Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

406 ҳамлаи сагони дайду ба сокинони Кӯлоб. ВИДЕО


Тибқи иттилои мақомоти шаҳри Кӯлоб, сагҳои дайду дар ин минтақа афзоиш ёфт ва дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 387-тои онҳо нобуд карда шудааст. Сабаби афзоиши сагҳои дайду дар шаҳри Кӯлоб, вуруди ин гуна сагҳо аз дигар навоҳии гирду атроф будааст. Ҳоло масъулияти поксозии шаҳр аз сагҳои дайду, ба дӯши Идораи коммуналӣ вогузор шудааст.

Ҳикматулло Қурбонов, роҳбари Корхонаи фаръии давлатии хоҷагии коммуналии шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар нӯҳ моҳи соли 2017 дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 387 саги дайдуро дар ҳудуди шаҳр нобуд карданд. Ба гуфтаи Ҳикматулло Қурбонов, вуруди сагҳо аз дигар навоҳии гирду атроф, сабаби афзоиши ин навъи ҳайвон дар шаҳри Кӯлоб будааст.

Ҳоло дар Кӯлоб сокине нест, ки аз афзоиши сагҳои дайду шикоят надошта бошад. Сокинони хонаҳои баландошёна мегӯяд, ки аз "даст"-и сагҳои бегона ва дайду шабҳо хоб надоранд ва субҳгоҳон бо тарсу ҳарос ба сӯи коргоҳашон мераванд.

Мақомот мегӯянд, қарор аст рӯзҳои наздик як амалиёти безараргардонии сагҳои дайду дар шаҳр анҷом шавад. "Ҳоло мо як гурӯҳи корӣ таъсис дода, сагҳои дайдуе, ки дар ҳудуди шаҳр пайдо шудаанд, бояд безарар гардонем. Дар ин гурӯҳ аз шӯъбаи умури дохила, маркази санитарию эпидемиалогии шаҳр ва кормандони мо шомиланд",--гуфт мусоҳиби мо.

Афзоиши сагҳои дайду дар шаҳри Кӯлоб дар ҳолест, ки сокинон аз ин вазъ нигаронанд. Илҳом Аҳроров, як сокини Кӯлоб, ки дар маркази шаҳр ошхона дорад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз вуҷуди сагҳои дайду хаста шудааст. Ба гуфтаи ин сокини Кӯлоб, ҳатто вай шоҳиди ҳамлаи сагҳои дайду ба як зан ва кӯдакаш дар субҳгоҳон шудааст.

Ҳоло дар Кӯлоб нест сокине, ки аз афзоиши сагҳои дайду шикоят накунанд. Сокинони хонаҳои баландошёна мегӯяд, ки аз афзоиши сагҳои бегона ва дайду шабҳо хоб надоранд ва субҳгоҳон ба тарсу ҳарос сӯи коргоҳашон мераванд.

Комил Саторров, сокини кӯчаи Исмоили Сомонӣ, ки дар рӯ ба рӯи бозори марказӣ хона дорад, мегӯяд, ки шабонгаҳ аз уллоси сагҳо ранҷ мебаранд. Ҷаноби Сатторов афзуд, субҳе нашудааст, ки ӯ роҳи коргоҳашро аз хавфи сагҳои дайду, иваз накарда бошад. Ба гуфтаи вай, агар як ё ду саг бошад илоҷашро меёбанд, аммо шумораи сагҳо аз панҷ то даҳро ташкил медиҳад.

Қатли саг дар дар пеши чашми мардум дар маркази Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00


Насрулло Сафаров, сокини дигари Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бештари сагҳо дар атрофи мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ воқеъ дар маркази шаҳри Кӯлоб ба чашм мехӯранд. Ба гуфтаи Сафаров, боре ба ӯ ҳудуди 20 саг ҳамла карданд ва тавонист аз онҳо худро халос кунад. Аммо ин мард мегӯяд, агар ягон кӯдак ё зан мешуд, ҳатман аз ҳамлаи сагҳои дайду осеб медид.

Занҳои кӯчарӯби кӯлобӣ низ аз вуҷуди сагҳои дайду дар шаҳр ба шиддат ба танг омадаанд. Ба гуфтаи занҳои кӯчарӯ, онҳо торикии шаб ба кор мебароянд ва хоҳу нохоҳ бо тӯдаи сагҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва то рӯз шудан, бо тарсу ҳарос роҳро мерӯбанд.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҷамила Мирзоева, як сани кӯчарӯб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як моҳ қабл дар назди мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сагҳои дайду ба ӯ ҳамла карданд ва ин буд, ки як моҳ натавонист ба кор ҳозир шавад. Ин зани кӯчарӯб мегӯяд, ҳар субҳ кори онҳо бо рондани сагҳо аз минтақаашон оғоз мешавад.

Бархе аз сокинони шаҳри Кӯлоб аз он хавф доранд, ки сагҳои дайду шабона тӯда-тӯда мегарданд ва ба одамон, махсусан хурдсолон ҳамла мекунанд. Ба гуфтаи сокинон, онҳо аксар вақт маҷбур мешаванд, ки кӯдакони худро дар шабонгаҳ ба кӯчаву ҷойҳои истороҳатӣ барои сайру гашт иҷозат надиҳанд.

Хадамоти санитариву эпидемиологии шаҳри Кӯлоб дар нӯҳ моҳи соли 406 ҳолатро ба қайд гирифтаанд, ки сокинон аз сагҳои дайду осеб дидаанд. Аз ин шумора, 207-тои он ба сокинони маркази шаҳр рост меоя ва бештари осебдидаҳоро кӯдакони ноболиғ ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG