Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вазъи мураккаб". Қирғизистон тавоноиҳои "Акинҷӣ" ва "Аксунгур"-ро намоиш дод


Ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки таҷҳизоти нави низомӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишини “Акинҷӣ” ва “Аксунгур” гирифтааст. Президенти он кишвар тасмимро “ба вазъи мураккаби ҷаҳон ва минтақа” пайванд дод, аммо аз мушкил ва кишвари хосе ном набурд.

Қирғизистон ва Тоҷикистон чанд сол боз бар сари таъйини сарҳад баҳс доранд. Дар задухӯрдҳои мусаллаҳона, ки дар моҳи апрели соли 2021 ва моҳи сентябри соли 2022 рӯй дод ва аз дрон ҳам истифода шуд, аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ ва бехонаву дар гардиданд.

Мақомоти Қирғизистон рӯзи 29-уми октябри имсол дар размоишгоҳи “Эделвейс” дар вилояти Иссиқкӯл қудрат ва тавоноии дастгоҳҳои нави ҳарбиро ба намоиш гузоштанд.

Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, “бори аввал аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ Нерӯҳои мусаллаҳ ва Хадамоти сарҳадии мо бо навъҳои муосири силоҳу техникаи ҳарбӣ муҷаҳҳаз мешаванд”.

“Падидаҳои номатлуб, аз ҷумла даргириҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои дуру наздик, истифода аз созмонҳои мусаллаҳ ва гурӯҳҳои террористӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, аз ҳар як низомии кишвар тақозо мекунад, ки дар ҳолати омодабош қарор гиранд,” – афзуд ӯ.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон пойгоҳи ҳавопаймоҳои бесарнишини Хадамоти сарҳадии кишварашро низ дид ва ба мудири кулли Baykar Defence, шаҳрванди Туркия, Байрактар Лутфу Ҳалукка ордени “Данк” дод. Маҳсулоти Baykar Defence дар даргириҳои мусаллаҳонаи зиёде дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар ҷанги Украина истифода мешавад.

Котиби матбуотии Ҷабборов (Жапаров) гуфт, ӯ бо мошинҳои зиреҳпӯш ва дронҳои “худӣ” ҳам ошно шудааст, аммо маълум нест онҳоро дар Қирғизистон сохтаанд ё танҳо бандубаст кардаанд.

Муовини пешини вазири дифои Қирғизистон Мурод Бейшенов гуфтааст, ҳамаи ин таҷҳизот ва аслиҳаро мехаранд.

“Агар ба мо тақдим карда шаванд, бе иҷозати кишваре, ки таҷҳизотро додааст, истифода бурда наметавонем. Чӣ қадар гарон бошад ҳам, харидан беҳтар аст... Пешравии хуб дида мешавад. Ҳоло фурсати он фаро расидааст, ки агар ногаҳон задухӯрди мусаллаҳона сар занад, ҷавоби сазовор диҳем,” – шарҳ додааст ӯ.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар ду соли охир ба арсаи низомӣ ва баланд бардоштани иқтидори дифоии ин кишвар таваҷҷӯҳи зиёд карданд. Ва ин чораандешӣ ба давраи баъд аз ҳодисаҳои хунин дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон рост омад.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳанӯз моҳи июл гуфта буд, ки дар дуним сол ба харидани таҷҳизоту аслиҳаи нав беш аз 120 миллиард сом харҷ карданд.

“Аз ин рӯ, мо тавонистем, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор”, “Аксунгур” ва “Акинҷӣ”, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон надоранд, инчунин, низоми дифои ҳавоӣ, чархболҳои Ми-8 ва Ми-17 бихарем,” – гуфта буд ӯ.

Баъзе аз коршиносон дар Қирғизистон ба ин боваранд, ки таҳдидҳои асосӣ ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон, аз Афғонистон меоянд. Ин кишвар беш аз як сол боз зери итоати гуруҳи тундрави “Толибон” аст.

Илова бар ин, ба гуфтаи онҳо, дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон низ ҳар чанд вақт даргириҳои низомӣ сабт мешавад.

Фармондеҳи собиқи Горди Миллии Қирғизистон Абдигул Чотбоев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, “тавре ки даргириҳои Арманистону Озарбойҷон ва ҷанг дар Украина нишон медиҳад, муосиртарин ва муассиртарин силоҳи имрӯза ҳавопаймоҳои бесарнишин мебошанд. Аз ин рӯ, хуб аст, ки кишвари мо бо онҳо таъмин шудааст.”

Расонаҳои Эрон моҳи майи соли 2022 гузориш дода буданд, ки Теҳрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймои бесарнишини "Абобил-2" кушодааст. Дертар фармондеҳи ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Боқирӣ гуфт, “дар баҳсҳои марзӣ Тоҷикистон ҳақ надорад аз паҳподи “Абобил-2” истифода кунад”.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG