Шарифҷон Тиллозода охири моҳи октябри соли гузашта дастгир шуд. Ӯ пеш аз дастгир шудан бо нашри як видео дар Фейсбук гуфт, ки аз ноилоҷӣ ба артиши Русия пайвастааст ва барои рафтан ба ҷанг дар Украина омодагӣ мегирад.
Муфаттишони Русия гуфтаанд, ки ин сокини 32-солаи Панҷакент иншооти муҳими низомиро ба навор гирифта, “ба ҳарбиёни Украина мефиристод”. Расонаҳои Русия, ки хабари ҳукми Тиллозодаро нашр кардаанд, ҳеч ҷузъиёте надодаанд ва маълум нест, ки ӯ чӣ гуна ба нафъи Украина ҷосусӣ мекард, чӣ иттилое медод ва дар иваз чӣ мегирифт.
Шарифҷон Тиллозодаро рӯзи 10-уми октябри соли 2023 бо дархости Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ боздошт карданд.
Бархе аз дӯстонаш ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ иттиҳомотро бепоя хонда, мегуфтанд, ки парвандаи ҷиноӣ эҳтимолан интиқоми мақомоти Русия барои саркашии Шарифҷон аз рафтан ба ҷанги Украина бошад. Ба гуфтаи онҳо, Шарифҷон Тиллозода аз пайвастан ба артиши Русия пушаймон шуда, мехостааст аз тамрингоҳ берун шавад.
Шарифҷон Тиллозода аз дохили пойгоҳи ҳарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои худро нашр мекард ва ба андешаи бархе аз онҳо шояд ҳамин сабаби шубҳаву боздошташ шудааст.
Нилуфари Азиз, яке аз онҳое, ки бо Шарифҷон Тиллозода шиносоӣ доштааст, дар Фейсбук навишт, “дар охирин навиштаҳояш мегуфт, ки ба ҷанг намеравам ва дуогӯй бошед, ки ҷавобам диҳанду баргардам.»
Худи Шарифҷон Тиллозода моҳи сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, давоми як моҳ усулҳои ҷанг ва истифодаи яроқро ба ӯ омӯзонданд. Ӯ афзуд: “Имрӯз пагоҳ мебаранд моро. Розӣ нестам, вале чӣ кор кунам? Тоҷикистон равам, боздошт мешавам, чанд маротиба пахши мустақим карда, ҳақиқатро гуфтам. Ё қурбон мешавам ё намедонам, ман дар ҳаётам ин хел кор накардаам, аммо дигар илоҷ наёфтам.”
Шарифҷон Тиллозода дар ҳамин суҳбаташ гуфта буд, дар Русия бепулу бекор монда, наметавонист ба Тоҷикистон баргардад. Барои ҳамин ба гуфтаи Тиллозода, ба ҷуз қабули пешниҳоди ширкат дар ҷанг роҳе наёфт.
“Як бача ваъда дод, ки дар корхонаи гӯшт барои ман ҷойи кор меёбад. Омадам ду ҳафта бекор хоб рафтам кор нест. Баъд дар қади кӯча мондам. Ҳамин эълонҳои “Служит на родину”-ро дидам занг задам ва рафтам. Онҷо тоҷикони муқими Русия чун ихтиёрӣ кор мекарданд. Гуфтанд, чаро шумо як бачаи ҷавону зебо ҷанг рафтан мехоҳед? Ман гуфтам, ҳаёти ман ҳамин хел шуд, куҷо равам, ба кӣ муроҷиат кунам?”
Шарифҷон Тиллозода хатмкардаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Душанбе буд ва худро ҳунарпешаи театр ва кино муаррифӣ мекард. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо шикоят аз ноадолатӣ дар соҳаи фарҳангу кинои Тоҷикистон иддао карда буд, ки ӯро беасос аз “Тоҷикфилм” рондаанд. Дар «Тоҷикфилм» гуфтанд, ки ӯ бо ихтиёри худаш аз кор рафт.
Гузориши видеоии Радиои Озодиро дар бораи Шарифҷон инҷо бубинед. Аз бойгонист.
Ба ҷосусӣ барои Украина муттаҳам шудани як шаҳрванди Тоҷикистон ҳодисаи камсобиқа аст, аммо то имрӯз даҳҳо ҷавони тоҷик иҷборӣ ва гоҳе ҳам аз ноилоҷи ва фирефтаи ваъдаҳои мақомоти Русия ба артиш ва ҷанг бурда шудаанд.
Гуфтугӯ