Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таб, дарди мушак ва сулфа". Нишонаҳои Omicron ё зуком? ВИДЕО


Яке аз дорухонаҳои Душанбе
Яке аз дорухонаҳои Душанбе

Таб, дарди мушаку буғум ва сулфа (сурфа)-и хушк. Баъзе аз сокинон дар Душанбе ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон аз нишонаҳои монанд ба бемории коронавирус шикоят доранд. Намояндаи Вазорати тандурустӣ мегӯяд, “зукоми мавсимист”. Дар асл чист?

“Гуфтанд, дар хона нигоҳубин кунед”

"Таб доранд, ҳама ҷояшон дард мекунад. Сарашон дард мекунад. Ҳаракат нест." Манзура Ҳайдарова, сокини шаҳри Душанбе, вазъи саломати ду фарзандашро чунин тасвир кард.

Вай рӯзи 18-уми декабр гуфт, ки "яке аз онҳо се рӯз боз бо чунин нишонаҳо бемор аст, дигаре ду рӯз инҷониб". Ба ӯ дар дармонгоҳи якуми пойтахт машварат додаанд, ки "то беҳтар шудан кӯдаконро дар хона нигоҳубин кунад."

Онҳое, ки ба мисли фарзандони Манзура Ҳайдарова бо чунин аломатҳо ба пизишкон муроҷиат мекунанд, ин шабу рӯз кам нестанд. Баъзе аз одамон дар хиёбонҳо бо ниқоб мегарданд, қисме дар дорухонаҳо давои зидди зуком меҷӯянд.

Ба ин тартиб, тайи як моҳи охир шикоятҳо аз бемориҳои роҳи нафас, ки ба гуфтаи сокинон "нишонаҳояш ба коронавирус монанд аст", бештар шудааст. Тавассути паёмрасонҳо, аз ҷумла WhatsApp, низ ба мардум маълумоте фиристода мешавад, ки гуё дар Тоҷикистон навъи нави коронавируси "Omicron XBB" дар гардиш аст. Ин ташвишҳо Вазорати тандурустиро водор кард, ки вокуниш нишон диҳад.

Шарҳи мақомот

Наврӯз Ҷаъфаров
Наврӯз Ҷаъфаров

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ, гуфт, "ҳоло мавсими зуком асту ҷойи нигаронӣ нест." Тасдиқи гуфтаҳои намояндаи вазорат аз манбаъҳои мустақил ғайриимкон аст.

Ҷаъфаров рӯзи 18-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳар сол, аз ҳафтаи чилум, пешгӯйӣ мешавад, ки дар ин мавсим кадом намуди вирус ва бо кадом тарз мегузарад. Бар асоси таҳлилҳо, муайян кардем, ки аз нимаи дуюми моҳи ноябри имсол дар байни аҳолии кишвар вируси зукоми навъи А(Н3N2) паҳн шудааст."

Ба гуфтаи ӯ, нишонаҳои зуком “таби баланд, дарди мушаку буғум, сулфа” ва имкони пайдо шудани илтиҳоби шуш мебошад. Вай ҳамзамон аз сокинон даъват кард, ки эҳтиёт кунанд ва агар бемор ҳастанд, бо маслиҳати пизишкон муолиҷа гиранд.

“Аз худтабобаткунӣ даст кашанд. Албатта, маҳсулоти серғизо истифода баранд, дар ҳавои тоза бигарданд. Медонем, зимистон аст, бояд хонаҳо гарм бошад, вале гардиши ҳаворо дар хона таъмин кунанд,” – илова кард ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Вазорат гуфт, COVID-и нав дар Тоҷикистон нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Тибқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 120-130 ҳазор кас дар ҷумҳурӣ ба бемории роҳҳои нафас мубтало мешаванд. Бори охир бемории COVID-19 дар Тоҷикистон расман моҳи феврали соли 2022 сабт шудааст. Беморие, ки мақомот буданашро ба сахтӣ эътироф карданд ва он сабаби марги беш аз сад кас шуд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд.

Моҳи декабри соли гузашта низ бемории шадиди роҳҳои нафас пайдо шуда, вале Вазорати тандурустӣ онро низ зукоми мавсимӣ номида буд. Дар ин байн, чанд нафар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карданд, ки натиҷаи ташхиси онҳо аз бемории коронавирус мусбат баромад, вале ҳеч ниҳод инро ба таври расмӣ тасдиқ накард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG