Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқшинос сабаби саркашии ҷавононро аз хидмати ҳарбӣ шарҳ дод. ВИДЕО


Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Ду ҳафта аст, ки дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш идома дорад. Вазорати дифоъ хабар дод, ки беш аз 55 дарсади нақша иҷро шудааст. Мақомот аз зиёд шудани шумори хоҳишмандони хизмат дар артиш тавсиф мекунанд, аммо шикоятҳо аз минтақаҳо кам нест. Аз ҷумла баъзе сокинон мегӯянд, барқи як деҳаро барои нафиристодани ҷавонон ба артиш қатъ мекунанд. Радиои Озодӣ барои посух гирифтан ба суолҳои корбарон дар бораи даъват ба артиш ба Дилрабо Самадова, мудири ташкилоти "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" муроҷиат кард. Хонум Самадова зиёда аз 15 сол аст, ки ба ҳимояи ҳуқуқи сарбозон ва даъватшавандаҳо машғул аст. Нахуст аз Дилрабо Самадова пурсидем, ки вазъият имсол чигуна аст?

Дилрабо Самадова: Аз баъзе минтақаҳо ҳисобот доданд, ки нақшаи даъвати тирамоҳиро пурра иҷро кардаанд. Лекин дар шаҳрҳои калон ҷавонон гирифтори сарбозшикор шуда, волидайни онҳо зери фишору тамаъҷӯӣ қарор гирифтаанд. Онҳое, ки донишҷӯ ҳастанд ё ин, ки ҳуқуқи ба таъхир гузоштани хизмати ҳарбиро доранд ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват шуда истодаанд.

Радиои Озодӣ: Агар Шумо гузоришҳои Радиои Озодӣ ва ё шабакаҳои иҷтимоиро назар карда бошед, шеваҳои ҷалби ҷавонон ба артиш тавассути волидайнашон дигаргун шудааст. Маълум аст, ки як гуруҳ ҷавонон барои кору таҳсил дар берун аз Тоҷикистон ҳастанд. Дар баъзе маҳалҳо барои бозгардонӣ ва ба хизмат фиристодани онҳо, волидайни ҷавонписарон дар ҳузури намояндагони мақомот қуръапартоӣ мекунанд ё бо дигар шеваҳо маҷбур мешаванд, ки дар ин кор фаъол бошанд. Шумо инро аз нигоҳи қонун чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Дилрабо Самадова: Зиёда аз 15 сол аст, ки дар ин самт фаъолият мебарам. Методҳои чорабиниҳои наве, ки онҳо дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашудаанд ё ин ки бар зидди қонунгузорӣ ҳастанд, дар амалия татбиқ карда мешаванд. Чанде аз даъватшавандаҳо аз минтақаҳои гуногун ба мо муроҷиат карда гуфтанд, ки онҳо нияти барпо кардани оиларо доштанд ва тарабхонаҳо аз оиладоршавандаҳо талаб намудаанд, ки аз комиссариати ҳарбӣ маълумотнома оид ба зид набудани онҳо барои гузаронидани тӯй пешниҳод кунанд. Аслан ин кор ба ваколати комиссариати ҳарбӣ намедарояд, аммо бо роҳҳои ғайриқонуни ҷавононро маҷбур месозанд, ки ба хизмати ҳарбӣ раванд.

Ё ҳангоми убури сарҳад ҷавонони синни даъватиро гузаштан намемонанд. Гарчанде, ки мавсими даъват ба артиш набошад ҳам ин ҳолат комилан ғайриқонунӣ аст. Ҳамаи ин методҳое, ки татбиқ мегардад заминае барои гирифтани пора ва пулситонӣ аз даъватшаванда мегардад. Фишор нисбати даъватшаванда, волидайн, маблағситонӣ, ҷазоҳои ғайриқонунӣ, қоидаҳои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои даъватшаванда, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ карда нашудааст.

Дар сабтҳое, ки ман дидам қуръапартоӣ аз тарафи намояндаҳои мақомотҳо ташкил карда шуда буд. Агар даъватшаванда донишҷӯ бошад ҳуқуқ ба таҳсил дорад. Новобаста ба он, ки нақшаи даъват иҷро шудааст ё не ва ё ин ки волидайнаш розигӣ додаанд, ӯ ҳуқуқ дорад, ки таҳсилро ба итмом расонида, баъд ба хизмати ҳарбӣ равад. Ба шаҳрвандон маслиҳат медиҳам, ки агар дучори чунин ҳолатҳо гарданд, ҳатман ба мақомотҳои дахлдор шикоят намоянд.

Ба ғайр аз қуръапартоӣ, ғайриқонунӣ дастгир ва нигоҳ доштани волидон дар марказҳои комиссариати ҳарбӣ низ ҳаст. Аз минтақаҳо занг зада мегӯянд, ки волидайнашонро ба комиссариатҳо бурда маҷбур кардаанд, ки ба даъватшаванда занг зада баргаштанашро хоҳиш кунанд ва шарт мегузоранд, ки то барнагаштани ӯ аъзои оилаашро дар комиссариати ҳарби нигоҳ медоранд.

Радиои Озодӣ: Аз рӯи чунин ҳолатҳо оё ба мақомотҳои қудратӣ шикоят кардаед?

Дилрабо Самадова: Муроҷиатҳо бисёранд ва мо ба мақомотҳо шикоят мекунем. Шаҳрвандоне, ки маълумоти ҳуқуқӣ доранд аз шикоят кардан наметарсанд. Масалан дар чунин ҳолатҳо сокини яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд муроҷиат карда буд, ки худи даъватшаванда дар Русия буд. Чандин маротиба ба манзили истиқоматиаш омада ба модараш фишор оварда, таҳдиди хомӯш кардани барқро кардаанд. Модари даъватшаванда бо соҳибкорӣ машғул буд ва онҳо таҳдиди чораандешӣ аз рӯи фаъолияти кории ӯро кардаанд. Баъдан модарашро иҷборан ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд ва мо аз болои ҳаракатҳои кормандони комиссариати ҳарбӣ ба додситонии ҳарбӣ муроҷиат намудем.

Радиои Озодӣ: Сафарбарии ҷавонписарони донишҷӯ ҳам назар ба солҳои пеш зиёд шудааст. Мақомот мегӯянд, ки онҳо бо хоҳиши худ мераванд ва баъдан таҳсилашонро давом медиҳанд. Оиди ин масъала ҳам муроҷиатҳо ҳастанд ва то куҷо аз нигоҳи қонун донишҷӯён бар ивази таҳсил уҳдадоранд, ки ба хизмати ҳарбӣ раванд?

Дилрабо Самадова: Ташвишовар аст, ки хизмати ҳарбӣ аз ҳуқуқ ба таҳсил ва аз донишомӯзӣ болотар гузошта шудааст. Имрӯз донишгоҳҳо ба як методи ҷалби сарбозон табдил ёфтаанд. Вақте, ки нақшаи даъват иҷро намешавад ё ин ки муҳлати даъват ба итмом расида истодааст, комиссариатҳои ҳарбӣ ё шахсони номаълум бо либосҳои шаҳрвандӣ ба онҳо кӯмак мерасонанд, ба донишгоҳу коллеҷҳо рафта, ба сарбозшикор оғоз мекунанд.

Мо чанд навор доштем, ки донишҷӯён ҳангоми супоридани имтиҳони хотимавӣ аз донишгоҳ гурехта истодаанд. Донишҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафти имтиҳонот хабар медиҳанд, ки "ба ғайр аз устодон ва комиссияи давлатӣ, ашхосе бо либосҳои ниманизомӣ дар имтиҳонҳо иштирок мекунанд. Вақте мо имтиҳонро супорида мебароем, ба як ҳуҷраи алоҳида бурда, интизори баромадани дигарон мешаванд ва дар дохили донишгоҳ имзои моро мегиранд. Моро маҷбурӣ ба автобусҳо шинонида, ба хизмати ҳарбӣ мебаранд."

Донишгоҳ ин ҷои даъват ба сафи хидмати ҳарбӣ нест. Вазифаи донишгоҳ дониш додан аст. Ба ғайр аз ин роҳбари донишгоҳ бояд даъватномаҳоро ба донишҷӯён дастрас кунад ё ин ки рӯйхати донишҷӯёнро ба комиссариатҳои ҳарбӣ пешниҳод кунад. Фишор, дахолат ба рафти имтиҳонҳо аз тарафи намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ ғайриқонунӣ аст. Бояд, ки додситонҳои ҳарбӣ инро назорат кунанд. Рӯзҳои баргузории имтиҳонҳо ҳозир шуда, ҳуқуқ ба таҳсилро ки ин ҳам ҳаққи конститутсионӣ аст, ҳимоят кунанд.

Радиои Озодӣ: Тибқи қонунгузории нав ҷавонон ҳақ доранд бар ивази маблағ, фақат як моҳ дар артиш хизмат карда, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Дар оғоз нархи таиншуда барои хизмати якмоҳа 28 ҳазор сомонӣ буд ва ҳоло 51 ҳазор сомонӣ шудааст. Аммо бо вуҷуди ин ҳар шаҳру навоҳӣ “лимит” дорад. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Дилрабо Самадова: Ин намуди хизмат бисёр саволҳоро ба миён меорад. Якум худи маблағ ва чихел ҳисобу китоб кардани он. Маълум нест, ки дар асоси чӣ ин маблағро муайян кардаанд. Масалан оилаҳое ҳастанд, ки фарзанди калонии онҳо кор карда, тамоми оиларо таъмин мекунад. Онҳо розӣ ҳастанд, ки бар ивази маблағ якмоҳа хизмат карда омада, баъд зиндагишонро пеш барад. Лекин ҳоло ин маблағ ҳаминхел калон шудааст, ки то ҳатто оилаҳо розӣ ҳастанд, ки бар ивази фоиз аз бонкҳо қарз гирифта ҳамин намуди хизматро адо кунанд. Илова бар ин, чунин намуди хизмат фасодро ҷорӣ карда истодааст, чунки аз болои маблағи муқарраршуда, ҷавонон маҷбуранд ки барои он ки ҳамон квота онҳоро фаро гирад, маблағҳои иловагӣ ба миёнаравҳо, кормандони мақомотҳои қудратӣ супорида ба ҳамин рӯйхат худро ворид кунанд.

Дар навори фиристодаи корбарон баъзе аз донишҷӯён дар ҳоли фирор тасвир ёфтаанд
Дар навори фиристодаи корбарон баъзе аз донишҷӯён дар ҳоли фирор тасвир ёфтаанд

Радиои Озодӣ: Як сабаби асосии саркашии ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ гуфта мешавад. Солона ба Дафтари Озодиҳои Шаҳрвандӣ чӣ қадар муроҷиатҳо мешаванд?

Дилрабо Самадова: Яке аз сабабҳои асосии даст кашидан аз хизмати ҳарбӣ нею сабаби аслии саркашӣ намудани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ ҳамин "бобосолорӣ" гӯем дуруст аст. Мо вақте пурсиш гузаронда будем, сарбозон гуфтанд, ки шаш моҳи аввал ҳар рӯз як шатта, дашном ё сухани қабеҳ мешунавем ё албатта ба латукӯби сабук дучор мешавем. Танҳо вақтҳое, ки аллакай ба саломатӣ зарари вазнин расонида шудааст, ё ин ки масалан сарбоз тоқат карда наметавонад, он вақт роҳбарияти коммисариати ҳарбӣ, ҷомеа ва мақомотҳои дахлдор бохабар мешаванд.

Мо дар як сол на кам аз ҳазор муроҷиат мегирем. Ҷабрдидагон ба мо тариқи телефонӣ, онлайнӣ ва ба офис омада, шикоят мекунанд. Шаҳрвандон асосан аз ҳамин ду шевае, ки мо мубориза мебарем, "облава" ва "дедовшина" муроҷиат мекунанд. Мо ба ҳамин ду шева аҳамияти хоса медиҳем. Ин дар вақти даъват бисёр мешавад. Яъне қонунвайронкунӣ зиёд мешавад. Қонунвайронкунӣ, қоидавайронкунӣ ин ҷиноят аз тарафи кормандони мақомотҳои давлатӣ мебошад. Вақте, ки "облава" мешавад, ин ҷиноят аст. Вақте, ки волидайнро гирифта ба коммисариати ҳарбӣ мебаранд ин ҷиноят аст. Муроҷиатҳо сол аз сол зиёд шудааст. Лекин ман гуфта наметавонам, ки муносибатҳои ғайриоинномавӣ зиёд шудааст. Ман фикр мекунам, ки боварии ҷомеа, боварии шаҳрвандон нисбат ба мақомотҳои додгоҳӣ, адолати додгоҳӣ, додситонии ҳарбӣ, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зиёд шуда истода, муроҷиат ба мо зиёд шудааст. Чунки пештар омада маслиҳат мепурсиданду ҳарчанд ҳолати сарбоз вазнин аст, аз шикоят кардан метарсиданд. Ҳоло аз ҳуқуқҳои худ воқиф гардида истодаанд. Аз сабаби зиёд шудани муроҷиат мо ҳар сол сафи ҳуқуқшиносони худро зиёд карда истодаем.

Абубакр Ҳусейнзодаи 4-уми август дар шароити номаълум, дар қисми ҳарбӣ ҳалок шудааст
Абубакр Ҳусейнзодаи 4-уми август дар шароити номаълум, дар қисми ҳарбӣ ҳалок шудааст

Радиои Озодӣ: Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта дар гузорише ба Созмони Милал гуфт, аз соли 2019 то 2021 ва ба сабаби "риоят нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд. Аз рӯи маълумоти шумо дар солҳои ахир вазъ чӣ гуна аст?

Дилрабо Самадова: Омори фавти сарбозон дар додгоҳи ҳарбӣ мешавад. То соли 2016 ҳамаи оморҳо дастрас буданд ва дар ВАО паҳн мешуданд, аммо солҳои охир бо баҳонаи он ки ин сирри давлатӣ аст, ин оморро ба ташкилоти мо ҳам намедиҳанд.

Радиои Озодӣ: То ҷое медонем ташкилоти шумо ба нафароне, ки дар ҳолати хидмат дар артиш ё вобаста ба он, ба бемориҳое гирифтор шудаанд, ба табобат фаро мегиред. Миқдорашон чиқадар аст?

Дилрабо Самадова: Ҳозир Созмони Миллал дар ин самт ба мо кӯмак мекунад. Ҳамасола 35 сарбозе, ки қурбонии сарбозозорӣ шудаанд, барои табобати онҳо ва агар фавтида бошанду волидонашон руҳан саломатиии хуб надошта бошанд, ба онҳо маблағ ҷудо карда шуда, кӯмак мекунем.

Радиои Озодӣ: Ин омори ҳарсола аст ё каму зиёд мешавад?

Дилрабо Самадова: Муроҷиат зиёд аст, вале мо имконияти дастгирии танҳо 30-35 нафарро дорем. Чунки агар сарбоз дар ҳақиқат аз оилаи камбизоат бошад ва барои табобати ӯ маблағи зиёд даркор бошад ӯро дастгирӣ мекунем. Масалан даъватшаванда Имомиддин, ки гурдаҳояш аз кор монда буданд ва ҷарроҳии ӯ дар Тоҷикистон хеле гарон буд, бо дастгирии мақомотҳои давлатӣ ва Вазорати тандурустии кишвар ҷарроҳии ӯро гузарониданд. Мо маблағ ҷамъ карда кӯмак кардем, ки боз чанд бор ба Ҷумҳурии Эрон ҳам барои табобат фиристода шуд.

Радиои Озодӣ: Соли гузашта Радиои Озодӣ аз чанд ҳолати ба хизмати аскарӣ бурдани ҷавонҳои бемор гузориш дода буд. Ба шумо низ чунин шикоятҳо мерасанд?

Дилрабо Самадова: Ин гуна шикоятҳо хеле зиёд мешаванд. Бо фишори кормандони коммисариати ҳарбӣ, ки бояд нақшаи даъватро иҷро кунанд, маҷбур қарор оид ба қобили хизмати ҳарбӣ будани онҳоро қабул кардаанд. Дар аксар парвандаҳои мо на танҳо кормандони ҳарбӣ, ки фишор кардаанд, инчунин духтуроне, ки зери ин фишор қарори ғайриқонунӣ қабул кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаем.

Мо ба волидон маслиҳат медиҳем, ки ҳатман бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳои тиббиро нусхабардорӣ карда, нигоҳ дошт. Чунки аксар вақт ин ҳуҷҷатҳоро ба коммиссариати ҳарбӣ пешниҳод мекунанд ва он ҳуҷҷатҳо гум мешаванд. Азбаски нусха нест аксарияти вақт ин гуна ҳуҷҷатҳоро барқарор карда намешавад. Дар табобатхонаҳо нусхаи онро нигоҳдорӣ намекунанд.

Ин ҳолатҳо натанҳо қонунвайронкунӣ аст, балки таҳдид ба ҳаёти ҷавонписарон ҳисобида мешавад. Барои мисол вақте як сарбозро аз ноҳияи Деваштич ба Мурғоб бо гурдаҳои касал ба ҳарбӣ бурданд, дар моҳи октябр вақте сардӣ омад ва шушҳояш аз кор монд, ӯ фавтид. Барои ҳамин волидоайн ва худи сарбоз бояд ба ин аҳамият диҳанд.

Радиои Озодӣ: Ҳамеша аз ҷониби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волидону шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳодҳо дар мавзӯъи дигаргун кардани низоми хидмати ҷавонон ба артиш садо медиҳанд. Оё дар ин самт ягон пешравие ҳаст ва ё интизор шудан мумкин?

Дилрабо Самадова: Умуман дар сохтори соҳаи ҳарбӣ реформаҳои ҳуқуқӣ хеле кам аст. Мо то ҳол бо қонунҳои таъсири замони Шӯравӣ фаъолият мекунем. Масалан дастрасӣ ба адвокат, занги телефонӣ вақти дастгир шудани хизматчии ҳарбӣ ташкил карда нашудааст. Баръакс баъзе аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ манъ карда шудааст. Масалан истифодаи телефони мобилӣ дар вақти хизмати ҳарбӣ. Ин маҳдудият як тарс аст, ки сарбозон ба додситонии ҳарбӣ дар тамос нашаванд, танҳо рӯзҳои истироҳат занг мезананд ва он ҳам беназорат занг зада наметавонад. Сарбозро дур аз ҷойи истиқоматаш мемонанд. Ҳол он, ки баъди се моҳи омӯзонидан метавонанд сарбозро дар ҷойҳои ба манзилаш наздик гузоранд. Ин амалҳо бояд аз байн равад.

Радиои Озодӣ: Корафтодагон ва ё корбарони Радиои Озодӣ бо мушкилоти худ оиди ҳарбӣ бештар тавассути мо Шуморо дарёфт мекунанд. Оё роҳҳои иртибот бо шаҳрвандонро доред? Инҷо эълон кунед то дар оянда роҳҳои дарёфти шумо осон гардад.

Дилрабо Самадова: Қабулгоҳи ҷамъиятии мо дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ҳаст, ки шаҳрвандон метавонанд муроҷиат кунанд. Рақами телефонии мо 93 333 17 03 ва 93 333 18 03 ҳамеша фаъол аст ва мо метавонем муроҷиати сокинонро қабул созем. Инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи Дафтари Озодиҳои Шаҳрвандӣ боз гардидааст, ки дар онҷо метавонанд ба мо нависанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG