Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуния, “Каъбаи ошиқон” ва зиёрати мазори Мавлоно. ВИДЕО


Оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, аз пурэҳтиромтарин шахсиятҳои таърихӣ дар ҷаҳон дар Қунияи қаламрави имрӯзаи Туркия асрҳо боз ба як масири умдаи сайёҳӣ ва зиёрати ирфонӣ  табдил ёфтааст.

Ин шаҳр дар 260-километрии Анкара, пойтахти Туркия ҷойгир аст. Бархеро пайвандҳои хунӣ бо Мавлоно ба ин ҷо мекашонад, вале бисёриҳоро ҷозибаи сухани ӯ, ки худ гуфта буд: "Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст." Ҳар сол аз оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва ёронаш дар шаҳри Қуния то 2 миллион нафар зиёрат мекунанд.

Аҳмадҷовид Зиё, шаҳрванди Афғонистон ҳамроҳ бо хонаводааш ба зиёрати мазори Мавлоно омадааст. Ӯ мегӯяд, аз ҳаводорони осори ин мутафаккири тоҷику форс аст ва дилбастагӣ ба ашъори Мавлоно ӯро ба ин макон овардааст.

“Ҳам аз нигоҳи тасаввуфӣ ва ҳам аз нигоҳи ашъораш, мардум аз ҳама ҷои дунё ба зиёраташ инҷо меоянд. Аз ҷумла мардум аз Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон. Бисёр ҷолиб аст, ки мардуми Ҷопон ҳам инҷо меоянд. Мафкураи ҳазрати Мавлоно, ашъораш, хусусан, “Маснавӣ” як китоби муътабар аст. Ба забони худи Мавлоно, ба истилоҳ Қуръони Шариф ҳастанд. Аз ин лиҳоз, ҳама дӯсташ доранд,” - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мисли Аҳмадҷовид Зиё ҳар рӯз ҳазорон нафари дигар аз сокинони Туркия бо умеди бароварда сохтани орзуву умедҳояшон ба зиёрати мазори Мавлоно меоянд.

Оромгоҳи Мавлоно дар Қуния дар майдони 18 ҳазор метри мураббаъ доман густардааст. Он дар соли 1274 бо талоши яке аз шогирдонаш Ҳисомиддин Чалабӣ сохта шудааст. Сохтмони ин бино дар аҳди султонҳои Усмонӣ ва дар умум қариб 700 сол идома ёфтааст. Дар соли 1927 бо як қарори вижаи ҳукумати Туркия оромгоҳи Мавлоно ба осорхона табдил дода шуд.

Фотеҳ - як сокини Қуния Мавлоноро нобиғаи замони худ медонад. Ӯ мегӯяд: «Устоди Мавлоно - Шамси Табрезӣ аст, ки 300-400 метр поёнтар аз мазори Мавлоно дуртар дафн шудааст. Аз рӯйи ривоятҳо, устоди Мавлоно Шамси Табрезӣ аст, ки пас бо ӯ Мавлоно то ба ин сатҳ расидааст. Дар инҷо Чиллахонаи Мавлоно аст, либосҳои Мавлоно аст, осораш маҳфуз аст. Яке аз бузургтарин асарҳои Мавлоно “Маснавии Маънавӣ” аст. Мо дар мактаб хеле зиёд онро омӯхтем. Мавлоно аз Хуросон омадааст, турк нест».

Зиёрати оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар Қуния
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:55 0:00


Қуния 1,3 миллион аҳолӣ дошта, баъд аз Истамбул, Анкара ва Измир чорумин шаҳри калони Туркия дониста мешавад. Дар инҷо дар баробари зиёрати мазори Мавлоно ва ёрони ӯ, ҳамчунин дар ҳуҷраҳои алоҳида китобҳои ӯ ва бархе аз либосу ашёи ӯву ёронаш, аз ҷумла каҷкӯлу кулоҳҳои дарвешии онҳо низ ба намоиш гузошта шудаанд. Худи туркҳо Ҷалолиддини Балхиро бештар Мавлоно ном мебаранд ва ба шахси ӯ хеле эҳтиром доранд.

Икра Рамазон донишҷуй аст ва ҳамроҳ бо дӯстонаш ба зиёрати оромгоҳ ба Қуния омадааст. Вай дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Инҷо ба ман хело писанд аст, зебо ва як макони боҳашамат аст. Ман дар мактаб дар бораи Мавлоно хонда будам ва ҳамеша дар бораи навиштаҳои Мавлоно баҳс мекардем. Ман медонам, ки Мавлоно яке аз бузургтарин нобиғаҳо ба шумор меравад. Бояд ҳар инсон Мавлоноро омӯзад. Яке аз бузургтарин осори Мавлоно «Маснавии Маънавӣ» аст, ки дар бораи дустии байни одамон навишта шудааст. Дар мавриди ҷойи таввалуди Мавлоно дар интернет Афғонистон гуфта шудааст».

Аммо ҳаводоронаш мегӯянд, Мавлоно ва осораш бо гузашти асрҳо аз маҳдудаи як миллату як кишвар кайҳо гузаштаву ба мероси бебаҳои фаромиллӣ табдил ёфтааст ва ба тамоми башарият тааллуқ мегирад. Аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳида бо тахаллуси Румӣ машҳур буда, дар сегонаи пурфурӯштарин китобҳои Амрикост. Баъди Тӯпхонаи Истамбул оромгоҳи Мавлоно аз нигоҳи таваҷҷӯҳи сайёҳон дар байни осорхонаҳои Туркия дар мақоми дувум қарор дошта, дӯстдорони шеъри Мавлоно ва пайравони сӯфия мазори ӯву ёронаш дар Қунияро бо муҳаббат ҳатто “Каъбат-ул-ушшоқ”, яъне “Каъбаи ошиқон” ном мебаранд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ соли 1207, дар вилояти Балх ба дунё омадааст. Баъди ишғоли Балх ӯ ибтидо ба Самарқанд ва аз онҷо ба Эрону Ироқ ва сипас ба Сурия кӯчид. Бино бар маълумоти дигар, ӯ дар водии Вахши Тоҷикистон зода шудааст. Мавлоно дар ҳамин мусофиратҳо бузург шуда дар охир дар Қуния муқимӣ гашт. Боқӣ умри Мавлоно дар Қуния гузашт ва соли 1273 дар ҳамин ҷо бо маҳбубаш, яъне Худованд бипайваст, ки ҳар сатраш дар бораи ӯст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG