Ӯ дар идома гуфтааст: "Нерӯҳои пулис ба корхонаи мо омада, маро бурданд. Ҳуҷҷатҳоям дуруст аст, баҳона мекобанд. Мехоҳӣ ё не, 5 ҳазор рубл гирифта истодаанд. Тоҷик бисёр бисёр аст. Тоҷиконро ҷонашон дар азоб аст. Мебинӣ дилат месӯзад, алам мекунад."
Ин зани муҳоҷири тоҷик дар як ошхона кор мекунад. Мегӯяд, фарзанди маъюб дорад ва маҷбур буд ӯро дар Тоҷикистон гузошта, барои кор ба Русия равад. Ба гуфтаи вай, баъд аз ҳамлаи охир дар Маскав (22-юми март) муносибати атрофиён ҳам бо ӯ дигар шуд ва кору зиндагӣ барояш сахттар гардид.
“Дар лифт диданд, салом додем, алейк нагирифтанд. Ҳамон одамҳое, ки пеш салом мекарданд. Дар корхона ҳам ҳар сония телефонҳоро монда, хабарҳоро мебинанд ва гапҳое мисли ин зиёд аст, ки тоҷикҳоро бароред. Ман гуфтам, террорист миллат надорад. Тамоми тоҷикон бад нестанд,” – нақл кард зан.
Ба мисли ӯ даҳҳо нафари дигар аз боздошту тафтишҳои беасос, ихроҷ ва рафтори бади пулиси Русия дар бештар аз як ҳафтаи охир бо онҳо шикоят мекунанд. Мақомоти Русия ҳам пинҳон намекунанд, ки назорат ва тафтиши муҳоҷирон дар гӯшаҳои ин кишвар сахттар шудааст.
Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, гоҳе дар як рӯз чанд бор ба дасти пулис меафтанду мавриди суолборон қарор мегиранд. Акнун ба гуфтаи муҳоҷирон зимни тафтишҳо пулис телефонҳои онҳоро тагурӯ карда, мепурсад, ки силоҳ доранд ё не ва ё намояндаи кадом миллат ҳастанд.
Шӯҳрат, муҳоҷири узбекистонӣ, мегӯяд: "Дар тӯли 10 соат шиносномаи моро тафтиш карда, сурат гирифтанд. Телефонамро кофтанд ва тамоми рақамҳоеро, ки тамос гирифтаам, санҷиданд. Ҳуҷҷатҳо ва миллатамро пурсиданд. Ман гуфтам, ки узбек ҳастам. Гуфтанд, силоҳ доред? Гуфтам, ки ба ман силоҳ лозим нест. Боз пурсиданд, ки кай омадӣ, бо кӣ суҳбат мекунӣ, дар куҷо кор мекунӣ?”
Ҳамроҳи Шӯҳрат пулиси Русия 20 муҳоҷири дигар аз Узбекистону Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Дертар узбекистониҳоро ҷавоб дода, аммо муҳоҷирони тоҷикро нигаҳ доштанд. Ба гуфтаи Шӯҳрат, пулис бо шаҳрвандони Тоҷикистон муносибати бадтар мекард.
“Тоҷиконро боздошт ва бо калтак латукӯб карданд. Як ҷавон гуфт, ӯро заданд ва пояш дард мекунад. Вале бо мо узбекистониҳо, чунин рафтор накарданд. Фақат дағал гап задаву таҳқир карданд,” – афзуд ӯ.
Дар ин байн муҳоҷироне ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, ба ҷуз каме зиёд шудани тафтишҳо, вазъ чандон тағйир накардааст. Мақомоти Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки ҷойи нигаронӣ нест, аммо дертар муовини вазири кору муҳоҷират гуфт, ки теъдоди зиёди муҳоҷирон мехоҳанд аз Русия ба кишвар баргарданд, чун аз сарнавишти худ нигарон ҳастанд.
Вазорати кору муҳоҷират бо нашри як эълон рӯзи 27-уми март рақами телефони намояндагиҳои ин ниҳодро дар Русия пешниҳод карда, аз муҳоҷирон хостааст, дар сурати ба мушкил дучор шудан, ба ин рақамҳо тамос гиранд.
Пойгоҳи migrant.uz бо таваҷҷӯҳ ба ҳодисаҳои охир барои муҳоҷирони узбекистонӣ чанд тавсияи ҳуқуқшиносонро пешниҳод кардааст. Дар он аз ҷумла таъкид шудааст, ки
- “Санадҳоро барои кору зиндагии худ дуруст кунед;
- Хотираи телефону ноутбукҳои худро пайваста худро пок кунед;
- Дар ҷойҳои ҷаъмиятӣ камтар ҳозир шавед.”
Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, баъд аз ҳамлаи маргбор дар Маскав, ҳазорҳо муҳоҷир барои машварату ёрӣ ба онҳо муроҷиат мекарданд. Онҳо ба муҳоҷирон тавсия медиҳанд, ки дар ин рӯзҳо талош кунанд ба масҷидҳои ғайрирасмӣ нараванд ва барои эҳтиёт ришҳои бетартиб нагузоранд, чун метавонад баҳонаи боздошти онҳо аз сӯйи пулиси Русия шавад.