Дар ҷараёни сафари Раисӣ, рӯзи 8-уми ноябри имсол, ӯ ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон созиши таърихиро дар бораи сафари бе виза ё раводиди мардуми ду кишвар эълом карданд. Инчунин, ёддоштҳои тафоҳум дар бораи тиҷорату нақлиёт ва фарҳанг имзо шуд.
Дар як соли охир рафтуои мансабдорони баландпояи Тоҷикистон ва Эрон ба қаламрави якдигар ба кори муқаррарӣ табдил шудааст. Вазири дифои Эрон, Ризо Оштиёнӣ, моҳи октябри имсол ба Душанбе омад. Аз он пеш, дар моҳи июн, додситони кулли Эрон Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ дар Тоҷикистон буд.
Мушкил чӣ буд?
Муносибати ду давлати форсизабон, ки забону фарҳангу таърихи ягона доранд ва ҳамзамон аз муттаҳидони муҳиму муштараки Русия ба шумор мераванд, на ҳамеша софу ҳамвор будааст.
Дар як даҳсолаи охир ва дар пайи танишҳое, ки боис ба қатъи сармоягузорӣ, содирот, парвози мустақими ҳавопаймоҳо ва баста шудани марказҳои хайрияву фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон шуд, ба муносибати ду кишвар осеб расонд.
Эрон дар моҳи декабри соли 2015 бо даъват кардани раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба нишасте дар Теҳрон қаҳри Душанберо овард. Ин иттифоқ ҳамагӣ чанд моҳ баъди он сурат гирифт, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро мамнуъ эълон кард. Тасвири истиқболи раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз Кабирӣ хашми Душанберо дучанд кард.
Муносибатҳо дар соли 2017 ба сатҳи поинтарин расиданд. Замоне ки телевизиони давлатӣ – дастгоҳи вобастаи ҳукумати Тоҷикистон – Эронро ба сармоягузорӣ ва фармоиши қатли чанде аз чеҳраҳои шинохта дар солҳои 1997-2004 муттаҳам намуд. Эрон иттиҳоми Тоҷикистонро бепоя хонд ва эътироз кард.
Дар авҷи ҳамин танишҳо, соли 2017, Эмомалӣ Раҳмон ба маросими дувуми қасамёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии пешини Эрон, нарафт.
Вақте ки Душанбеву Теҳрон ба эҳёи равобит дасту остин барзаданд ва Ҳасани Рӯҳонӣ дар моҳи июни соли 2019 ба Тоҷикистон омад, зоҳиран тарафҳо ҳама чизро фаромӯш карданд.
Аммо телевизиони давлатии Тоҷикистон дубора, моҳи сентябри соли 2020, филми баҳсбарангезеро бо мазмуни пуштибонии Эрон аз ҷангҷӯён дар Тоҷикистон нашр кард. Теҳрон ин иддаоро "беасос" номид ва Душанберо ба нақзи "қоидаҳои муносибати дӯстона" муттаҳам кард ва аз "пайомадҳои рафтораш" ҳушдор дод.
Филми мустанад дар замоне пахш шуд, ки тибқи гузоришҳо Додгоҳи олии Тоҷикистон паси дарҳои баста тақрибан 50 хатмкардаи собиқи донишгоҳҳои Эронро ба гуноҳи хиёнат ба ватан ва ифротгароӣ ба зиндон андохт.
Оянда чӣ хоҳад шуд?
Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи августи соли 2021 дар маросими савгандёдкунии Иброҳим Раисӣ низ иштирок накард. Онҳо моҳи дигар, вақте Раисӣ ба ҳайси сафари нахустини хориҷияш дар мақоми президенти Эрон ба Тоҷикистон омад, бо ҳам мулоқот карданд.
Аз он вақт равобити дуҷониба рӯ ба гармӣ ниҳодааст. Душанбе ва Теҳрон дар аввали соли 2022 эълом карданд, ки додугирифтро аз ҳамагӣ 121 миллион доллар дар соли 2021 то ба 500 миллион доллар афзоиш хоҳанд дод. Ва Раҳмон моҳи майи соли 2022 ба Теҳрон рафт. Ин сафари нахустини ӯ ба Эрон дар нӯҳ соли охир буд.
Аҳмад Фурқон Озякар, устоди равобити байнулмилал аз Туркия, ба Радиои Озодӣ гуфт, “ба унвони бахше аз ин наздикӣ метавон диду боздидҳои бештар дар моҳҳои оянда дар сатҳи вазирон ва созишҳои низомиву амниятӣ ва афзоиши зарфиятҳои тиҷоратӣ байни Душанбе ва Теҳронро мунтазир буд.”
Аммо бо таваҷҷуҳ ба таърихчаи ноҳамвори муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, баъзе аз таҳлилгарон чандон хушбин нестанд. Тураҷ Атобакӣ, коршиноси маъруфи Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, эҳтимоли рӯ задани “мушкилӣ”-и навро дар оянда сарфи назар намекунад.
Атобакӣ мегӯяд, ҳар гуна дигаргунии байнулмилалӣ ё тағйироти ҷиддии сиёсӣ дар яке аз ин кишварҳо ба равобити Душанбе ва Теҳрон, ки зери бори таҳрим мондааст, таъсир хоҳад расонд.
“Бархӯрди Тоҷикистон ба умури байнулмилалӣ аз бархӯрди Эрон дар ин замина фарқ дорад. Мушкилот дар арсаи ҷаҳонӣ метавонад онҳоро ё қаринтар кунад ё аз ҳам дур намояд. Мушкилоте ба мисли ҷанги давомдори Русия дар Украина ва ё ҷанги ҳозираи Исроил-“Ҳамос”, ки таҳдиди паҳн шуданаш то ба Осиёи Ғарбӣ ҳаст, метавонанд чунин таъсир гузоранд," – гуфт Атобакӣ ба Радиои Озодӣ.
Гуфтугӯ