Додгоҳи ноҳияи Басманнйии шаҳри Маскав рӯзи 5-уми апрел ҳукм кард, ки Шарифзода Муҳаммад Зоир то 22-юми майи имсол дар Боздоштгоҳи муваққатӣ истад. Дар бораи ӯ ва робитааш бо ҳамла дар Русия маълум нест.
Дафтари матбуоти Додгоҳи ноҳияи Басманний хабар дод, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба "амали террористӣ" муттаҳам аст. Ба сабаби пӯшида будани мурофиа назари ӯ ё вакили мудофеаш дастрас нест. Мурофиаи Муҳаммад Шарифзода бе эълони пешакӣ баргузор шуд.
Ин шаҳрванди даҳуми Тоҷикистон аст, ки ба гумони даст доштан дар ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун ёздаҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Даҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Се нафари онҳо ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Бо гузашти беш аз ду ҳафта аз ҳодиса мақомоти Тоҷикистон боздошти шаҳрвандон ва вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ намедиҳанд.