Ҳама чиро сабук вонамуд мекунанд, то аз ваҳшатҳо, бемориҳои марговар ва азоби виҷдон чизе нагӯянд. Ин тасвири кӯтоҳе буд аз кори занону духтароне, ки ба танфурӯшӣ машғуланд. Касе аз рӯйи ночориву эҳтиёҷ ва барои рӯзгузаронӣ, касе ҳам, ба қавли бархе, бо ҳадафи дарёфти пули осон. Онҳо киҳоянд? Чӣ маҷбурашон карда, ки аз ин роҳ бираванд? Магар роҳе дигар барои сохтани як зиндагии оддиву солимро доштанд?
“Сабукпо” ё “Фоҳиша”
Дар барномаи "Салом, хоҳар" ба ин суолҳо посух ҷустем.
Кору шеваи зиндагии ин гурӯҳи занон дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша баҳсбарангез буду ҳаст. Аз онҳо аксар чун занони “Сабукпо” ё “Фоҳиша” ном мебаранд ва онҳоро ба вайрон кардани ахлоқи ҷомеа муттаҳам мекунанд.
Дар Тоҷикистон чанд сол пеш дар як пурсиш дар миёни садҳо духтари танфурӯш гуфтанд, бисёре аз онҳо иқрор шудаанд, ки солона аз 1000 то ба 1500 мард хидмат мекунанд. Яъне рӯзона то 5 мард ҳам ба суроғи онҳо меомадааст. Дар ин пурсиш беш аз 80 дар сад духтарон гуфтаанд, агар вазъи молии онҳо хуб мебуд, ба ин кор даст намезаданд.
Мақомот соли 2018 гуфтанд, ки дар кишвар тақрибан 6 ҳазор танфурӯш сабт шудааст.
Дар кишвар барои танфурушӣ аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима пешинӣ шудааст ва дар сурати такрори амал 15 рӯз пушти панҷара мераванд. Аммо дар бархе ҳолатҳои дигар ин гурӯҳи занон барои сирояти мардон ба бемориҳои сироятӣ то 10 сол зиндонӣ мешаванд. Мисли як зане аз Конибодом, ки соли гузашта бо гумони сирояти 11 мард боздошт шуда буд.
Чаро танфурӯш мешаванд?
Фариштамоҳ Гулова, аз зумраи занони фаъоле аст, ки беш аз 10 сол боз бо гурӯҳи духтарони осебпазир, аз ҷумла танфурӯшон кор кардааст. Ӯ ва созмонашон бо номи "Имкониятҳои баробар" ба ин занон кӯмакҳои ҳуқуқиву равонӣ пешниҳод мекарданд.
Фариштамоҳ бо зиндагии даҳҳо чунин зану духтарон ошно ва аз дарди дили онҳо огоҳ шудааст. Аз Фариштамоҳ, ки розӣ шуд бо мо дар ин бора суҳбат кунад, аввал пурсидем, ки чӣ аксаран ин занону духтаронро водор мекунад, ки касби хатарноки танфурӯширо пеш мегиранд.
“Аз ночорӣ, аз ноилоҷӣ, аз мушкилиҳои зиёд дар зиндагӣ ба ин кор даст задаанд. Танҳо мондаанд, маълумот надоранд, касб надоранд, ягон ихтисос надоранд, кадбону нестанд ва роҳи осони корро мекобанд. Бештари маврид дар доми фиреб меафтанд. Ҳастанд, заноне, ки ба доми фиреби баъзеи дигар афтодаанд. Яъне онҳоро фиреб дода, ба ин роҳ овардаанд ва баъдан барои онҳо мисли одат шудааст. Албатта намехоҳам, доир ба ҳама занон як хел суҳбат кунам, вале бояд бигӯям, ки мутаасифона бештаре аз заноне, ки ба ин роҳ мераванд, аз ин роҳ баргаштан барояшон хеле мушкил аст,"--гуфт ӯ.
"Узви нолозими ҷомеа мешаванд"
Фаришатмоҳ Гулова, ки собиқаи суҳбат бо ин гурӯҳи занонро дорад, мегӯяд, аксари ин занон аз 18 то 35-сола ҳастанд.
Ӯ гуфт: "Дар бозори ингуна одамон ҷавонон бештар харидор доранд гӯем, хато намекунем. Мутаасифона, вале ҳақиқат аст, ҳақиқати талхе, ки маҳз дар ҳамин синну соли репродуктивӣ, ки ҳаминҳо бояд солим бошанд, онҳо бояд касб омӯзанд, онҳо бояд, тараққӣ кунанд, рушд кунанд, мутаасифона ба дигар корҳо даст мезананд ва як узви нолозими ҷомеаи имрӯза мегарданд. Барои чӣ узви нолозим? Яъне касе онҳоро қабул намекунад, намефаҳмад, дастгирӣ намекунад, кӯмак намерасонад."
Барномаро инҷо тамошо кунед:
Дар гузашта дар Тоҷикистон пешниҳоде садо дода буд, ки мардоне ҳам, ки аз хидмати танфурушон истифода мебаранд, ҷазо дода шаванд. Солҳост дар ҷомеа ин баҳс ҷой дорад, ки чаро фақат занон барои ин кор маҳкум мешаванд. Фариштамоҳ дар бораи муносибати ҷомеа ва атрофёиён бо занони танфурӯш чунин гуфт: "Ростӣ гап ҳамарӯза бо фишорҳо, табъизу тамғагузорӣ рӯ ба рӯ мешаванд, чунки аз ҷиҳати ҳуқуқӣ назар афканем, онҳо бештар шикоят мекунанд, ки аз оила онҳоро меронанд. Албатта, падару модар қабул намекунанд, чунки пеш аз ҳама онҳо мегӯянд, ки мо мусулмон ҳастем ва ту набояд ба ин корҳо даст мезадӣ. Оила надоранд, шавҳар надоранд. Бародарон нигоҳ намекунанд, ҷомеа умуман куҷое, ки иҷора менишинанд, онҳоро меронанд. Бештари маврид нозирони минтақавии милиса ва дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқи онҳоро таъқиб мекунанд ва мунтазам ба ҳабс мекашанд, бар асоси шикояти ҷомеа. Яъне, ҷомеа онҳоро қабул надорад, вале намедонам, танҳо занҳоро табъиз мекунанд, нисбат ба мардоне, ки аз хидмати онҳо истифода мебаранд, чизе намегӯянд. Он масъалаҳое, ки ин мардумро азият медиҳад, ин аввал хушунат аз ҷониби аҳли оила, хушунат аз ҷониби ёру дӯстон. Яъне, латукӯб ҳам мекунанд, онҳоро, ба кор ҷалб мекунанду баъдан пулашонро намедиҳанд. Ба ҷойи он ки маблағи корашонро бидиҳанд, фиреб мекунанд, ё ин ки ҳолатҳое буданд, ки духтарон шикоят карданд, ки як нафар онҳоро ҷалб мекунад, вале вақте ба ҷойи лозима меоянд, дар онҷо мардуми зиёдтар онҳоро интизор аст, ки ин таҷовуз аст. Вале онҳо наменависанд. Равоншинос бо онҳо кор мекунад, табибон кор мекунанд, вале онҳо омода нестанд, ки ариза бинависанд ва он одамонеро, ки онҳоро азият медиҳанд, ба ҷавобгарӣ бикашанд. Мегӯянд, беҳтар аст, ман хомӯш бошам, чунки пагоҳ маро намегузоранд, дар нуқтаи кориам биистам."
Роҳи ҳал чист?
Бархе мегӯянд, бояд ҷазо барои ин гурӯҳи занон сахттар шавад, гурӯҳи дигар баръакс, бар ин боваранд, ки ҷазову танбеҳ роҳҳал нест. "Тибқи Кодекси маъмурии Тоҷикистон вақте ки зан ё ҳаргуна шахсро ҳангоми танфурӯшӣ дастгир мекунанд, онҳоро бори аввал танбеҳ медиҳанд. Бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд ва баъдан агар нафаҳмиданд, бори дуввуму сеюм онҳоро ҷарима мекунанду онҳоро ба маҳкама мекашанд. Понздаҳ рӯз дар макони махсусе, ки бо онҳо корҳои таълиму тарбиявӣ гузаронида мешавад, то аз ҳамин роҳ баргарданд. Вале ман фикр мекунам, ки ҷазо боиси ислоҳшавӣ нест. То айни ҳол ягон навъи ҷазо одамро ислоҳ накардааст. Дар бештари маврид ҷазо боиси он мегардад, хато намекунам, агар дағалона ҳам бигӯям, пустро ғафс мекунад. Ингуна шахсон мегӯянд, хайр баъд чӣ? Камтар пасандоз мекунам, 1500 сомонӣ ҷаримаро мепардозам, ё бо нозири минтақавӣ забон як мекунам, дигару дигар. Ман то ҳол надидам дар ҳамин 10 соли охир, шахсеро ки гӯяд, ман баъди ҷазо дигар шудам,"--гуфт Гулова.
Танфурӯширо касби қадими дунё медонанд. Фариштамоҳ Гулова мегӯяд, аз ибтидо ингуна занҳо ва ингуна мардҳо буданд.
"Барои коҳиш додани танфурӯшӣ мо бояд таълиму тарбияро мустаҳкам кунем. Таълиму тарбияи на танҳо замонавӣ, аз ҷиҳати динӣ ҳам дар баъзе мавридҳо боиси пешравӣ аст. Дар мо бояд, корҳои фаҳмондадиҳиро бештар кунем, таълиму тарбияро мустаҳкам кунем. Нисбат ба таҳсил, омӯзиши забонҳо, касб барои духтарон пеш аз ҳама. Маҷбур кунем, ё коре кунем, ки синфи 11-ро хатм кунанд. То синфи 11 як касб бигиранд, дӯзандагӣ, пазандагӣ, қошчинӣ, ороиши рӯю мӯй, дигару дигар, то ки пагоҳ, Худо накунад, маъюб мешавад, саломатиашро аз даст медиҳад, ё ин ки ҳуқуқашро помол мекунаду аз оила ҷудо мешавад, нони худашро соҳиб шавад. На дастнигари падару модар на хешу табор гардад. Худаш тавонад ба пой хезад. Кори хуб, ҷойи хуб, илми хуб дошта бошад,"--гуфт Гулова.
Зане, ки аз танфурӯшӣ даст кашид ва тоҷир шуд
Дар зимн, намунаҳое ҳам ҳастанд, ки занон баъди чандин соли танфурӯшӣ тавонистаанд онро тарк ва зиндагии худро тағйир диҳанд. Мо бо як зане суҳбат кардем, ки гуфт, аз ин роҳ баргаштааст. Дар наворе ба созмони “Имкониятҳои баробар” ӯ нақл мекунад, ки як муддат дар боздоштгоҳ буд, баъдан танфурӯшӣ кард. Мегӯяд, бо роҳнамоиву кӯмаки муттахассисони созмон нигоҳаш ба зиндагӣ ва тавоноии худ тағйир ёфт.
“Дар 4- 5 сол ягон сум ҷамъ накардам. Баъд кушиш кардам, ҷамъ карда, бо он пул замин харидам. Ба мурғпарварӣ машғул шудам. Яке якбора 400 ҷуҷа харидам. Қариб 50 тоаш мурд. Баъд омада, ҷойи духтурҳои бойторӣ, бурда нишон додам духтурро. Роҳи дурусти нигоҳубини ҷуҷаҳоро нишон дод. 300 тояш калон шуд. Ҳоло аз даруни мурғҳо баромада наметавонам. Барои хона харид мекунам. Ба писаронам кӯмак мекунам. Фикр мекунам, зан ҳам ба танҳоӣ метавонад ба чизе бирасад,”—гуфт ин зан, ки нахост номашро зикр кунем.
Эҷоди ҷойҳои кори беҳтар, таҳсили муносиб ва боло бурдании огоҳии занонро таҳлилгарон аз роҳҳои муассири кӯмак ба онҳо барои беҳтар кардани зиндагӣ медонанд.