Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҷонварон мехоҳанд, сагҷанг дар Тоҷикистон бас шавад. ВИДЕО


Гуруҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи ҷонварон дар Тоҷикистон бо муроҷиат ба мақомоти баландпоя хостаанд, ки дар решакан кардани бадрафторӣ бо ҳайвонот, аз ҷумла сагҷанг, кумак кунанд. Вакилони Маҷлиси Намояндагон чаҳор моҳ пеш ҷазоро барои озори ҳайвонҳо сахттар карданд.

"Сагҷанг ташкил мекунанд ва..."

Гулнора Амиршоева, рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқи ҷонварон, гуфт, дар муроҷиат ба мақомот навори шиканҷаву озори ҳайвонотро низ фиристоданд.

Гулнора Амиршоева
Гулнора Амиршоева

"Дар бораи ташкили сагҷангҳо гуфтем, ки дар канораҳои пойтахт ташкил мекунанд. Як гуруҳ сагҳои ҷангиро оварда, мардумро ҷамъ меоранд. Мардум сагҷангро ба навор гирифта, сипас ин зӯровариро паҳн мекунанд", -- шарҳ дод ӯ 19-уми октябр.

Дар ҳоле ки иддае сагҷангро зулм медонанд, садҳо нафар як навъи саргармӣ мепиндоранд. Сагҳоро аз рӯйи вазну синнашон ҷанг меандозанд ва ғолиб ҳам пули зиёд мегирад.

Хонум Амиршоева ҳамзамон паррондани сагҳои дайду ё бесоҳибро дар кӯчаву назди хонаҳои мардум аз тарафи кормандони Идораи хадамоти коммуналӣ танқид кард.

Нигаронӣ аз хомӯшии мақомот

Блогерони фаъоли тоҷик низ ҳар чанд вақт аз афзоиши бадрафторӣ ва шиканҷаву қатли ҷонварон, бахусус сагҳо, дар Душанбе ва минақтаҳои дигари Тоҷикистон нигаронӣ мекунанд.

Шоира Пӯлодова, блогнависи тоҷик, мегӯяд, мақомот ба бадрафторӣ нисбат ба ҳайвонҳо вокуниш нишон намедиҳанд. Ҳол он ки, ба гуфтаи ӯ, шахсони гунаҳкор ба шиканҷаи ҷонварон бояд тибқи қонун ҷазо гиранд.

Шоира Пӯлодова
Шоира Пӯлодова

"Одамон бояд ба ҳайвонот ёрӣ кунанд, на ин ки онҳоро бизананд. Баъзан мебинем, ки чӣ хел мардҳои калон сагро ба об мепартоянд. Ман ба ин ҳайрон мешавам. Мардум боз мегӯянд, мо мусалмон ҳастем", -- ибрози назар кард Шоира Пӯлодова.

Сахттар шудани ҷазо барои озори ҳайвонҳо

Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба хостҳои охири ҳомиёни ҷонварон ҳанӯз маълум нест. Вале вакилони порлумон дар моҳи июни имсол ҷаримаро барои озори ҷонварон бештар карданд.

Ҳамон вақт намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дӯстдорону ҳомиёни ҳайвонот гуфта буданд, ки афзоиши ҷарима "чораи ҳалкунанда нест”.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҳомиёни ҷонварон мехоҳанд, сагҷангу бераҳмӣ бас шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Дар Тоҷикистон марказҳои давлатӣ барои нигоҳубини ҳайвонҳои бесоҳиб вуҷуд надорад ва ин корро асосан фаъолону ихтиёриён анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, созмони "Наҷоти инсоният" наздик ба 3 сол аст, ки сагу гурбаҳои бесоҳиб, бемор ва хиёбониро табобат ва парвариш мекунад.

Ин созмон дар паноҳгоҳаш 76 саг ва 12 гурба дорад ва онҳоро аз ҳисоби худ, шахсони хайрхоҳ ва ҳомиёни ҷонварон мехӯронад.

Малика Болтаева
Малика Болтаева

Малика Болтаева, мудири созмони "Наҷоти инсоният", мегӯяд, дар ҳоли ҳозир камбуди зиёд доранд: "Бояд сагу гурбаҳо хоначаҳои худро дошта бошанд. Мехоҳем, онҳоро саривақт эм кунем. Талош дорем, ваксина аз бемории ҳориро ба сагҳо гузаронем."

Баъзе аз сокинон ба монанди Ҳанифа Баратова низ дар хонаҳояшон ҷонварони бесоҳиб ва беморро ҷамъ карда, табобат мекунанд.

Бо вуҷуди ин, шумораи ҷонварони бесоҳиб дар кӯчаҳои пойтахт ва атрофи он кам намешавад. Фаълон ҳам аз он нигаронанд, ки ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон барои бадрафторӣ ва озори ҷонварон ҳудуди 600 сомонӣ ҷарима таъин кардааст, “дар асл ин банди қонун иҷро намешавад ва ё хеле кам ба кор меояд.”

Паноҳгоҳи ҷонварон
Паноҳгоҳи ҷонварон
XS
SM
MD
LG