Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон нахустин кишвари православист, ки никоҳи ҳамҷинсгароёнро иҷоза дод


Порлумони Юнон бо қабули қонуне никоҳи ҳамҷинсгароёнро иҷоза дод. Ҳамчунин ба онҳо иҷозаи ба фарзандхонӣ қабул кардани кӯдакон дода шудааст.

Дар ин бора сарвазири Юнон Кириакос Митсотакис хабар дод. Юнон нахустин кишвари православист, ки никоҳи ҳамҷинсгароёнро қонунӣ кардааст.

Reuters менависад, сарфи назар аз зиддияти аъзои ҳизби "Демократияи нав"-и сарвазир Митсотакис ин қонун дар порлумон қабул шудааст.

Калисои православӣ, ки мазҳаби асосии масеҳиёни Юнон ба ҳисоб меравад, зидди қонунигардонии никоҳи ҳамҷинсгароён аст. Усқуфи Юнон Иероними II гуфт, қонуни нав - талоше барои бор кардани воқеиятҳои нав бар дӯши кишвар аст, ки ҷомеаро хароб мекунад.

XS
SM
MD
LG