Зане аз ноҳияи Варзоб, ки моҳи октябр гум шуда буд, дар Душанбе ёфт шудааст.
Рӯзигули Маҳмадсаид, сокини 22-солаи деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб субҳи 13-уми октябр аз хонаи шавҳараш берун ва нопадид шуда буд. Ӯро бештар аз як моҳ пулис ва наздиконаш ҷустуҷӯ мекарданд.
Радиои Озодӣ охири ҳафтаи гузашта дар бораи ин воқеа ва сабабҳои он гузориш дода буд.
Рӯзигули Маҳмадсаид се сол пеш бо ҷавоне аз деҳаи ҳамсоя издивоҷ карда, ду кӯдак дорад. Худи ин зани ҷавон рӯзи 30-юми ноябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бадрафтории хушдоманаш сабаби фирори ӯ аз хонаи шавҳар шудааст. “Барои либос ҷанг кард. Модараш гуфт, ки "чаро ба занат либос гирифтиву ба ман нахаридӣ?" Азоб доданд, кадом модар аз фарзанд безор аст. Вақте азоб доданд, мебароӣ меравӣ, дар назарат чизе наметобад,” - нақл кард ӯ.
Рӯзигул гуфт, ин ҳама муддат дар хонаи зане дар маҳаллаи Саховати шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард ва маконашро касе аз хонавода намедонист. Санҷидани дурустии иттилои ӯ феълан имкон надорад.
Вале дар ҳоле, ки ҳамсари Рӯзигул Баракатулло Ашӯров ҳам рӯзе пеш дар бораи макони будубоши ҳамсараш изҳори бехабарӣ кард, ба қавли худи Рӯзигул, ӯ се рӯз қабл ба ӯ занг зада макони паноҳ ёфтанашро гуфтааст.
“Баъдан шавҳарам омада ду рӯз ҳамроҳи ман буд”, гуфт зан.
Баракатулло Ашуров, шавҳари Рӯзигул як руз қабл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳамсараш "қаҳр карда рафтагӣ буд", вале сабаби чунин кор кардани ҳамсарашро "намедонад". Шавҳараш танҳо гуфт, ки Рӯзигул барои муоина ба назди духтур рафту дигар барнагашт.
Маълум нест, чаро шавҳари Рӯзигул бо вуҷуди хабардор шудан аз макони ҳамсари гумшудааш ба хонаводаи ӯ ва мақомот хабар надодааст. Рӯзигул гуфт, аз он ки ду кӯдаки хурдсолашро гузошта бедарак шуд, пушаймон аст, вале намехоҳад дигарбора ба хонаи шавҳараш баргардад.
Маҳмадсаид Авазов, падари Рӯзигул рӯзи 30-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ як корбари ин расона духатарашро дар канори роҳи Душанбе-Бохтар дида, ба онҳо хабар додааст. “Ҳазорон ташаккур ба Радиои Озодӣ. Як нафар дар видеои шумо ӯро дида, ба мо хабар дод ва дирӯз бегоҳ ӯро ёфтем,” - гуфт ӯ.
Мақомоти умури дохилӣ, ки ӯро ҷустуҷӯ мекарданд, то ҳол дар бораи пайдо шудани ин зан хабарӣ расмӣ нашр накарданд.