Масъулони баъзе аз кӯдакистону мактабҳои Тоҷикистон аз волидон хостаанд, он фарзандонашонро, ки нишонаҳои бемории роҳҳои нафас доранд, дар хона нигаҳ доранд. Ҳамчунин ба кӯдакон тавсия додаанд, ки ҳатман бо ниқоби тиббӣ ба дарс биёянд.
Айни замон дар Тоҷикистон теъдоди гирифторони бемориҳои роҳҳои нафас афзудааст ва шикоят аз афзоиши гирифторӣ ба зуком дар мактабҳо зиёд аст.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ, рӯзи 23-юми декабр ба хабаргузории расмии “Ховар” ба сокинон ва шахсони бемор тавсия додааст, ки ниқоб пӯшанд.
Афзоиши шикоятҳо аз гирифторӣ ба зуком ё бемориҳои роҳи нафас, ки ба гуфтаи сокинон нишонаҳояш монанд ба коронавирус аст, сару садоҳоро дар бораи хуруҷи беморӣ дар кишвар зиёд кардааст.
Наврӯз Ҷаъфаров таъкид кардааст, ки ин коронавирус нест ва бемории роҳҳои нафас оризаҳои тақрибан якхела дорад ва дар айни замон аз сокинон даъват кардааст, ки дар ҳолати якбора баланд шудани ҳарорати бадан ба духтурон муроҷиат кунанд.
Гуфтугӯ