Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адои эҳтиром ба Навалний. Пулис беш аз 400 нафарро боздошт кард


OVD-Info, гурӯҳи ҳуқуқи башар, мегӯяд, беш аз 400 нафар дар Русия ҳангоми адои эҳтиром ба Алексей Навалний, мухолиф ва мунтақиди сарсахти Владимир Путин, боздошт шудаанд. Навалний рӯзи 16-уми феврал дар зиндоне дар Русия даргузашт. 47-сола буд.

Ба гузориши "Ассошиэйтед Пресс", марги ногаҳонии Алексей Навалний зарбаи сахт барои бисёре аз русҳо буд, ки умедашонро барои оянда ба мухолифи сарсахттарини Путин, президенти Русия, баста буданд.

Рӯзҳои ҷумъа ва шанбе садҳо нафар бо гузоштани дастагул ва рӯшан кардани чароғ дар маконҳои ёдбуди қурбониёни саркӯбҳои сиёсӣ, ба Навалний адои эҳтиром карданд.

Бар асоси маълумоти Гурӯҳи ҳуқуқи башар бо номи OVD-Info, чорсаду як нафар то шоми шанбе дар беш аз 10 шаҳри Русия аз сӯи пулис боздошт шуда буданд. Ин гурӯҳ гуфтааст, бисёре аз боздоштҳо дар шаҳри Санкт-Петербург сурат гирифт. Дар ин шаҳр зиёда аз 200 нафар дастгир шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот, додгоҳҳо ҳукми ҳабси аз як то шаш рӯзи боздоштшудаҳоро содир кардаанд. Чанд нафари дигар аз боздоштшудаҳо ҷарима шуданд.

Мақомот дар шаҳрҳои Новосибирск ва Томск маконҳои маросими ёбдудро муҳосира кардаанд. Дар ин ҷойҳо мардум ба эҳтироми Навалний гул ва шамъ мегузоштанд.

Хешовандону атрофиёни наздики Алексей Навалний хабари марги ӯро дар як зиндони дурафтода дар Арктикаи Русия тасдиқ карда, хостанд, ҷасади ӯ ба оилааш супурда шавад.

Кира Ярмиш, сухангӯи Алексей Навалний, бо такя ба маълумотномаи расмӣ, ки ба Людмила, модари сиёсатмадори шинохта, додаанд, дар шабакаи Х ё Твиттери пешина навишт, мухолифи сарсахти ҳукумат рӯзи 16-уми феврал дар зиндони ба ном “Гургони Арктика” соати 2:17 ба вақти маҳаллӣ фавтидааст.

Дар баёнияи Ярмиш аз рӯзи 17-уми феврал омадааст: “Як корманди зиндон гуфт, ҷасади Навалний ҳоло дар Салехард аст. Ӯро муфаттишон аз зиндон бурдаанд ва ҳоло ташхис мекунанд. Мо талаб дорем, ки ҷасади Алексей Навалнийро фавран ба оилааш супоранд.”

Пештар аз ин рӯзномаи “Новая Газета” гузориш дод, ки Людмила Навалная, модари Алексей Навалний ба зиндоне ба шаҳри Харп дар минтақаи Ямало-Ненетс тақрибан 1900 километр дуртар аз Маскав меравад.

Хадамоти иҷрои ҷазои Русия рӯзи 16-уми фаврал дар як баёния хабар дод, ки Алексей Навалний ҳангоми қадамзанӣ аз ҳуш рафт. Пизишкони ёрии таъҷилӣ ба кумакаш омаданд, вале ӯ ҷон додааст. Навалний, яке аз муборизон ба зидди фасодкорӣ дар Русия ва сиёсатмадори шинохта дар ин кишвар 47-сола буд.

Марги ӯ сабаби андӯҳи мардуми зиёде дар Русия шуд ва раҳбарони кишварҳои хориҷӣ президент Владимир Путинро гунаҳкори марги ӯ номида маҳкум карданд.

Рӯзи 17-уми феврал вазирони корҳои хориҷии "Гурӯҳи 7", яъне ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон дар ҳошияи конфронси амниятии Мюнхен бо сукут ёди Навалнийро гиромӣ доштанд.

Алексей Навалний соли 2021 боздошт ва зиндонӣ шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG