Аз оғози моҳи декабри имсол шикоятҳо аз зуком ва бемориҳои роҳи нафас дар гӯшаҳои Тоҷикистон афзудааст. Беморие, ки ба гуфтаи сокинон нишонаҳояш ба COVID-19 монанд аст ва "муолиҷааш низ мушкилу давомдор". Масъулони Вазорати тандурустӣ гуфтанд, зукоми мавсимист.
Дилоро Иброҳимова, сокини шаҳри Душанбе, як ҳафта бистарӣ буд. Пизишкон гуфтаанд, зукоми одист, вале худаш мегӯяд, "ҳанӯз атсаву сурфа ва бемадорӣ дорад." Аломатҳое, ки ба бовараш аз зукоми мавсимӣ фарқ дорад.
Дорухонаҳои пойтахт низ ин шабу рӯз серодаманд. Саид Шарифов, корманди яке аз дорухонаҳои Душанбе, гуфт, "мардум бештар доруҳои зидди зуком мепурсанд. Дар ҳар хона як ё ду кас бемор аст." Баъзе аз пизишкон мегӯянд, ин беморӣ омехтаи зуком ва СOVID-19 аст ва, аз ин рӯ, бархе онро "вазнин мегузаронанд".
Ноҳида Ҳамроалиева, пизишки Бемористони Ибни Сино, гуфт, COVID-19 дар бадани одамон ҳанӯз мондааст, танҳо қувваташ сусттар шуда. "Одам ҳар дафъа, ки зуком мешавад, таъсири вирусро мебинад. Як навъ нафастангӣ, ки COVID-19 дошт, пайдо мекунад. Ҳамчунин, дарди гулӯ пайдо мешавад. Дар баъзе аз одамон ҳисси бӯй гум мешавад. Ин коронавируси нав нест, аммо аломатҳояш дар зуком ҳаст," -- шарҳ дод ӯ.
Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ошкор шудани мавридҳои нави гирифториро ба COVID-19 рад мекунанд. Тасдиқи гуфтаҳои мақомот аз манобеи мустақил ғайриимкон аст. Солҳои гузашта изҳороти вазорат дар мавриди гирифторӣ ба коронавирус шубҳаҳоро ба вуҷуд оварда буд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ, вазъи пешомадаро мавсимӣ ва зуком номид.
Ӯ рӯзи 16-уми декабр гуфт, "зиёда аз 60 дарсади намунаҳое, ки барои бемории шадиди роҳҳои нафас ба озмоишгоҳи референсӣ оварда мешавад, тасдиқ намуд, ки ин гардиш гардиши вирус аст, на ягон сирояти дигар. Намунаҳоро мо ҳам ба СOVID-19 дидем ва ҳам ба зуком. Муайян карда шуд, ки ин вирус танҳо зуком аст."
Ин масъули Вазорати тандурустӣ як рӯз пеш ба хабаргузории "Азия-Плюс" тасдиқ кардааст, ки дар кишвар гирифторӣ ба зукоми хук ё H1N1 ошкор шуда. Ҷаъфаров ҳамзамон гуфтааст, "ҷойи нигаронӣ нест".
Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори гирифторони зукоми мавсимӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазор камтар аст. Масъулони Вазорат мегӯянд, эҳтимол зуком идома хоҳад ёфт ва аз сокинон мехоҳанд, чораҳои беҳдоштиро риоя кунанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон барои роҳ надодан ба сирояти дигарбораи СOVID-19 ба кишвар чораҳои беҳдоштиро тақвият додаанд. Бо дастури Вазорати тандурустӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ афродеро, ки таби баланд ва ё сулфа доранд, сабтином ва марказҳои саломати маҳалли зисташонро огаҳ мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз моҳи март то кунун ягон мавриди гирифториро ба СOVID-19 сабт накардаанд. Ба иттилои расмӣ, дар ду соли охир беш аз 17 ҳазор сокини кишвар ба беморӣ мубтало шуда, 124 кас ҷон бохтанд. Баъзе аз мутахассисону сокинон омори воқеиро бештар аз ин медонанд.
Гуфтугӯ