ФАСЛИ НАВ?
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, рӯзи 22-юми октябр бо як намояндаи Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломӣ мулоқот кард. Дар суҳбат иҷрои Протоколи ҷаласаи 15-уми Кумисюни ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ шудааст.
Чанд рӯз пеш, 19-уми октябр, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Алӣ Боқирӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эронро дар масъалаҳои сиёсӣ ба ҳузур пазируфт. Тибқи иттилои ҷониби Тоҷикистон, ду тараф масъалаи ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои минтақаӣ ва байнулмилалӣ баррасӣ карданд.
Дар ҳамин руз нишасти аввалини кумитаи сиёсии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Бар асоси гузоришҳо, дар нишаст ба ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоӣ, тандурустӣ, саёҳӣ, фарҳангӣ ва омӯзишӣ таъкид шудааст.
Қабл аз он Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифои Эрон, 18-уми октябр ба Тоҷикистон омад. Ин мақоми эронӣ бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзо дидор кард.
Дафтари матбуоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки ҷонибҳо ба “зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар ростои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ” суҳбат доштанд.
Хабаргузории нимарасмии "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, навишта буд, ки қарор аст ҷонибҳо дар мавриди масъалаҳои амният ва дифоъ, инчунин, тақвияти қарордодҳои амниятии байни кишварҳо суҳбат кунанд. Ҷузъиёти ин дидор расонаӣ нашуд.
ДАР ҶУСТУҶӮИ “ҲОМӢ”
Эдвард Лемон, мудири маркази “Oxus Society” ва коршиноси умури Осиёи Марказӣ аз донишгоҳи Техаси Амрико, далели ин наздикиро ба чанд омил пайванд дод.
“Аввалан, Тоҷикистон дар ҳоли пайдо кардани манбаи иловагии пуштибонӣ дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон аст. Аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки дар муноқишаҳои Қафқоз ва Украина хеле муассир воқеъ шуданд. Дувум, ҷанги Русия дар Украина бовариро ба ин кишвар ҳамчун шарики амниятӣ халалдор кард. Онҳо мехоҳанд тамосҳои амниятии худро, ки то ҳол рӯи Маскав мутамаркиз буданд, аз ҳисоби Чин ва Эрон бештар кунанд ”, - мегӯяд коршинос.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси мустақил аз Тоҷикистон, низ назари монанд дорад. Аммо ба бовари ӯ нигаронии Душанбе бештар аз “Толибон” аст, чун мутмаин нест, ки ин ҳаракат дар дарозмуддат хомӯш хоҳад буд.
“Пуштибонӣ накардани Русия аз Арманистон нигаронии шарикони ин кишварро ба бор овард. Маълум шуд, ки набояд комилан ба Русия такя кард. Дар чунин шароит Душанбе талош мекунад, ба чандин ҳампаймонаш такя кунад”, - мегӯяд Муллоҷонов.
АЗ РОБИТАИ САРД ТО ҲАМКОРӢ
Равобити Эрон ва Тоҷикисон соли 2021, пас аз иштироки раиси ҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ, дар нишасти Созмон Ҳамкориҳои Шонгҳой тағйир ёфт. Моҳи майи соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон рафт. Пас аз як ҳафта Эрон аз кушодани корхонаи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини Абобил-2 дар Тоҷикистон хабар дод.
Дар пасманзари муноқишаи сарҳадии Душанбе ва Бишкек ва ҳимояти фаннии Туркия аз Қирғизистон иқдоми Теҳрон ба маънои пуштибонии мустақими Тоҷикистон ба шумор мерафт.
Моҳи июли соли 2023 Эрон узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой шуд. Ин амр пас аз тағйири мавзеи Душанбе ва таваққуфи мухолифат бо пайвастани Эрон ба ин созмон имконпазир шуд.
“Ба назар мерасад, ки Эрон аз фаъол шудани Туркия нигарон аст ва мехоҳад дар минтақа ҷойи по дошта бошад. Гуфта мешавад, Туркия ба ҳалли ҳарчи зудтари муноқишаи Тоҷикистон ва Қирғизистон алоқаманд аст, то битавонад Тоҷикистонро барои пайвастан ба иттиҳоди туркӣ моил кунад. Эҳтимол Эрон ба ин мавзуъ бо нигаронӣ нигоҳ мекунад”, -- мегӯяд коршинос Парвиз Муллоҷонов.
МАВЗӮИ ИХТИЛОФ
Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон барои муддати тӯлонӣ мавзӯи ихтилоф байни Душанбе ва Теҳрон буд. Ҷониби Тоҷикистон чанд бор бе ифшои ҷузъиёт аз Эрон хост, то тавофуқотро дар ҳавзаи амниятӣ иҷро кунад. Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон мехоҳад Эрон аз пуштибонии ин ҳизб даст кашад. Ҳоло чунин дархостҳо дар сатҳи расмӣ шунида намешаванд.
Муносибати ду кишвар дар соли 2015 ба поинтарин сатҳ расида буд. Мақомот дар Душанбе Эронро барои ҳимоят аз ҲНИТ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва доман задан ба ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкор карданд. Расонаҳои эронӣ мақомоти Тоҷикистонро ба рабудани миллионҳо доллари Бобак Занҷонӣ, ки дар Эрон ба ҳабси якумра маҳкум шудааст, мутаҳҳам карданд.
Ба ҷуз аз ҲНИТ ва Занҷонӣ, яке аз масъалаи муҳими робитаҳои ду кишвар қарзи Тоҷикистон аз нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” аст, ки ҳудуди 800 миллион долларро ташкил медиҳад.
Гуфтугӯ