Дар оғози наворе, ки Қодиров пахш кард, аввал писари ӯ Одам (Адам) дар пасманзари парчами Чеченистон дида мешавад. Дар идомаи видео, лаҳзаи сӯзондани китоби "Қуръон" дар Волгоград, боздошти муттаҳам Никита Журавлёв ва латукӯби ӯ аз тарафи писари Қодиров намоиш дода мешавад.
Бори аввал рӯзи 25-уми сентябр Рамазон Қодиров видеои 5-сонияеро пахш кард, ки дар он писараша Одам Қодиров муттаҳам дар сӯзондани "Қуръон"-ро латукӯб мекунад. Ин рафтори Қодиров интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ ва баъзе мансабдорони Русияро ба миён овард. Аммо Рамазон Қодиров он вақт ҳам аз рафтори писараш ҳам ҳимоят карда буд. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл аз шарҳи масъала худдорӣ намуд.
Навори оташ задани "Қуръон" дар наздикии Масҷиди марказии ҷомеи Волгоград моҳи майи имсол расонаӣ шуд. Гумонбар Никита Журавел зодаи Севастополи Қрими ишғолшудаи Украина аст.