Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба модари Навалний расман аз марги писараш хабар додаанд


Алексей Навалний рӯзи 16-уми феврал дар зиндон ҷон додааст.
Алексей Навалний рӯзи 16-уми феврал дар зиндон ҷон додааст.

Кира Ярниш, сухангӯи Алексей Навалний, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати Русия ва раиси ҷумҳур Владимир Путин хабари марги ӯро тасдиқ кард.

Хешовандону атрофиёни наздики Алексей Навалний хабари марги ӯ дар як зиндони дурафтода дар Арктикаи Русияро тасдиқ карда ва хостанд, ҷасади ӯ ба оилааш супурда шавад.

Кира Ярмиш, сухангӯи Алексей Навалний бо такя ба маълумотномаи расмӣ, ки ба Людмила модари сиёсатмадори шинохта додаанд, дар шабакаи Х ва ё Твиттери пешина навишт, мухолифи сарсахти ҳукумат рӯзи 16-уми феврал дар зиндони ба ном “Гургони Арктика” соати 2:17 вақти маҳаллӣ фавтидааст.

Дар баёнияи Ярмиш аз рӯзи 17-уми феврал омадааст: “Як корманди зиндон гуфт, ки ҷасади Навалний ҳоло дар Салехард аст. Ӯро муфаттишон аз зиндон бурдаанд ва ҳоло ташхис мекунанд. Мо талаб дорем, ки ҷасади Алексей Навалнийро фавран ба оилааш супоранд.”

Пештар аз ин рӯзномаи “Новая Газета” гузориш дод, ки Людмила Навалная, модари Алексей Навалний ба зиндон ба шаҳри Харп дар минтақаи Ямало-Ненетс тақрибан 1900 километр дуртар аз Маскав меравад.

Хадамоти иҷрои ҷазои Русия рӯзи 16-уми фаврал дар як баёния хабар дод, ки Алексей Навалний ҳангоми қадамзанӣ аз ҳуш рафтааст. Табибони ёрии таъҷилӣ ба кӯмакаш омадаанд, вале ӯ ҷон додааст. Навалний, яке аз муборизон ба зидди фасодкорӣ дар Русия ва сиёсатмадори шинохта дар ин кишвар 47-сола буд.

Марги ӯ сабаби андӯҳи мардуми зиёде дар Русия шуд ва раҳбарони кишварҳои хориҷӣ раиси ҷумҳур Владимир Путинро гунаҳкори марги ӯ номида маҳкум карданд. Рӯзи 17-уми феврал вазирони умури хориҷии Гурӯҳи 7, яъне ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон дар ҳошияи конфронси амниятии Мюнхен, дар ин шаҳри Олмон бо сукут ёди Навалнийро гиромӣ доштанд.

Антонио Тайанӣ, вазири умури хориҷии Итолиё гуфт: “Дар воқеъ Навалнийро барои ақидаҳояш, барои муборизааш барои озодӣ ва фасод дар Русия ба марг расонданд. Русия бояд сабаби марги ӯро рӯшан кунад ва саркӯби ғайриқобили қабули дигарандешии сиёсиро поён диҳад.” Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, марги Навалний нишон дод, ки Путинро ҳамчун раҳбари қонунӣ пазируфтан ғайриимкон аст.

Зеленский рӯзи 17-уми феврал дар нишасти амниятии Мюнхен гуфт: “Путин ҳар касеро, ки мехоҳад, мекушад, ё раҳбари мухолифон, ё ҳар касеро, ки ба назараш ҳадаф менамояд.”

Ҳукумати Русия, ки Навалний онро дар заҳролуд кардани худ дар соли 2020 муттаҳам мекард, ҳаргуна даст доштан дар марги Навалнийро бо хашм рад кард ва вокуниши раҳбарони кишварҳои Ғарбро “девонавор” номид.

Дар дохили Русия, мардум гиромидошти ёди Алексей Навалнийро идома доданд, бо вуҷуди онки матбуоти давлатӣ ба марги ӯ аҳамияти зиёде намедиҳад ва чизи зиёде ҳам нашр намекунад. Бар тибқи иттилои ОВД-инфо, як гурӯҳе, ки саркӯбҳои сиёсиро дар Русия мушоҳида мекунад, мақомоти пулис бештар 170 нафарро дар ҳашт шаҳри Русия барои гулгузорӣ ба хотири Навалний дастгир кардаанд. Рӯзи 17-уми феврал маъмурони пулис як роҳеро ба самти маҳаллаи гиромидошти Навалний дар шаҳри Новосибирск бастаанд ва чанд нафарро дар шаҳри Сургут дастгир кардаанд.

Марги Навалний ва назарҳо дар бораи ояндаи Русия

Марги Алексей Навалний дар замоне иттифоқ афтод, ки Русия ҳамчунон сиёсатеро идома медиҳад, ки онҷо садоҳои мустақилу дигарандеширо таҳаммул намекунанд, интихоботҳо тавре сурат мегирад, ки касе онҳоро демокративу озод намешуморад. Аз тарафи дигар ду сол боз таҷовузи Русия дар Украина, ки вайрониву қатли зиёде дар пай дошт, идома дорад ва дар дохили Русия ҳам таъсири давомдори он эҳсос мешавад. Оё аз байн рафтани сахттарин мунтақиди ҳукумати Русия чизеро дар ин самт тағйир медиҳад. Оё ягон самараи хурде аз талошҳои зиёди Навалний баъд аз маргаш ҳосил мешавад ва ё баръакс фишору саркӯб дар Русия боз ҳам меафзояд.

Аввалин чизе, ки бояд дид, интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия аст, ки рӯзҳои 15-17-уми март сурат мегирад ва як моҳи дигар то он боқӣ мондааст. Бо назардошти назорати сахти саҳнаи сиёсӣ ва матбуот, бидуни шак Владимир Путин дар интихобот пирӯз мешавад, вале ба қавли таҳлилгарон, ҳукумат мехоҳад, Путин ба ҳадде раъйи мардумро ба даст биёрад, то онҳо ба худи дохил ва ҷаҳон нишон бидиҳанд, ки ба ғайри Путин каси дигари сазовор ба мақоми раиси ҷумҳур нест.

Яке аз аломатҳои ин саъйи ҳукумат вақте зоҳир шуд, Борис Надеждин, яке аз довталабони курсии раиси ҷумҳур ва мунтақиди ҷанг дар Украинаро сабти ном накарданд. Навбатҳои зиёд барои ҷамъоварии имзои мардум ҷиҳати пешбарии ӯ ба мақоми номзад ба мақоми раиси ҷумҳур зоҳиран худи Путин ва ҳукуматро тарсонд, ки Надеждин метавонад, ҳамчун рақиб қисмати зиёде аз раъйи мардумро гирифта ба рақамҳои Путин таъсири манфӣ гузорад.

Навалний, ки ӯро ҳам соли 2018 ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ роҳ надоданд, ҳафтаи гузашта аз мардум хост, ки ба нишони эътироз вақти шом дар назди марказҳои раъйдиҳӣ ҳозир шаванд, ки онро “Як шом ба зидди Путин” номидаанд.

Ба сабаби марги мармуз ва ё шароити тарсноки зиндону муносибати дағал, ки ба гуфтаи Навалний ҳадафаш куштани ӯ буд, теъдоде аз таҳлилгарон марги сиёсатмадорро ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рабт додаанд, ки қарор аст, Владимир Путинро бори дигар раиси ҷумҳури Русия кунад. Владимир Путин аз соли 1999 то кунун, ё раиси ҷумҳур ва ё нахуствазири Русия будааст.

Екатерина Шулман, таҳлилгари сиёсӣ ба телевизиони Дойче Велле гуфтааст: “Рӯзи сешанбе ман яке аз наворҳои савтии ӯро дар яке аз муҳокимаҳо шунидам. Садои як марди шод, пурэнержӣ ва солим буд. Яъне ӯро куштанд. Ӯро куштанд, то дар маъракаи интихоботӣ дахолат накунанд.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG