Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз ваъдаи волидон масҷиди "Умари одил"-ро дубора кушодаанд


Масҷиди "Умари одил" дар шаҳри Исфара
Масҷиди "Умари одил" дар шаҳри Исфара

Мақомоти шаҳри Исфара дари масҷидеро, ки бо шарти ҷалби ҷавонони деҳа ба артиш ба рӯи намозгузорон баста буданд, дубора боз кардаанд.

Масҷиди ба номи “Умари Одил”-ро дар деҳаи Найман (ҳоло Сароб)-и ҷамоати Сурхи Исфара рӯзи 9-уми май баста буданд.

Сокинони ҷамоат ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки мақомот шарт гузоштаанд, агар ҷавонони синни даъват ба комисариати ҳарбӣ барои рафтан ба артиш ҳозир нашаванд, дари масҷидашонро боз нахоҳанд кард.

Ба гуфтаи сокинон, масҷид пас аз он боз шуд, ки чанд падару модар ваъдаи фиристодани фарзандонашон ба артишро доданд.

Шукурхон Насриев, раиси Шӯъбаи дини шаҳри Исфара рӯзи 16-уми май ба Радиои Озодӣ баста будани масҷидро тасдиқ ё рад накард, вале гуфт, ки ҳоло масҷид барои намозгузорӣ боз аст. Ӯ гуфт, ҳоло ҳеч масҷиде дар шаҳри Исфара баста нест ва овозаҳое, ки дар ин бора паҳн шудаанд, “асос надоранд.”

Рофиҷон Рауфов, раиси деҳаи Найман (Сароб) рӯзи 13-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ баста шудани дари масҷиди "Умари одил"-ро тасдиқ карда буд.

Чанд сокини ҷамоати Сурхи Исфара, ки нахостанд номашон зикр шавад, рӯзи 16-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дирӯз мақомот дари масҷидро боз карданд. “Имохатиб дари масҷидро боз намуда, амри маъруф карду мардумро ба намози пешин даъват намуд.”,--гуфт, ӯ.

Сокинон мегӯянд, аксари ҷавонони маҳалллӣ дар Русия муҳоҷиранд ва зиндагии хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон аз кори онҳо вобаста аст.

Як сокини деҳаи Найман, ки дар Русия муҳоҷир аст, бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 13-уми май дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, наздиконашро барои ба ватан баргаштани ӯ мақомот фишор меоранд.

Ин ҷавон гуфт, ки тоза ҷои кори хуб пайдо кардааст ва намехоҳад онро аз даст диҳад, чун зиндагии наздиконаш дар Тоҷикистон аз ҳисоби кори ӯ ҳаст.

Мақомот расман фишор ба волидони ҷавононро дар Исфара шарҳ надодаанд.

Бори аввал нест, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон бо талаби ба артиш фиристодани ҷавонон дари масҷидҳоро мебанданд. Айни корро моҳе пеш дар шаҳри Панҷакенту ноҳияи Рашт "таҷриба" карда буданд.

Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, аммо мавридҳои "сарбозшикор" ва фишор ба волидони ҷавонон ин хабарҳоро зери шубаҳа мебарад.

Сокинон мегӯянд, ҳамчунин, гузоришҳо дар бораи латукӯбу марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ онҳоро дар марвиди фиристодани фарзандонашон ба артиш "дудила" кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG