Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Қодирови 15-сола унвони қаҳрамони Чеченистонро доданд


Одам Қодиров, соҳиби унвони қаҳрамони Чеченистон шуд
Одам Қодиров, соҳиби унвони қаҳрамони Чеченистон шуд

Писари 15 солаи Рамазон Қодиров, соҳиби унвони қаҳрамони Чеченистон шуд. Дар ин бора вакили Думаи давлатии Русия, Одам Делимхонов хабар додааст. Ӯ Қодирови хурдиро “Намунаи дурахшони як ҷавони фавқуллода босавод ва ҳамаҷониба огоҳ” номидааст.

Рамазон Қодиров ин унвони писарашро ҳанӯз шарҳ надодааст. Аммо чанде пеш вай бо нашри саҳнае, ки дар он писараш як гумонбари сӯзондани “Қуръон”-ро латукӯб мекард, аз ин амали ӯ пуштибонӣ ва ситоиш кард. Вай гуфт, бо Одам Қодиров ифтихор мекунад, чун писараш чӣ будани “шараф, шоистагӣ ва дифоъ аз динро” хуб медонад.

Қодирови хурдӣ дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққатии Грозний, Никита Журавелро латукӯб кард. Ин амали писари раҳбари Чеченистон вокунишҳои зиёд ба бор овард.

Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Татяна Москалкова моҳи август дар бораи ин ҳодиса хабар дода, хост, гумонбар дар боздоштгоҳ зери ҳимояти қонун бошад ва ҳодисаи латукӯби ӯ таҳқиқ шавад.

Никита Журавели 19 соларо моҳи майи соли равон боздошт карданд. Ба иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ӯ дар як навори оташ задани Қуръон ширкат кардааст. Журавелро дар таҳқири эҳсосоти мазҳабӣ гунаҳгор медонанд.

Аҳмад Дудаев вазири сиёсати миллӣ, равобити хориҷӣ, матбуот ва иттилооти Чеченистон гуфт, Одам писари Қодиров гумонбарро аз рӯйи “эҳсоси мазҳабӣ” задааст.

Рамазон Қодирови 46-сола, ки соли 2007 раҳбарии Чеченистонро ба уҳда гирифт, бо иҷозаи бемаҳдудияти Путин дар ин ҷумҳурии аксар мусалмоннишин қонунҳои худро ҷорӣ кардааст.

Ӯ вақтҳои охир се писари ноболиғашро таблиғ мекунад. Соли гузашта иддао кард, ки онҳоро ба ҷанги Русия алайҳи Украина сафарбар намуд, вале маълум нест, то куҷо онҳо дар даргириҳо иштирок кардаанд.

XS
SM
MD
LG