Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Конибодом". Парванда ба зидди муаллифони акси таҳқиромез


Мақомот мегӯянд, ин акс воқеист ва моҳи январи соли 2022 гирифта шудааст
Мақомот мегӯянд, ин акс воқеист ва моҳи январи соли 2022 гирифта шудааст

Ба зидди ду сержанти қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои таҳқири 9 сарбоз дар як қисми низомӣ дар Исфара парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 20-уми июн дар эъломияе гуфт, сержант Муҳриддин Исмоилов ва ҳамроҳаш, М.Давлатов, ба эҷоди номи "Конибодом" дар сари сарбозон ва паҳн кардани акси он муттаҳаманд.

Ба онҳо бар асоси моддаи "суистифодаи мақом ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ" ҷарима ё зиндон таҳдид мекунад.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе нашру паҳн шуд, ки бо тарошидани қисми мӯйи сари нуҳ наваскар номи "Конибодом"-ро сохтаанд. Дар сари ҳар аскар якҳарфӣ.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ин акс ҳақиқист ва моҳи январи соли 2022 гирифта шуда, танҳо моҳи июни имсол ва пас аз хатми хидмати сержант М. Давлатов расонаӣ гардид.

Дар ин қазия Муҳриддин Исмоилов аз Конибодом нақши куҳнасарбоз ва М.Давлатов аксбардорро бозидаанд. Назари ҳардуи онҳо маълум нест. Ҳамчунин дақиқ нест, ки оё боздошт шудаанд ё не.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Исмоилов Муҳриддин Насиббоевич ба кам кардани мӯйи сари нуҳ навсарбоз вазифадор шуда буд, аммо "бо мақсади нишон додани бартарии ҷисмонии худ ... мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои К, О, Н, И, Б, О, Д, О, М тарошида, шаъну шарафашонро дар назди сарбозони дигар паст задааст."

Дар чанд моҳи охир ин мавриди дувуми ба ҷавобгарӣ кашидани сарбозони собиқ барои таҳқири наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон аст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи майи имсол як афсар ва ҳафт сарбози собиқро ба латукӯби наваскарон дар қисми низомии Нерӯҳои марзбонии КДАМ гунаҳкор ва аз 9 то 11 сол зиндонӣ кард.

Онҳо дар охири моҳи апрели имсол ва дар пайи пахши навори латукӯби сарбозон дар як қисми марзбонӣ боздошт шуданд.

Меҳтарсолорӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон мушкили куҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби "риоят нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расиданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG