Дар ин бора вазорати умури хориҷӣ ба хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дода ва гуфтааст, ки Туркия рӯзи 6-уми апрел “ҷониби Тоҷикистонро тавассути роҳҳои дипломатӣ аз ин тадбир огоҳ намуд.” Пештар аз ин хабар, як дипломати тоҷик ҳам айни гапро ба Радиои Озодӣ гуфт.
Қарор дар бораи аз байн бурдани сафари бидуни раводиди тоҷикон ба Туркияро раиси ҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 6-уми апрел имзо кардааст ва сабабашро ҳам нагуфтаанд. Аммо бисёриҳо ҳадс задаанд, ки ба ҳамлаи маргбор ба толори консертии Крокус дар вилояти Маскав муттаҳам шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақши эҳтимолии онҳо дар ҳамла ба як калисои Туркия дар гузашта, сабаби чунин тасмим шуда бошад. Анкара баъди ҳамла ба Крокус гуфт, ки ду гумонбари ҳамла баъди сафари кӯтоҳмуддате ба Туркия аз Истамбул ба Маскав рафтаанд. Дар ҳамлаи рӯзи 22-уми март, ки пеш аз шуруи консерте сурат гирифт, бештар аз 140 нафар кушта шуданд.
Теъдоде аз таҳлилгарону коршиносон дар бораи қарори ғайриинтизори Туркия назару андешаҳои худро гуфтаанд, ки чаро Анкара ба чунин коре даст зад. Шералӣ Ризоён, таҳлилгари тоҷик гуфтааст, ки маҳрум кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳаққи сафари бидуни раводид, паёмадҳои иқтисодии ҷиддие барои кишвар надорад. Вай дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст, “Интизор надорем, ки ягон паёмади иҷтимоиву иқтисодӣ барои Тоҷикистон дошта метавонад, зеро ҳар касе барои коре ба онҷо рафтанист, виза гирифта меравад.”
Ба қавли ӯ, агар Туркия дарашро ба рӯи Тоҷикистон баст, пас дари дигаре дар ҷойи дигаре боз мешавад. Айни замон ба қавли ӯ қарори Туркия ба робитаҳои дутарафа таъсир мегузорад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз соли 2018 ҳақ доштанд, мисли сокинони даҳҳо кишвари дигар бидуни раводид ва ё виза сафар кунанд ва то 90 рӯз онҷо бимонанд. Тоҷикистон фақат соли 2021 ба шаҳрвандони оддии Туркия ҳаққи сафари бидуни раводид ба қаламрави худро иҷоза дод ва онҳо метавонистанд, то 30 рӯз дар Тоҷикистон бимонанд.
Аз Тоҷикистон ба Туркия ҳафтае шаш бор тавассути ширкатҳои Turkish Airlines ва “Сомон Эйр” парвозҳо ба Истамбул сурат мегирад ва ин хатсайр инчунин барои парвозҳои транзитии байналмилалӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон масири асосӣ ба ҳисоб мераванд. Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, соли 2022 табодули мол миёни ду кишвар бештар аз 350 миллион долларро ташкил додааст.
Гуфтугӯ