Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон рӯзи 8-уми ноябр ба Тоҷикистон сафар намуд ва бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мулоқот кард. Лағви раводид (виза) барои 30 рӯз миёни Эрону Тоҷикистонро вазирони корҳои хориҷии ду кишвар имзо карданд.
Дар ин сафар инчунин ду ҷониб санаду ёддоштҳои тафоҳумӣ дар бораи ҳамлу нақл, дар бораи минтақаи озоди иқтисодӣ ва дар бораи мубориза бо маводи нашъаоварро имзо карданд, вале муҳимтарин нукта дар ин сафари президенти Эрон бекор шудани низомӣ раводид миёни ду кишвар дониста мешавад.
“Афзоиши парвозҳо байни ду кишвар ва соддагардонии низоми рафтуомад барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ шароити мусоид дониста шуданд”-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
То кунун миёни Тоҷикистон ва Эрон низоми раводид вуҷуд дошт ва шаҳрвандони ду кишвар барои сафар ҳафтаҳо мунтазири дарёфти раводид мешуданд.
Қаблан фаъолони тоҷику эронӣ пешниҳод карда буданд, ки раводид миёни ду кишвар бардошта шавад. Онҳо гуфта буданд, ки дар ин сурат ҳазорон эронӣ ҳамчун саёҳ ба Тоҷикистон хоҳанд омад.
Муносибати Эрону Тоҷикистон дар соли 2015 ба поинтарин сатҳ расида буд. Мақомот дар Душанбе Эронро барои пуштибонӣ аз ҲНИТ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва доман задан ба ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкор карда буданд.
Расонаҳои эронӣ мақомоти Тоҷикистонро ба рабудани миллионҳо доллари Бобак Занҷонӣ, ки дар Эрон ба ҳабси якумра маҳкум шудааст, муттаҳам карда буданд.
Дар солҳои охир равобити ду кишвар дубора рӯ ба гармӣ овардааст.
Гуфтугӯ