Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодӣ Онлайн: Нозирони роҳ "аз ҳад гузарондаанд" ё ронандагон? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ин дафъа дар бораи ҷанҷоли як нозири Бозрасии Давлатии Автомобилӣ бо ронандае дар вилояти Суғд гап мезанем, ки баҳсҳоро дар бораи рафтори ҳарду доғ кард.

Рӯзи 13-уми октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он як нозири роҳ дар замин афтодааст ва захмист. Дертар дар пайванд ба ҳодиса ронанда Соҳиб Давлатзода дастгир шуд. Ӯро ба истифодаи зӯр ба муқобили намояндаи давлат муттаҳам карданд.

Таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад, баҳси корбарон дар бораи ронандагон ва рафтори нозирони роҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ. Яке аз корбарон ба номи мустаори "Нека" дар Ютуб чунин навиштааст: "Нозирони роҳ аз ҳад гузарондаанд. Бе ягон қонунвайронкунӣ медоранд ва ба пеши мошин мебароянд."

Маҳина дар Инстаграм низ маъмурони Бозрасии Давлатии Автомобилиро зери бори танқид гирифта, ба мисли "Нека" аз онҳо хостааст, эҳтироми худро нигоҳ доранд ва каме муомилаи хуб кунанд.

Баъзе аз корбарон навиштаанд, набояд ба ҳодиса якҷониба баҳо дод, чун ба бовари ин гуруҳ ронандагон ҳам моҳи беайб нестанд.

Миҷгона Достиева фикрашро дар Инстаграм чунин баён карда: "Агар ягонтои шуморо ронанда дашном диҳад, ё ягон чизатонро дар дохили таксӣ фаромӯш кунед, аз ҳамин кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ кумак мепурсед."

Корбари дигар дар Ютуб бо пуштибонӣ аз маъмурони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ гуфтааст, онҳо низ инсонанд ва касе ҳақ надорад, бо мошин занад ё кори дигар кунад.

Дар наворе, ки мақомот пахш карданд, дида мешавад, ки ронанда ва нозири роҳ баҳс доранд. Мақомот гуфтанд, ронанда мошинро муқобили самти ҳаракат гузошт ва бо талаби нозири роҳ ҳуҷҷаташро пешниҳод накард.

Як корбар бо насаби Худоёрбеков дар Инстаграм чунин навиштааст: "Агар нозири роҳ ҳуҷҷат пурсид, нишон деҳ, чаро нишон надодӣ ва қонунро вайрон кардӣ?"

Аммо Меҳроҷ ва “Фазик” назари дигар доранд. Онҳо тахмин мекунанд, ки баҳси байни нозири роҳ ва ронанда эҳтимол бар сари чизи дигар сар задааст. "Даъво барои пул надодан мешавад, барои чӣ мешуд дигар?" – навиштааст Меҳроҷ.

“Фазик” гуфтааст, "агар касе мошин дошта бошад, мефаҳмад, ки кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ чӣ хел бархӯрд мекунанд."

Таваккал дар Инстаграм пешниҳод кардааст, ки дар ҳама ҷой дурбини назоратӣ гузоранд ва теъдоди нозирони роҳро камтар кунанд, то баҳсу даъво байни онҳо камтар шавад. Ин дар ҳолест, ки дар пойтахти Тоҷикистон тарҳи шаҳри бехатар бо дурбинҳои назоратии бешуморе ҳаст, вале ҳамоно нозирони роҳ дар ҷодаҳо дида мешаванд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Нозирони БДА "аз ҳад гузарондаанд" ё ронандагон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG