Мақомоти Русия аз 22-юми март ба ин тараф ҳашт шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми "амали террористӣ" ба ҳабс гирифтанд. Камаш чаҳор нафари онҳо бо рӯйи вараму сиёҳ, гӯши бурида, дар аробаи маъюбӣ ва дар ҳолати сардаргумӣ ба толори Додгоҳ оварда шуданд.
"Таъкид мекунем, ки боздоштшудаҳо гумонбар ҳастанд ва ҳама гуна ҷазои пешакӣ ва бе ҳукми Суд дар ҳаққи онҳо хилофи тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад," – гуфта шудааст дар номаи Кумита.
Нусхаи онро рӯзи 30-юми март ба ҳукумати Тоҷикистону Русия, Эътилофи зидди шиканҷа ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Душанбе ва Маскав фиристодаанд.
Ба гуфтаи муаллифон, "ҳайати Тоҷикистон бояд ба далелу ҳуҷҷатҳои тафтишотӣ дастрасӣ дошта бошад, то тавонад як таҳқиқоти мустақилро барои итминон аз риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва қонун дар баробари гумонбаршудагон анҷом диҳад."
Ҳуқуқдони маъруф Ойниҳол Бобоназарова низ рӯзи 31-уми март дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд дар раванди тафтиши қазия ширкат дошта бошад. “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки дар рафти тафтиш иштирок намояд ва онҳоро бо адвокат таъмин кунад,” – гуфт ӯ.
Пештар дар бораи ба Тоҷикистон омадани як гурӯҳи муфаттишон аз Русия гузориш шуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон расман дар бораи ба Маскав фиристодани намояндагони худ чизе нагуфтаанд. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон, дар барномаи "Гапи Озод"-и Радиои Озодӣ ишора кард, ки "шахсони масъули мақомоти қудратӣ машғул ҳастанд. Як гурӯҳ ба Маскав рафтааст. Интизор мешавем, ки чӣ натиҷа медиҳад."
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки аз боздошту бозпурсии хонаводаи 4 гумонбари асосӣ даст бардорад. Баъзе аз онҳо аз 23-юми март ба ин сӯ дар бозпурсӣ ҳастанд.
Ин созмон аз ҳукумати Русия низ тақозо кардааст, ки аз таъқиб ва фишори муҳоҷирони кории тоҷик даст бардорад.