Муҳоҷирони тоҷик дар Русия шикоят доранд, ки пас аз ҳамлаи террористӣ ҳарчи бештар ҳадафи хушунат, бадрафторӣ ва беадолатӣ қарор мегиранд. Гурӯҳе аз муҳоҷирон бо фиристодани наворе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамаи онҳоро танҳо барои тоҷик буданашон аз кор ронда, бархе аз Русия ихроҷ карда шудаанд.
Аз мавридҳои латукӯби муҳоҷирон ҳам хабар мерасад. Баъзе аз муштариён аз хидмати таксиронҳои тоҷик даст мекашанд ва аввал мепурсанд, ки ронанда аз кадом кишвар аст. "Салом, миллати Шумо чӣ аст? Агар аз Тоҷикистонед, фармоишро бекор кунед," – навиштааст яке аз онҳо.
Муҳоҷирон аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам мавриди фишор қарор гирифтаанд. "Бубинед, баъд аз ҳамла чӣ ҳолат рух медиҳад. Фармоиш якбора бо суол омад. Навиштааст, ки аз кадом миллат ҳастед? Ман навиштам, ки қирғиз ҳастам ва рафтам. Ҳоло ин ҷо расидаву интизорам," -- нақл кард як муҳоҷири корӣ аз Қирғизистон.
Чанде аз муҳоҷирон ба ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик шикоят кардаанд, ки онҳоро дар фурудгоҳ иҷозаи вуруд ба Русия надоданд ва барои солҳои дароз хориҷ карданд. Даҳҳо муҳоҷири қирғиз ҳам дар фурудгоҳ боздошт шудаанд.
Як муҳоҷири қирғизистонӣ гуфт: "Ҳуҷҷатҳои мо дурустанд. Моро ин ҷо маҳкам кардаанд. Хӯрок намедиҳанд, ба мисли ҷинояткор дар ин ҷо нигаҳ медоранд. Ҳатто барои рафтан ба ҳоҷатхона иҷоза намедиҳанд. Моро маҷбур карданд, ки як санадро имзо кунем. Намегӯянд, ки чаро."
Тарс аз афзоиши рӯҳияи бегонаситезӣ дар Русия ва рейду тафтишҳо сабаб шуда, ки баъзе аз муҳоҷирон ба ватан баргарданд.
"Тоза кардан"-и Русия аз муҳоҷирон, ба кор қабул накардани онҳо ва надодани хонаи иҷора аз пешниҳодҳоест, ки ин шабу рӯз аз сӯйи мансабдорону чеҳраҳои маъруфи Русия садо медиҳанд.
Сергей Оксенов, раҳбари Қрими ишғолшуда, мегӯяд, “гумонбароне, ки расонаҳо дар бораашон хабар медиҳанд, муҳоҷиранд. Ва ин аз мушкили сиёсати муҳоҷирати мо дарак медиҳад. Қариб ҳар рӯз расонаҳо аз ҷиноятҳое хабар медиҳанд, ки муҳоҷирон содир мекунанд”.
Ҳунарпеша Андрей Гаудилян гуфт: “Ман дар хашму ғазаб ҳастам ва наметавонам вонамуд кунам, ки бароям миллати террористон аҳамият надорад. Муҳоҷирати беназорат, инро ҳама медонанд, ҳама бад мебинанд, аммо садо баланд кардан мумкин нест. “Дӯстии халқҳо ҳаст”-ку”.
Дар Думаи давлатии Русия ҳам пешниҳод кардаанд, ки вуруди муҳоҷирон ба Русия маҳдуд карда шавад. Вакили рус Михаил Шеремет муҳоҷиронро хатар номид.
“Шаҳрвандони хориҷӣ, ки марзро убур мекунанд, хатар доранд. Ин хатар махсусан ба худи онҳо таҳдид мекунад, зеро онҳо амалан аз сӯйи хадамоти махсуси иктишофии ғарб, чун як воситае барои ташкили амалҳои террористӣ дар Русия ва ноором кардани вазъ истифода мешаванд.”
Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аст. То вуқӯи ҳамлаи маргбор ҳам дар ин кишвар рӯҳия ва мавридҳои бегонаситезӣ ҷой дошт.
Видеоро дар инҷо бинед: