Маркази омӯзиши афкори умум дар Русия рӯзи 14 феврал, ба муносибати Рӯзи ошиқон натиҷаҳои пурсиши худро нашр кардааст.
Дар ин пурсиш 68 дарсад гуфтааст, ки ҷуфти зиндагии худро дар ҷои кор ё маҳалли таҳсил пайдо кардаанд ва чунин вазъият як ҳолати оддӣ мебошад.
Танҳо 20 дарсад гуфтаанд, ки робитаҳои ошиқонаи миёни ду ҳамкор хуб нест, вале қобили таҳаммул мебошад. Айни замон, тахминана чоряки пурсидашуҳо гуфтаанд, ки мухолифи робитаҳои ошиқонаи раҳбар ва зердасташ мебошанд.
Гуфтугӯ