Дар як ҳодиса дар минтақа чаҳор саг нобуд карда шудаанд, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ки ҳуқуқи нест кардани сагҳои бесоҳибро надоранд. “Баръакс мо бояд онҳоро ҳимоя кунем, дар қонунгузории мо гуфта шудааст, ки ҳар шаҳру ноҳия бояд ҷойҳои махсусӣ нигоҳубини сагҳоро ташкил кунад.” – гуфт, Фаттоҳ Саидов, сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқавории минтақаи Кӯлоб.
Аммо то ҳоло дар ин минтақа барои нигаҳдории чунин сагҳо ягон макони муайян нест. Одамоне, ки ҳадафи ҳамлаи чунин сагҳо қарор мегиранд, муддати зиёд зери назорати беҳдоштӣ хоҳанд буд.
Охирин осебдида як кӯдаки хурдсол аст, ки моҳи ноябри соли гузашта саги велгарде ӯро газид ва ба саломатияш осеб расонд.
Рустам Нуралиев, раҳбари Маркази таъминоти бехатарии озуқавории шаҳри Кӯлоб “Ҳамон рӯзе, ки охирон кӯдак касал шуд, мо огоҳ шудем, рафта зиёда аз 300 сар ҳайвони калони шохдор ва як 18 сар сагро, бар зидди ҳамин касалӣ пешгирӣ кардем. Бо бар замми ин ду сагӣ ҳамон хонадор ки бо сагҳои дайду робита доштанд, нобуд карда шуданд.”
Дар шаҳри Кӯлоб ба 750 саг шиноснома дода шуда, 217 сагро барои гирифтор нашудан ба бемории ҳорӣ эм кардаанд. Вале масъалаи сагҳои дайду ҳамоно ҳалношуда боқӣ мемонад. Сокинон мегӯянд, бояд барои онҳо паноҳгоҳ ё ҷойи махсуси нигаҳдорӣ мауҳайё кунанд.
Гуфтугӯ