Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии мардуми Ҳолланд ба сарбози маҷруҳи тоҷик. ВИДЕО


Бобоҷон Раҳимов
Бобоҷон Раҳимов

Як филми телевизиони ҳолландии "VPRO" таваҷҷуҳи мардуми хайрхоҳ дар Ҳолландро ба сарнавишти сарбози маъюб дар Тоҷикистон ҷалб кард. Дар як бахши ин филм, ки аз зиндагии мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ қисса мешавад, сарнавишти як сарбози тоҷик ҳам бозгӯ шудааст, ки ҳангоми хизмат дар артиш маъюб ва дастнигар шуд. Баъди пахши филм мардуми хайрхоҳ аз Ҳолланд барои Бобоҷон Раҳимов бештар аз 2 ҳазор доллар ҷамъ карданд.

Бобоҷон Раҳимов шаш сол аст, ки табобат мегирад
Бобоҷон Раҳимов шаш сол аст, ки табобат мегирад

Бобоҷон Раҳимов, сарбози пешини нерӯҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки панҷ соли пеш ҳангоми хидмат дар артиш маъюбу дастнигар шуд, ҳоло ҳам умедашро аз даст надодаву барои беҳтар кардани саломатияш талош дорад. Ӯ мегӯяд моҳи октябри соли 2017 довталабона ба артиш рафта буд, аммо ҳамагӣ як моҳ хидмат кард. Баъдан дар беморхона бистарӣ шуд. Ин сокини 23 солаи ноҳияи Восеъ гуфт бо вуҷуди яккаписар будан ҳеҷ гоҳ аз хизмат дар артиш саркашӣ накарда буд.

Бобоҷон Раҳимов он рӯзҳои шум дар ҳаёташро чунин ба ёд меорад: “Як моҳ шуда буд ва ман хизматро дар қисми низомии 3502-и Вазорати корҳои дохилӣ адо мекардам. Яке аз сарбозоне ки аз мо пештар ба хизмат омада буд ногаҳонӣ бо мушт ба дилам зад. Вақте зад соат ба соат тамоми бадан аз кор монд. Маро духтур бурданд, шаб хоб кардам вақте субҳ бедор шудам дигар баданам тамоман кор намекард. Чор рӯз дар бемористон хоб кардам, ягон ҷоям кор намекард ва баданам сиёҳ шӯд. Вақте пуштам сиёҳ шӯд, он узви сиёҳшударо бурида гирифтанд, ҷарроҳӣ шудам, вале на беҳтар балки ҳолатам рӯз аз рӯз бадтар шуд. Чаҳор моҳ нигоҳубин карданду бас. Баъд гуфтанд, ки дигар намешавад”.

Он замон мақомот гуфта буданд, Бобоҷон Раҳимов ҳангоми дарс дар қисми низомӣ якбора ба сактаи ҳароммағз гирифтор шуд. Ҳарфҳое, ки ин ҷавон рад мекунад ва мегӯяд зарбаи сахти куҳансарбозе ба дилаш, ӯро ба ин ҳол расонд. "Барои ба ҷавобгарӣ кашидан дигар ҳиҷ кор накарданд. Ҳолатҳое мешуд, ки ба маблағ ниёз доштам ба онҳо муроҷиат мекардам каму пеш кумак мекарданд. Хато накунам 4 ё 5 ҳазор сомонӣ кумак карданд, боз каме хурока ва тамом. Мехостам ман низ баъди анҷоми хизмат зиндагии беҳтаре дошта бошам, вале...»-бо амал мегӯяд ӯ.

Гузориши видеоиро инҷо бинед:

 “Заданд, ҳамам аз кор монд."
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Бобоҷон мегӯяд, модарашро барвақт аз даст дода, падараш аз онҳо ҷудо зиндагӣ мекунад. Ӯро бибияш бузург кардааст. Вақте ӯ дар сафи артиш маъюб шуд барояш ҳуқуқшиносони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" дасти кумак дароз карданд. Ҳоло ҳам ташхису табобати ин ҷавон аз ҳисоби ҳамин созмон анҷом мешавад. Баъди расонаӣ шудани қазияи Бобоҷон Раҳимов, тирамоҳи соли 2022 хабарнигорони ҳолландӣ ба сарнавишти ӯ таваҷҷуҳ карданд. Онҳо дар доираи таҳияи як филм аз сарнавишти сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омада сарнавишти Бобоҷон Раҳимовро ҳам сабту пахш карданд. Баъд аз пахши филм афроди хайрхоҳ дар Ҳолланд барои Бобоҷон Раҳимов кумак ҷамъ карданд ва онро аз тариқи созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" ба ин сарбоз расониданд.

Уғулой Бобоева
Уғулой Бобоева

Уғулой Бобоева ҳуқуқшиноси ин ташкилот ба Радиои Озодӣ гуфт, “25 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст. Бо ташаббуси созмони иҷтимоии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" ин маблағҳоро барои беҳтар кардани вазъи зиндагии ин ҷавон ба ӯ супоридем. Шояд бо ягон тиҷорат машғул мешавад ва зиндагияшро беҳтар мекунад."

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ чанд сол боз ба ҳимоя аз ҳуқуқи даъватшавадаҳо ва сарбозон машғуланд. Уғулой Бобоева мегӯяд, ба пайвандон ва худи ҷабрдидаҳое ки ҳангоми муносибатҳои ғайриоиномавӣ дар сафи артиш мефавтанд ё маъюб мешаванд, кумакҳои ҳуқуқӣ ва тиббии ройгон мерасонанд.

Бадрафторӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон мушкили куҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон ба расонаҳо роҳ меёбад. То кунун даҳҳо сарбоз барои латту кӯби ҳамхидмат ё зердаст муҷозот шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби "риоят нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.

Бобоҷон Раҳимов мегуяд, дар аввал ба хотири он ки ӯро табобат мекунанд, ба ҷое шикоят накарда буд вале баъдан пушаймон шуд. Ҳоло ӯ ба ин хулоса расидааст ки муҳимтар аз ҳама барояш саломатӣ аст ва талош дорад ки дармон ёбад ва коре пайдо карда зиндагии худу бибии танҳояшро пеш барад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG