Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 46 ҳазор кас хостаанд, ҷасади Навалнийро ба наздиконаш диҳанд


Алексей Навалний 47-сола буд
Алексей Навалний 47-сола буд

Пас аз эълони марги Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифон дар Русия, беш аз 46 ҳазор нафар бо ирсоли нома аз Кумитаи тафтишотӣ хостаанд, ки ҷасади сиёсатмадорро ба наздиконаш диҳанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ин ташаббусро 17-уми феврал ба роҳ монданд.

"Намояндагони маҳбас сабаби фавти сиёсатмадорро нишонаи марги ногаҳонӣ меноманд. Кумити тафтишотии Салехард мегӯяд, сабаби марги Навалний ҳанӯз маълум нест ва ташхиси дубораи судӣ таъйин шудааст ва қарор аст, натиҷаи он ҳафтаи оянда маълум шавад. Наздикон ва ҷонибдорони мухолифи рус бар инанд, ки мақомот бо ин роҳ мехоҳанд сабаби асосии марги ӯро пинҳон кунанд", -- навиштааст тарҳи "ОВД-Инфо".

Ба модари Навалний ҳатто ҷасади писарашро нишон намедиҳанд. Дар сардхонаи Салехард ба ӯ гуфтаанд, ки гуё ҷасад дар онҷо нест.

Тавре "ОВД-Инфо" навишт, санҷиши сабаби марги Навалний, ки аз сӯи Кумитаи тафтишотӣ анҷом дода мешавад, имкон медиҳад, то супоридани ҷасади ӯ ба наздиконаш то 30 рӯз ба таъхир афтад.

Хадамоти иҷрои ҷазои Русия рӯзи 16-уми фаврал дар як баёния хабар дод, ки Алексей Навалний ҳангоми қадамзанӣ аз ҳуш рафт. Пизишкони ёрии таъҷилӣ ба кумакаш омаданд, вале ӯ ҷон додааст. Навалний, яке аз муборизон ба зидди фасодкорӣ дар Русия ва сиёсатмадори шинохта дар ин кишвар 47-сола буд.

Марги ӯ сабаби андӯҳи мардуми зиёде дар Русия шуд ва раҳбарони кишварҳои хориҷӣ президент Владимир Путинро гунаҳкори марги ӯ номида маҳкум карданд.

Алексей Навалний соли 2021 боздошт ва зиндонӣ шуд.

XS
SM
MD
LG