон шуда гуфт, ки ҳамин қадар хондиву хондӣ, ҳамсояамон як асистент аст, ҳар сол чанд касро дохил мекунад, ту ҷойи кор наёфтӣ. Барои ман ҳам ин аҷиб буд. Бад баромадам, ки як Волгаи сиёҳи бадвоҳима истодагӣ. Аз дохилаш як мард баромад, гуфт, Ойниҳол Бобоназарова шумо. Гуфтам бале. Гуфт шуморо Султон Раҷабов, интизор аст. Вазири пешинаи адлия. Баъд омадам. Ман дар хона побел карда истода будам. Гуфт, тез омадан даркор. Як плаш пӯшидаму омадам. Вақте назди ӯ даромадем, ба ман гуфт, ба шумо наомӯхта буданд, ки ягон кабинет даромадед, болопӯшро мекашед? Гуфтам мебахшед. Дар пойҳоям калуш буд. Баъд гуфт, дар тақсимот ман будам. Ҳама вақт дар тақсимот вазирон иштирок мекарданд. Ман ҳайрон шудам, ки ҳеҷ кас шуморо интихоб накард. Ман фаҳмидам. Гуфт мехоҳам, ман шуморо ба кор гирам.”
ВИДЕОРО ИНҶО БУБИНЕД:
Ойниҳол бо кӯмаки вазири пешини адлия ва Низорамоҳ Зарипова, ходими шинохтаи давлатӣ дар факултаи ҳуқуқшиносӣ ба кор сар кард. Пас аз муддате номзади илм шуд. Тақрибан 20 сол ин ҷо кор кард ва аз он 4 соли охираш декани факултаи ҳуқуқшиносӣ буд. Вақте бозсозӣ сар шуд, ба фаъолияти сиёсӣ пардохт. Соли 1990, дар пайи таъсис ёфтани Ҳизби демократи Шодмон Юсуф ба ин ҳизб пайваст ва увзи раёсати он шуд. Чашмдор набуд, ки муборизаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон то ба ҷанги дохилӣ мерасонанд. Вақте ҳокимият нав шуд ва Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб гашт, Ойниҳол барои фаъолиятҳои сиёсияш ба зиндон афтод.
Ойниҳол Бобоназарова: “Аз факултет омада маро бурда ҳабс карданд. Бо танк омада маро гирифта бурданд. Хайр баъд ҳабс карданд. То соли 1993, қариб ду моҳ дар ҳабс будам, дар боздоштгоҳ ва баъд панҷ соли дигар ҳабси хонагӣ будам.”
Ҳангоме ки дар ҳабси хонагӣ буд, бо пешниҳоди Иттиҳоди мухолифони тоҷик намояндаи онҳо ва мушовири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таъйин гашт. Он вақт буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шахсияти ӯ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ойниҳол Бобоназарова: “Вақте ки маро озод карданд, хонаи ман 19 то конгрессменҳои Амрико омаданд. Он замон Эскудеро сафир буд. Баъд омада ба аз ман суол карданд, ки шумо демократ чаро бо исломистҳо якҷоя шудед? Гуфтам чанд вақт дар хонаи ман мемонед. Гуфтанд як соат, баъд меравем бо Раҳмонов оиди шумо суҳбат мекунем. Гуфтам як роҳи осоне ҳаст, ки ман исбот кунам, ки ман исломист нестам. Як шишаи арақи калони Смирнов доштам, онро оварда дар пиёлаҳо рехтам ва гуфтам биёед, барои демократия, ҳуқуқи инсон менӯшем. Инро дида ҳайрон шуда ва гуфтанд, не ту исломист нестӣ.”
Дар соли 2013 ҳизбҳои мухолиф бо роҳбарии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ Ойниҳол Бобоназароваро номзади ягонаи худ ба мақоми президенти Тоҷикистон пешниҳод карданд. Вале ин номзадӣ бо баҳонаи дуруст набудани чанде аз имзоҳо сабт нашуд ва ӯ натавонист, дар интихобот ширкат кунад.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ: “Мо дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон яке аз тасмимзҳои дуруст ва пурифтихори мо ҷонибдорӣ кардани номзадии Ойниҳол Бобоназарова буд. Аз ҳама баъд мо ба ин пайвастем, дӯстон дар эътилоф пешниҳод карданд, аммо баъд аз он ки эҳсос кардем, ки мутассифона ҷомеаи шаҳрвандӣ Ойниҳолро танҳо хоҳад гузошт, мо бо тамоми қувва ва нерӯ вориди муборизаи сиёсӣ шудем, аз ӯ дифоъ кардем. Ҳатто вақте лозим шуд ман худам шахсан рафтам ба хиёбонҳо ба назди мардум барои имзо ҷамъ кардан. Зеро дар шахсияти ӯ як инсони бисёр ҳам вораста, устувор, тоҷикро ба маънои воқеияш дарёфтем. “
Ойниҳол Бобоназарова нахустин ва дар ҳоли ҳозир ягона тоҷикест, ки барандаи Ҷоизаи байнулмилалии Зани Шуҷоъ шудааст. Барои талошҳои хастагинопазираш дар дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои мардум ва усули вололияти қонун. Соли 2014 ин ҷоизаро ба ӯ Мишел Обама, ҳамсари Барак Обама раиси ҷумҳури собиқи Амрико тақдим кард.
Ойниҳол Бобоназароваро бахше аз таърихи Тоҷикистон мешуморанд. Аҳмадшоҳ Комилзода, узви Ҳизби демократи Тоҷикистон:
“Дар бораи ҷабҳаҳои дигари муборизаи ин зани далеру ҷасур дар матбуот ҳам зиёд навишта мешавад, дар миёни мардум, дар гуфтугузори мардум ҳам зиёд мушоҳида мешавад. Воқеан як одами таҳаммулпазир, одами донишманд, аз нигоҳи ҳуқуқ, аз нигоҳи донишҳои дигари ҷомеа ҳастанд. Дар маҷмӯъ барои дифоъ аз ҳуқуқи инсон муборизаи зиёде анҷом додааст, ки ҳамин навъи муборизаҳои ӯ боиси обрӯ ва эътиборашон шудаанд. “
Баъди имзои Cозишномаи сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифон, ӯ ба мақоми муовини додситони кулли Тоҷикистон пешбарӣ шуд, вале ин мансабро напазируфт. Гоҳе ки Ойниҳол Боназарова ба умри гузаштаи худ менигарад, бовар дорад, ки дар тамоми тӯли он ба хотири як чиз зистааст. Ба хотири ҳақиқат ва дифоъ аз он. Биноан, пушаймон нест.
Гуфтугӯ