Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони онҳое, ки ҳангоми ҳамла ба "Крокус" ҷони даҳҳо касро наҷот доданд


Достони онҳое, ки дар "Крокус Ситӣ Ҳолл" даҳҳо касро наҷот доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Ҳангоми ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав қаҳрамононе ҳам буданд, ки ҷони даҳҳо нафарро наҷот додаанд.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зуд паҳн шуд, дида мешавад, ки чӣ гуна як писари 15-солаи қирғиз одамонро ба макони бехатар роҳнамоӣ мекунад. Ислом Халилов, ки дар гардероб ё либосхонаи "Крокус Сити Ҳолл" кор мекард, тақрибан 100 нафарро наҷот дод.

Ислом Халилов мегӯяд, одамон ба давидан ва доду фарёд сар карданд ва ӯ фаҳмид, ки бояд фавран амал кунад: "Ҳама чизро зуд анҷом додам. Ман дарк кардам, ки агар дар ҷоям биистам, ҷони худ ва ва садҳо нафари дигарро аз даст медиҳам."

Ислом Халилов.
Ислом Халилов.

Ойпарӣ Халилова, модари Ислом, гуфт, "аз он ки писарам сиҳату саломат баргашт, аз шодӣ гиря кардам. Ӯро ба оғӯш гирифта, Худои бузургро шукр гуфтам. Ӯ ба хона танҳо ва дар ҳолати шок омад. Вай меларзид. Баъд ман ӯро ором кардам."

Халилов мухлиси дастаи футболи "Спартак"-и Маскав аст. Вақте корнамоии ӯ расонаӣ шуд, клуб наврасро ба мулоқот бо бозигарон даъват карда, барояш нимтана ва билети доимиро барои тамошои бозиҳои ин даста тақдим намуд.

Репсарои шинохта Моргенштерн ба ҳисоби Ислом Халилов 1 миллион рубл гузаронд.

Писари 14-солаи рус Артём Донсков низ барои фирори мардум кумак расондааст. "Мардум ба як роҳе рафтанд, ки онҳоро ба бунбаст бурд. Ман ва рафиқонам ин ҳолатро дида, вазъиятро ба даст гирифтем. Мо онҳоро гардондем ва роҳи дурустро барои берун рафтан нишон додем," -- нақл кард ӯ.

Қаҳрамони дигар як марди узбек буд, ки дар "Крокус Сити Ҳолл" ҳамчун пешхидмат кор мекунад. Комил Насибов мегӯяд, ӯ тақрибан ба 80 нафар барои расидан то ба мошини "Ёрии таъҷилӣ" мадад расондааст.

Бунафшоҳ Эркинов низ ба осебдидагони ҳамла ёрӣ намуд. Ин ҷавони 17-солаи тоҷик дар меҳмонхонаи "Аквариум"-и Маскав пешхидмат аст. Ҳангоми ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" даҳҳо нафар ба ин меҳмонхона паноҳ бурданд.

Меҳмонхонаи "Аквариум" аз "Крокус Сити Ҳолл" дар масофаи 300 метр дуртар ҷойгир аст. Бунафшоҳ ба осебдидагон кумаки аввалияи тиббӣ расондааст. Ин ҷавон сокини шаҳри Конибодом буда, дар Маскав кор мекунад.

Ҳамчунин ҷавонон аз созмони иҷтимоии тоҷикони Русия - "Нур" ба онҳое, ки барои осебдидагон хун месупурданд, чойи гарм ва хӯрок доданд.

Дар ёдгории худҷӯши гиромидошти хотираи қурбониён лавҳа ва гулчанбарҳое аз номи тоҷикон Русия гузошта шуд.

Рӯзи 22-юми март чаҳор шахси мусаллаҳ ба толори консертии "Крокус" дар канори шаҳри Маскав ворид шуда, бо силоҳи автоматӣ 139 нафарро куштанд. Бештар аз 200 нафари дигар захм бардоштанд.

XS
SM
MD
LG