Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ӯ кушта шудааст, аммо маълум нест, чаро ёфтани ҷасад ва шахси муттаҳам ин қадар тӯл кашида. Радиои Озодӣ ду ҳафта пеш дар бораи гум шудани Сумая ва кӯшиши нокифояи мақомот барои пайдо карданаш гузориш дода буд.
Сумаяро чӣ гуна ва аз куҷо ёфтанд?
Ба нақли наздиконаш, Сумая Иброҳимова рӯзи 24-уми апрели имсол ба таври мармуз бедарак шуд. Ҳоло дар пайванд ба марги ӯ Аҳмадҷон Вайсиддинзода, сокини ноҳияи Файзободро дастгир кардаанд.
Соифа Юсуфова, модари Сумайя Иброҳимова, тахмин мезанад, ки гумонбар духтарашро “бо роҳи фиреб” ва эҳтимол “барои 30 ҳазор сомонӣ” куштааст. "Духтарам ин миқдор пулро барои харидани хона қарз гирифта буд. Телефони духтарамро низ аз дасти ҳамин мард ёфтаанд. Аз рӯи телефон ошкор карданд ӯро," – гуфт Соифа Юсуфова.
Ҷасади Сумаяро рӯзи 25-уми ноябр ёфта, рӯзи 29-уми ноябр дар қабристоне дар ноҳияи Файзобод дафн карданд. "Устухонпора будааст. Ҳамаи онро писарам ҳамроҳи намояндагони мақомот ҷамъ овард," – афзуд хонум Юсуфова.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр хабар дод, ки ҷасади Сумаяро аз ғоре дар саҳрои деҳаи Ситораи ноҳияи Файзобод ёфтаанд. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи ВКД, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасад ташхису шиносоӣ шуд ва наздиконаш барои шиносоӣ даъват шуда буданд.
Талабшо Аҳмадов, бародари Сумая Иброҳимова, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ташхис гузаронданд. Куртаҳояшро шинохтем, суратҳояш дар мо буд. Ҳамон рӯзи баромадан, ба ҳамон курта рафта буд. Ҷойи ҷасадро ёфтем, курта аз ҳамон буд."
Маъмурони Шуъбаи корҳои дохилии Файзобод қаблан гуфта буданд, ки аз рӯзи аввали нопадид шудан Сумаяро ҷиддан ҷустуҷӯ доранд, вале модараш аз кори онҳо чандон розӣ набуд. Радиои Озодӣ 14-уми ноябр дар бораи бедаракшавии Сумая ва нигаронии хонавода аз тақдири норӯшани ӯ гузориш дод. "Таъсири шумо буд, ки кор то ин ҷо расид. Ҳамаи мақомот ба по хестанд. Тамоми мақомот ба кофтукоб даромаданд," – гуфт модари Сумая.
Видеоро дар инҷо бинед:
Айбдоршаванда кист?
Аҳмадҷон Вайсиддинзодаи 39-сола, муттаҳам ба қатл ва ғорати Сумая Иброҳимова, дар як навори Вазорати корҳои дохилӣ қисса кард, ки занро бо фиреб ба саҳро бурда, "якҷоя шароб нӯшиданд" ва баъди хоб рафтанаш ӯро бӯғӣ кардааст. Маълум нест, навор дар чӣ шароите сабт шуда.
Падари айбдоршаванда ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш шароб наменӯшад. Модари Сумая Иброҳимова низ шароб нӯшидани духтарашро рад кард. "Ӯ намозхон буд. Туҳмат дар ҳаққи духтари ман аст. Ӯро фиреб кардаанд, ки пулатро биёр хонаро ба ту медиҳам. Хона гуё нимсохт будааст. Бори охир барои гирифтани 30 ҳазор сомонӣ ба наздаш меояду духтарамро фиреб карда мебарад," – гуфт ӯ.
Тоҷиддин Изомиддинов, падари айбдоршаванда, аз ин ҳодиса дар ҳолати сардаргумӣ қарор гирифтааст: "Диламон пур буд, ки ба ягон корда олуда нест. Аз рӯзе, ки ҳамин корро фаҳмидем, на хӯрок хурда метавонем, на хоб рафта, на байни қавм баромада метавонем. Агар дар ҳамин кор даст дорад, ба тамоми қонун ҷавобашро диҳад."
Тибқи иттилои ВКД, Аҳмадҷон Вайсиддинзода пештар барои саркашӣ аз хидмат дар артиши Тоҷикистон ва қочоқи маводи мухаддир дар Русия ҷазо гирифтааст. Падараш муҷозот шудани ӯро дар Русия тасдиқ кард, вале дар бораи саркашияш аз хидмати ҳарбӣ чизе нагуфт.
Аҳмадҷон Вайсиддинзода соҳиби се фарзанд ва бекор буда, аз ҳамсараш ҷудо шудааст.
Сумая Иброҳимова модари се фарзанди ноболиғ буда, ҳоло онҳо дар тарбияи модаркалони падариашон ҳастанд. Ҳамсараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад.
Пештар модари Сумая гуфта буд, ки духтараш "вақтҳои охир бо шавҳараш ҳамдигарфаҳмӣ надорад" ва мехоҳад аз ӯ ҷудо шавад. Сумая Иброҳимова то замони нопадид шудан дар як коргоҳи дӯзандагӣ кор мекард.
Хабари бедарак шудани баъзе аз сокинон, аз ҷумла наврасону ноболиғон дар Тоҷикистон ҳар чанд вақт расонаӣ мешавад, аммо омори умумӣ дастрас нест. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар нуҳ моҳи соли 2020-ум 709 нафар бедарак шудаанд. Дақиқ нест, баъдан чӣ қадаре аз онҳо ёфт ва чанд нафар бедарак монданд.
Гуфтугӯ