Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Писарат террорист аст.” Модари тоҷик писари дар Туркия бедаракшудаашро меҷӯяд


Раҷабалӣ Лолаев, сокини 23 солаи шаҳри Кӯлоб
Раҷабалӣ Лолаев, сокини 23 солаи шаҳри Кӯлоб

Наздикони як ҷавони тоҷик, ки дар Туркия бедарак шудааст, аз мақомоти Тоҷикистон барои пайдо кардан ва баргардондани ӯ кӯмак мехоҳанд.

Раҷабалӣ Лолаев, сокини 23-солаи шаҳри Кӯлоб чор моҳ боз бо наздиконаш тамос надорад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ӯро бо гумони узвият дар созмонҳои тундрав боздошт кардаанд.

Савриниссо Давлатова, модари Раҷабалӣ Лолаев мегӯяд, хабари боздошти писараш ба гӯши онҳо низ расидааст, вале чор моҳ боз хабари дақиқе аз ӯ дарёфт накардаанд.

Ӯ ба мақомот барои пайдо ва истирдоди писараш ба ватан муроҷиат кардааст, вале ҳанӯз посухе нагирифтааст.

Ба гуфтаи наздикон, Раҷабалӣ Лолаев то як соли пеш дар Русия дар сохтмон кор мекард ва аввали соли 2022 бо баҳонаи тамдиди мӯҳлати будубошаш ба Туркия сафар кардааст. Маъмулан, бар асоси қонунҳои Русия муҳоҷирони тоҷике, ки ҳаққи доимии кор надоранд, пас аз чанд моҳ бояд ин кишварро тарк кунанд. Муҳоҷирони тоҷик дар аксар ҳолат аз Русия хориҷ мешаванд ва дубора бармегарданд, то ҳузурашонро қонунӣ кунанд.

Савриниссо Давлатова мегӯяд, писараш пас аз сафар ба Туркия нопадид шуд ва баъдан мақомот барояшон хабар доданд, ки ӯ дар вилояти Ҳатайи Туркия, дар марз бо Сурия, боздошт шудааст. Ба гуфтаи модар, писарашро барои талоши убури ғайриқонунии марз як сол зиндон карданд ва баъдан раҳо шуд.

Як тан аз наздикони дигараш, ки бо ӯ тамос доштааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки Раҷабалӣ пас аз раҳоиаш талош дошт, дар Туркия кору зиндагӣ кунад. “Баъди баромадан мо хостем баргардад ба Русия барои кор ё ба Тоҷикистон, аммо гуфт, мехоҳад дар Туркия бимонад, таҳсил ё кор кунад. Хост, дар ҷамъоварӣ ва дуруст кардани ҳуҷҷатҳо кӯмакаш кунем. Барояш пул фиристодем, аммо нопадид шуд,” – гуфт, яке аз наздиконаш, ки нахост номаш зикр шавад.

Як манбаъ аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 23-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Раҷабалӣ Лолаев бо гумони узвият дар созмонҳои мамнӯъ боздошт шудааст.

“Мақомоти Туркия ба сафорати мо ва сафорат ба ВКД ва КДАМ хабар додааст. То ҷое ман медонам, наздиконашонро огоҳ кардаанд. Барои як гумонбарро аз Туркия овардан вақт лозим аст,”—гуфт, ӯ.

Наздиконаш рад намекунанд, ки Раҷабалӣ дар Русия таҳти таъсири ақидаҳои тундгароёна қарор гирифта буд, вале бори аввал вақте аз зиндон раҳо шуда буд, гуфтааст, “пушаймон шудааст.”

Бори охир ӯ бо модар 15-уми март сӯҳбат кардааст. Баъд аз ин дигар сарнавишташ номаълум шуд. Савриниссо Давлатова мегӯяд, чанд бор аз мақомоти қудратӣ дар Кӯлоб ба хонаашон омадаву пурсуҷӯ карданд ва аз ӯ баёнот гирифтанд, аммо аз сарнавишти фарзандаш касе ба ӯ хабару маълумоти дақиқ надодааст.

“Аз амният як бор хона омаданд, гуфтанд, писарат терорист аст. Баёнот гирифтанд, аммо ба ман ягон чизи дақиқ намегӯянд. Худам шароите надорам, ки рафта ҷустуҷӯ кунам. Як писари дигарам дар Русия муҳоҷир аст ва рӯзгорро таъмин мекунад,”- афзуд. Савриниссо Давлатова.

Ба гуфтаи ин модар, тақрибан 5- 6 рӯзи пеш марде ба хонаашон омада, ба онҳо хабар додааст, ки Раҷабалӣ ҳамроҳ бо бародари вай дар маҳбаси Молтеппаи Туркия аст. Ин зиндон дар Истамбул воқеъ аст. Марди ношинос ба наздикони Раҷабалӣ нусхаи як номаеро нишон додааст, ки дар он Раҷабалӣ гуфтааст, “ман дар маҳбасам ва хавотир нашавед.”

Модар мегӯяд, намедонад ин бор писараш бо кадом ҷурм зиндонӣ шудаву чӣ ҳоле дорад, аммо мехоҳад барои истирдодаш ба Тоҷикистон ба ӯ кумак кунанд.

Туркия дар солҳои 2014-2017 масири аслии пайвастани садҳо ҷавони тоҷик ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ низ буд. Дар гузашта мақомоти тоҷик хабар дода буданд, ки Туркия ҷавонони тоҷики узви ДОИШ-ро боздошт ва ба Тоҷикистон супурдааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG